Чаро дар Осиёи Марказӣ ба сатру риш "часпидаанд"?

Шаҳри Душанбе, 24-уми майи соли 2024

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як соли охир ба танзими либоси занону риши мардон дасту остин барзадаанд. Тоҷикистон либоси ба истилоҳ "бегона"-ро манъ кард. Қирғизистон дар фикри манъи либосҳоест, ки чеҳраи шахсро пинҳон медоранд. Аз он пеш Узбекистону Қазоқистон ҳам иқдом карда буданд. Ҳадаф чист?

Дар Қирғизистон то 28-уми сентябр ислоҳи қонуни ҳозира, ки маҳдудиятҳои диниро дар назар мегирад, ба баҳси умум гузошта шудааст. Тағйирот ба қонун аз сӯи Кумитаи умури дин пешниҳод шуда, пӯшидани либосҳоеро, ки ҳувияти шахсро пинҳон мекунанд, манъ кардааст.

Бо ин иқдом Бишкек ҳам ба корзори минтақаии маҳдудиятгузорӣ барои озодиҳои динӣ мепайвандад. Дақиқан як сол қабл дар аввали моҳи сентябр порлумони Узбекистон ислоҳоти ба ин монандро қабул кард. Моҳи июни имсол дар порлумони Қазоқистон низ пешнависи қонун дар бораи манъи пӯшидани либосҳои динӣ дар ҷойҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуд. Қарор аст ин тарҳи қонун дар ҷаласаҳои тирамоҳии порлумон муаррифӣ шавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар моҳи июни имсол қонунро “Дар бораи танзими ҷашну маросим” имзо кард, ки тибқи он овардан ва пӯшидани “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд.

Ҳарчанд қонуни манзур аз “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона”-ро рӯшан накардааст, тибқи изҳороти раисиҷумҳур ва амалкарди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, либосҳои исломии сатру ҳиҷоб мамнуъ шудаанд. Ба фарқ аз Қирғизистон, дар Тоҷикистон қонуни мазкур бидуни баҳсу баррасии ҷомеа қабул шуд.

Маҳдудиятгузорӣ ба русуми динӣ тақрибан дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамзамон иттифоқ меуфтад ва маъмулан моҳияти ғайрирасмӣ дорад. Барои маҳдуд кардани зоҳири бовармандон ҳеч чаҳорчӯби қонунӣ вуҷуд надошт. Худи қонун, ки мудохила дар ҳаёти хусусии мардумро дар бар мегирад, бо қонуни асосӣ ва меъёрҳои ҷаҳонӣ дар мухолифат қарор дорад. Бо вуҷуди ин, барои даст ёфтан ба ин ҳадаф дар Тоҷикистон ва Узбекистон созукори қонунӣ эҷод шуд.

Маҳдудият ё пешгирӣ аз ифротигарӣ?

Дар бемористоне дар Тоҷикистон занонро маҷбур доранд, ки сатри худро гиранд

Сиёсатшинос аз Душанбе мегӯяд, таҷрибаи даҳ соли охир нишон медиҳад, ки таҳдиди ифротишавии мардум дар ҳамаи кишварҳои минтақа вуҷуд дорад.

"Афзудани теъдоди мардум бо либосҳои исломӣ нишонгари он аст, ки рағбат ба дин дар ҳоли афзоиш аст. Аммо на ҳамаи онҳое, ки чунин либос мепӯшанд, моил ба ифротгароиянд. Ҳукуматҳои кишварҳои мо бо такя ба машварати доираҳои коршиносӣ ва ё тавсияи берунӣ фикр мекунанд, ки бо чунин маҳдудкуниҳо аз ифротгароӣ ҷилавгирӣ ва дунявиятро ривоҷ медиҳанд. Шояд ба шеваи мақомоти Чин дар вилояти Шинҷон такя мекунанд. Аммо, дар ҷомеаҳои исломӣ ин шева танҳо натиҷаи муваққатӣ дошта, дар дарозмуддат дарди сар эҷод мекунад," - мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи вай, иқдоми саркӯбгароёна боиси пайдо шудани ҳисси беадолатӣ дар бовармандон ва қувват гирифтани ифротгароӣ мегардад. "Ман бо коршиносоне, ки мегӯянд иқдоми умумии муассир вуҷуд надоранд ва ҳар давлат аз шеваҳои гуногун кор мегирад, ҳамфикр ҳастам. Дар мавриди Тоҷикистон. Таҷриба нишон медиҳад, ки фишор бар бовармандон, ҷавонони бештарро ба сӯи гурӯҳҳои террористӣ мебарад," - афзуд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Русия ин зодагони Тоҷикистонро дар ҳамла ба маҷмааи "Крокус" муттаҳам кардааст

Номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ду соли охир дар таркишҳо ё тарҳрезии онҳо дар Русия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Австрия ва Ҳолланд сари забонҳо уфтод.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар моҳи марти соли ҷорӣ дар дидор бо рӯҳониёни кишвар расман эълом кард, ки дар тайи 3 сол 24 шаҳрванди Тоҷикистон ба амалҳои террористӣ даст задаанд ё дар ин кор гумонзад дониста шудаанд.

"Муборизаи куҳна"

Иқдоми пешгиронаи кишварҳои минтақа маҳз дар пасманзари амалҳои террористӣ рӯйи даст гирифта мешаванд, аммо инро ба таври рӯшан иқрор намекунанд. Темур Умаров, пажуҳишгари умури Русия ва АвруОсиё дар Берлин мегӯяд, гузоштани маҳдудият ба зоҳири дингароӣ падидаи нав нест ва он дар даҳсоли аввали истиқлол дар Узбекистон таҷриба шуд.

Темур Умаров

"Хатари ифротгароии динӣ эҳсос мешавад — инфиҷор дар Русия, шарқи наздик ва Аврупо. Роҳбарони кишварҳои мо инро мустақим ба боло рафтани майли ҷомеа ба дин рабт медиҳанд (вале чунин нест). Ҷанбаи мусбати чунин маҳдудиятҳо ин аст, ки онҳо ба осонӣ иҷро мешаванд (ба осонӣ метавон рейд гузаронд ва теъдоди одамонеро, ки ҳиҷобашон кашида шуд, номнавис кард ва онро иқдоми пешгиронаи мубориза бо ифротгароӣ ном ниҳод)," -- шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи вай, низомҳои сиёсӣ дар минтақа бо ҳам хеле монанданд ва хеле аз таҷрибаҳо ва иқдомҳо ҳамзамон роҳандозӣ мешаванд (Намунаҳо: ислоҳоти Қонуни асосӣ, сиёсати забонӣ, назорати интернет, қонунгузорӣ дар мавриди "агенти хориҷӣ" ва ғайра).

Шеваи беасар?

Яке аз хиёбонҳои Душанбе

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ва Узбекистон пайваста ба заноне, ки либосҳои динӣ доранд ва мардони ришдор ҳамла мекунанд. Занонро дар идораи пулис маҷбур мекунанд, то аз пӯшидани либосҳои динӣ даст бикашанд ва риши мардонро ҳам мегиранд.

Ин маҳдудиятҳо, чун таҷриба нишон медиҳад, ҷилави шаҳрвандонро аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ намегирад. "Маҳдудият барои таҳсилоти динӣ дар кишвар якҷо бо иқдомҳои сахтгирона дар ин замина натиҷаи баръакс дод. Дар асри интернет, ҷавонони маҳрумшуда аз масҷид гирифтори иттилои вайронгар ва мағзшӯйҳо мешаванд. Равиш бояд дигар шавад ва мубориза бо нишонаҳои берунӣ ҳам бояд тағйир ёбад," - мегӯяд як сиёсатшинос аз Душанбе.

Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон барои муносибати табъизомез ва саркӯбгароёна аз сӯи созмонҳои Афви Байнулмилал ва Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузориши соли 2023 танқид шуданд.

Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ дар гузориши худ дар моҳи майи соли 2023 Тоҷикистонро дар шумори 17 кишвари бо “нигаронии хос" ҷой дод. Дар миёни чандин тавсияҳо ҳукумати Амрико пешниҳод кардааст, ки алайҳи ҳукумати ин кишварҳо бояд таҳримҳои ҳадафманд ҷорӣ шавад.