Нилуфар Раҷабова, зани ҳиҷобпӯше, ки аз хушунат ва озори пулис ба ӯ хабар дод ва барои "майдаавбошӣ" ҷарима шуд, мегӯяд, ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурдааст.
Хонум Раҷабова, ки духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) аст, чанд рӯз пеш ба расонаҳо гуфт, ки дар як амалиёти мақомот ба "зидди сатр" боздошт ва сипас дар идораи пулис таҳқиру таҳдид шуда аст.
Рӯзи 18-уми декабр Додгоҳи ноҳияи Сино ӯро дар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне майдавбошӣ 550 сомонӣ ҷарима кард. Вале ин зани ҷавон иддао мекунад, ки гуноҳе надорад ва баръакс азияту таҳқир шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳуқуқдонҳои Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар ин қазия аз ӯ дифоъ мекунанд. Нилуфар Раҷабова мегӯяд, шикояташро рӯзи 19-уми декабр дар додситонӣ қабул карданд.
Ба гуфтаи Нилуфар Раҷабова, дар мурофиаи рӯзи 18-уми декабр дар додгоҳ ба ӯ гуфтаанд, ки "ту бояд аз рӯи қонун муҷозоти сахт бигирӣ, аммо ду фарзанди маъюб дорӣ, диламон ба ҳамон фарзандҳоят сӯхт ва ба ҳамин хотир туро 550 сомонӣ ҷарима кардем. Ман дигар гап надоштам, ман дар ҳайрат мондам. Чаро ман ҷабрдидаву боз гуноҳро ба сари ман заданд?".
Вазорати умури дохилӣ рузи 19-уми декабар бо нашри хабаре дар торнамояш навишт парвандаи Нилуфар Раҷабова бар пояи шикояти "шаҳрванд Раъно Абдуллоева" барои "суханони қабеҳи таҳқиромез" ба додгоҳ ирсол шуд. Дар ин иттилоия ба боздошти Раҷабова ва бурдани ӯ ба шӯъбаи пулис, ишорае нашудааст. Раъно Абдуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Сино аз сӯҳбат дар ин бора бо Радиои Озодӣ худдорӣ кард.
Вазорат навишт, ки Нилуфар Раҷабова ба гуноҳаш пурра иқрор карда, ҷаримаро ихтиёран пардохтааст. Аммо ин зани ҷавон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст, чун ҷое кор намекунад ва нафақаи 540-сомоние, ки барои ду кӯдаки бемораш мегирад, ҳатто барои табобати онҳо кофӣ нест.
Ба гуфтаи Нилуфар, ӯ бо се фарзанд дар хонаи падар зиндагӣ мекунад ва ду кӯдакаш ба бемории шикасти устухон гирифторанд ва худи ӯ рӯзҳои аввали ин бемориро пушти сар мекунад. Вай афзуд, аз боздошту ҷарима шуданаш аз сӯи додгоҳ сахт нороҳат аст ва шикояташ ба додситонӣ ҳам талоше барои собит кардани бегуноҳияш дар ин қазия аст.
Нилуфар Раҷабова духтари Раҳматулоҳи Раҷаб, яке аз 13 узви раёсати олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст, ки соли 2015 боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон чаҳор сол пеш фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ ва онро террористӣ эълом кард. Раҳбарияти ҳизб дар хориҷа ин айбномаро ҳамвора сохтаву бепоя ва баҳонае барои берун кардани ин созмон аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон медонанд.
Ин зани ҷавон дар ҳоле барои доштани рӯсарӣ ба идораи пулис бурда шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша вуҷуди ҳамагуна амалиёту боздошт барои пӯшидани сатрро рад мекунанд.
Аммо чанд соли ахир назоратро аз болои либос ва намуди зоҳирии сокинон сахттар карда, аз ҷумла, барои донишомӯзону кормандони идораҳои давлатӣ пӯшидани либоси мазҳабиро манъ кардаанд. Худи Нилуфар Раҷабова мегӯяд ҷарима шуданаш бо гуноҳи майдаавбошӣ баъди он сурат гирифт, ки қазияи худро расонаӣ кард.
Созмонҳои байналмилалӣ борҳо аз боздошту бозпурсии пайвандони фаъолони сиёсӣ аз мақомоти тоҷик хостаанд, ки фишор алайҳи хонаводаҳои онҳо дар кишварро қатъ кунанд. Ин ниҳодҳо менавиштанд, истифодаи пайвандони аъзои гурӯҳҳои сиёсӣ ҳамчун гаравгон ба хотири тарсондан ва бастани даҳони мунтақидони ҳукумат, ҳуқуқи аслии инсонро поймол мекунад ва баёнгари таҳаммулнопазирии ҳукумат дар баробари дигарандешист.