"Овозаи Рустам беҳ аз Рустам"? Чаро даҳҳо имтиёз низ шаҳрдори ҷавонро комёб намекунанд?

Рустами Эмомалӣ аз соли 2017 шаҳрдори Душанбе ва аз соли 2020 раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аст

Таҳқиқи кӯтоҳи Радиои Озодӣ дар бораи мушкилоти зиёди шаҳри Душанбе бо вуҷуди имтиёзҳои бешумори ҳукумат ба шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои пойтахти Тоҷикистон.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2024 барои шаҳрдории Душанбе, ки роҳбараш Рустами Эмомалӣ, писари президент Эмомалӣ Раҳмон аст, имтиёзҳои зиёди андозию гумрукӣ дод. Ҳеч яке аз шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ин гуна имтиёз надоранд. Ҳамчунин аз миёни тамоми иттиҳодияҳои варзишӣ дар Тоҷикистон, ҳукумат танҳо ба Федератсияи футбол имтиёз додааст, ки роҳбари он ҳам Рустами Эмомалӣ мебошад.

Писари президенти Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2017 шаҳрдори Душанбе ва аз соли 2020 раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон аст.

ИМТИЁЗ ДАР СОЛИ 2024

Бар асоси қонуни буҷаи соли 2024, воридоти маҳсулоти зерин барои шаҳри Душанбе аз боҷи гумрукӣ пурра озод шуда, аз онҳо фақат ними андоз (молиёт) ситонида мешавад:

  • техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, автобусҳо;
  • Корхонаи воҳиди давлатии "истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе" ҳангоми фурӯши молҳои озуқаворӣ ва воридоти маҳсулот;
  • мазути камсулфур барои эҳтиёҷи "Маркази барқу гармидиҳӣ"-и шаҳри Душанбе. Таъмини ин марказ бо ангишт низ монополияи ширкатҳои наздик ба сардори давлат аст. Худи он дар ихтиёри ширкати давлатии "Барқи тоҷик" аст;
  • сохтмони меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ", воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе. Сохтмони ин меҳмонхона соли 2006 оғоз шуда, 18 сол боз идома дорад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳар сол барои бунёди ин меҳмонхона сабукӣ медиҳад. Қаблан хабаргузории "Азия-Плюс" навишта буд, ки фармоишгари сохтмони меҳмонхона Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буда, ба сохтмони он ширкати "Исмоили Сомонӣ - асри XXI" машғул аст. Ба навиштаи "Азия-Плюс", раиси ширкат Раҳматулло Саъдуллоев, додарарӯси президент ва бародари Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк", аст.
  • сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе. Сохтмони ин театр соли 2015 оғоз шуда, маълум нест, кай ба итмом мерасад;
  • воридоти дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ барои шинондан дар боғҳо ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахт;
  • воридоти битуми тамғаи ДНД 60/90 барои Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳсоз"-и шаҳри Душанбе.

Сохтмони меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ" солҳо боз идома дорад

Пуле, ки аз ҳисоби ин имтиёзҳо ба буҷа ворид намешавад, маълум нест. Аммо як санади ёфтаи Радиои Озодӣ нишон медиҳад, ки фақат ба Корхонаи воҳиди давлатии "истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе" иҷозат додаанд, ки маҳсулоти зеринро бе супоридани боҷи гумрукӣ ба кишвар биоранд:

  • 50 ҳазор тонна шакар;
  • 15 ҳазор тонна равғани растанӣ;
  • 100 ҳазор тонна гандум;
  • 10 ҳазор тонна орд;
  • 2 ҳазор тонна биринҷ.

Мақомот пештар гуфтанд, ин имтиёзро барои он ба шаҳрдории Душанбе додаанд, ки нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои пойтахт арзонтар бошад. Вале гузоришҳои Барномаи озуқаи Созмони Милал нишон медиҳад, ки нархи маҳсулот дар бозорҳои пойтахт аз минтақаҳои дигар ё фарқ намекунад ё ҳатто гаронтар аст.

Аз ҷумла, нархи як кило шакар дар Душанбе ба ҳисоби миёна 11,2 сомонӣ аст, ки тақрибан ба нархи ин маҳсулот дар минтақаҳои дигар баробар аст. Танҳо нархи шакар дар бозори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон назар ба Душанбе гаронтар аст. Нархи як литр равғани растанӣ, ки бо сабукии андозӣ ба бозорҳои Душанбе ворид мешавад, 17,6 сомонӣ будааст. Ҳол онки нархи як литр равған дар Бохтар 14, Кӯлоб 14,8 ва дар Хуҷанд 15 сомонӣ аст.

Яке аз бозорҳои Душанбе

ТАВАҶҶУҲ АЗ ДАНҒАРА БА ДУШАНБЕ?

Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки соли 2024 ба ҳеч яке аз шаҳру ноҳияи Тоҷикистон чунин имтиёзҳо надодаанд. Дар гузашта имтиёзҳои хос ва буҷаи бештар ба ҳукумати ноҳияи Данғара дода мешуд. Ба навиштаи расонаҳо, буҷаи он ба буҷаи 13 ноҳияи дигари вилояти Хатлон баробар буд. Акнун таваҷуҳи хос ба Душанбе тамаркуз ёфтааст.

Бино бар омори расмӣ, чунин имтиёзҳои фаровон ба шаҳри Душанбе пеш аз таъин шудани Рустами Эмомалӣ дода намешуданд. Аз ҷумла, соли 2016, як сол қабл аз раиси шаҳри Душанбе таъйин шудани Рустами Эмомалӣ, ҳукумат фақат воридоти нақлиёти мусофирбар, мазут барои “Маркази барқу гармидиҳӣ” ва масолеҳ барои сохтмони меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” аз пардохти андоз озод шуда буд.

Ҳамчунин, имсол барои Федератсия футболи Тоҷикистон сабукӣ додаанд. Ҳамин тавр, ФФТ ва дастаҳои футбол фақат ними андоз аз молу мулкро месупоранд. Инчунин, мураббиёну бозигароне, ки аз хориҷи кишвар ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба андозаи 50 дарсад озод ҳастанд.

Ҳисор, соли 2012

Дар Тоҷикистон 43 иттиҳодия ё федератсияҳои варзишӣ амал мекунанд. Аммо ба ҷуз аз Федератсияи футбол, ки аз соли 2012 роҳбараш Рустами Эмомалӣ аст, ба ягон иттиҳодияи варзишии дигар сабукиҳои андозию гумрукӣ дода нашудааст. Ин имтиёз аз соли 2019 барои Федератсияи футбол дода мешавад ва баъди он ҳамасола идома мекунад. Муҳлати охири имтиёз ба Федератсияи футбол ва тимҳои футбол кишвар маълум нест.

Нарзулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, 15-уми феврал гуфт, бар асоси Кодекси нави андоз, имтиёзҳои андозии иловагӣ наметавонад аз 5 сол зиёд давом кунанд. Вале дар мавриди шаҳри Душанбе ва баъзе аз ширкату ниҳодҳои наздикони президент Эмомалӣ Раҳмон ин қоида амал намекунад. Аз ҷумла, имтиёзҳои озодӣ аз андозу пардохтҳо барои сохтмони меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” беш аз 15 сол боз идома доранд ва соҳаҳои хеле дуртар аз бинокориро низ фаро гирифтаанд.

КӢ БОҒ СОХТУ КӢ ВАРЗИШГОҲ?

Додани сабукӣ барои шаҳрдории Душанбе ягона имтиёзи ҳукумат барои Рустами Эмомалӣ Раҳмон нест. Соли 2017 бо таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби як қарор 48 вазорату идораҳоро муваззаф намуд, ки дар шаҳри Душанбе майдончанҳои варзишӣ бунёд кунанд.

Ҳатто идораву вазоратҳое, ки корашон ба сохтмон ва меъморӣ ҳеч рабт надорад, дар шаҳри Душанбе майдони варзишӣ, роҳ ва ё майдони бозии кӯдаконро бунёд карданд. Инчунин ҳукумати вилояти Суғд вазифадор шуд, ки Боғи ба номи Садриддин Айниро бозсозӣ кунад ва онро моҳи ноябри соли 2017 ифтитоҳ карданд. Бо пули ҳукумати вилояти Хатлон Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии Душанберо навсозӣ карданд.

Расонаҳои давлатӣ фаъолияти Рустами Эмомалиро ба таври густарда тавсиф мекунанд ва аз ӯ ҳамчун як мудири муваффақ ном мебаранд. Аммо мунтақидонаш ин муваффақияти Рустами Эмомалиро дар курсии шаҳрдори Душанбе зери суол мебаранд ва як далелашон шикояти сокинони пойтахт аз қатъи барқу гармӣ дар рӯзҳои сард аст.

Аз охири моҳи феврали имсол дар пойтахт интиқоли барқ бонавбат дар маҳаллаҳо қатъ мешавад. Солҳои гузашта дар пойтахт “лимит”-и барқ набуд. Дар зимистони 2023-24 чандин нафар, аз ҷумла ду оила дар шаҳри Душанбе аз заҳри ангиштсӯзӣ, ки бино бар бебарқӣ сурат гирифта буд, ба ҳалокат расиданд.

Гӯшае аз Душанбе

Чанд рӯзи охир дар чанд минтақаи шаҳри Душанбе оби ошомиданӣ нест ва на шаҳрдорӣ ва на ниҳоди дигаре сокинонро аз қатъ шудани об пешакӣ огоҳ накардаанд. Ин ҳам маълум нест, касе барои ин ҳама бесарусомониҳо ҷазое мегирад ё на? Дар рӯзҳои барфи калон дар Душанбе расонаҳои давлатӣ Рустами Эмомалиро нишон доданд, ки бо кормандони хадамоти коммуналӣ дар кӯчаи пурбарф ҷаласа баргузор кард, то мушкил бартараф гардад.

Бархеҳо Рустами Эмомалиро ҷойгузини падараш дар курсии президентӣ медонанд. Феълан Рустами Эмомалии 37-сола амалан шахси дуввуми ҷумҳурӣ аст ва дар сурати истеъфо, фавт ё бемории президент ҷойгузини ӯ мешавад. Ӯ қаблан дар мақомҳои сардори Хадамоти гумрук ва мудири Оҷонсии мубориза бо фасод кор кардааст.

Ба ғайр аз шаҳрдории Душанбе ва Федератсияи футбол, солҳои гузашта ҳукумат ба ширкатҳои марбут ба наздикони Рустами Эмомалӣ ҳам сабукиҳои андозӣ додааст. Аз ҷумла, соли 2021, ҳукумати Тоҷикистон "Мармарӣ", ширкати азимеро, ки дар ҷануби кишвар ба парвариши чорво ва мурғ машғул аст, ҳафт сол аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод кард. Кандукови Радиои Озодӣ нишон дода буд, ки ин ширкатро шахсони наздик ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон, роҳбарӣ мекунанд. Мақомот дар ин маврид ҳеч ишорае накардаанд.

Сандуқи Байнулмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ қаблан дар гузоришҳои худ гуфтаанд, ки имтиёз додан ба ширкатҳои алоҳида таҷрибаи хуб нест, чун рақобати носолимро ба вуҷуд оварда, буҷаи кишварро аз даромад маҳрум мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ II ё мансаби нави Рустами Эмомалӣ дар рушди сиёсии Тоҷикистон чӣ маъно дорад?