Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Намояндагон "ҳа" гуфт, бархе танқид карданд. Мавқеи Маҷлиси Миллӣ чист?


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 19-уми июн мавқеи худро нисбат ба тарҳи баҳсбарангези иловаҳо ба қонуни танзими ҷашну маросим маълум хоҳад кард. Манъи "воридот, фурӯш ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои иҷтимоӣ" яке аз тағйироти асосист.

Ин тарҳи қонунро пас аз мулоқоти президенти Тоҷикистон бо рӯҳониён дар моҳи марти имсол ба порлумон пешниҳод кардаанд. Маҷлиси Намояндагон онро пазируфт ва сабаби вокунишҳои зиёд дар дохилу беруни ҷумҳурӣ шуд.

“Набояд чунин тарҳҳоро қабул кунанд”

"Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму оини либоспӯшӣ ... истиқлоли фикрӣ, ҳуввияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад," – гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми март.

Мувофиқати вакилон бо тарҳи қонун дар моҳи май маҳкумияти Иттиҳоди уламои Ислом ва эълони “ҷиҳод” аз сӯи баъзе рӯҳониёни тундравро дар Афғонистон дар пай дошт. Бархе чеҳраҳои динӣ, кормандони мақомот, устодони донишгоҳ ва блогерон дар Тоҷикистон ба ин даъватҳо вокуниш карданд.

Абдуллоҳ Оқилзода, рӯҳонии ҷавони тоҷик, сабаби вокуниши ҷомеаро ба он пайванд дод, ки “ҳиҷоб барои зани мусалмон як тикка латта нест”. “Ба сароҳат мегӯям, ки вокунишҳои носанҷидаву эҳсосотии хориҷро ба ин масъала қабул надорам. Вале як воқеият бояд гуфта шавад, ки набояд масъулон бо қабули чунин тарҳҳо боис ба эҷоди вокунишҳо дар ҷомеаи дохил ва хориҷи кишвар гарданд,” – афзуд ӯ.

Мақомот соли 2018 пӯшидани ин навъ либосҳоро ба занон тавсия дода буданд
Мақомот соли 2018 пӯшидани ин навъ либосҳоро ба занон тавсия дода буданд

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, фаъоли шаҳрвандӣ ва раҳбари ҷомеаи сабтношудаи зардуштиён дар Тоҷикистон, бар ин аст, ки “аслан ҳадафи тағйирот бад нест”, вале “қабл аз тасвиби он бояд як маъракае барои дар зеҳни мардум ҷо карданаш роҳандозӣ мешуд”.

"Ман гумон мекунам, як кумисюне ташкил шавад, ки навъу намуди либосҳои миллиро аз ҳама минтақаҳо, ки аз сатр камӣ надоранд, сурат бигиранд, дар шакли маникен ба ҷомеаи маданӣ, ҳамзамон ба ҷомеаи кишварҳои мусалмонӣ нишон бидиҳанд," – идома дод ӯ.

“Ҳама чиз бояд аз нухбагон сар шавад”

Бархе таҳлилгарони умури дин сабаби ба чунин вокунишҳо рӯ ба рӯ шудани ин тасмимро пойбанд набудани худи кормандони ҳукумат ба иловаҳои нав медонанд.

Таҳлилгар Фаридун Ҳодизода гуфт: “Фикр мекунам, инҷо ҳукумат пеш аз ҳама бояд нисбат ба худаш кор кунад. Яъне, коргарони ҳукуматро розӣ кунонад, ки занҳои онҳо низ бе сатр гарданд. Ҳама чиз бояд аз нухбагон сар шавад. Онҳо бояд намуна шаванд. Дар ҳамсоягии мо корманди қудратие ҳаст, ки ба дунболи заноне мегардад, ки ин гуна либос доранд, аммо зани худаш ҳам сатрпӯш аст."

Гузориши видеоиро дар инҷо инҷо бинед:

Вокунишҳо дар дохилу берун ба "қонуни миллӣ"-и Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00

Ҳукумати Тоҷикистон ҳадафи тағйиротро ба модаи 18-и қонуни танзими ҷашну маросим, ки "овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ" манъ мекунад, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ аз ифротгаройӣ медонад.

Бархе фаъолон ва шаҳрвандон мегӯянд, ҳадаф бештар пӯшиши исломӣ ё ба истилоҳ “сатру ҳиҷоб” аст ва дахолати давлат дар корҳои шахсии мардум. Маҷлиси Намояндагон тарҳро рӯзи 8-уми май пазируфт. Дар сурати ризояти Маҷлиси Миллӣ ва имзои раиси ҷумҳур он ба иҷро медарояд.

Қонуни пурсару садои “Дар бораи танзими ҷашну маросим” соли 2007 пазируфта шуд. Таблиғгарони ҳукумат онро “қонуни миллӣ” ном мебаранд, чун аз назари онҳо дар таҷрибаи ҳуқуқии кишварҳои дигар намуна надорад. Мухолифон танқид мекунанд, ки ҳукумат ба воситаи ин қонун ба зиндагӣ, ҷайб ва аз ному насаб то ба масоҳати дасторхону гӯру чӯби мардум дахолат кард.

XS
SM
MD
LG