Баъд аз марги Рамазон Зоиров чаҳор ҳамхидмати ӯро дастгир кардаанд

Акс аз бойгонӣ

Дар робита ба марги сарбози қисми низомии "87740"-и Вазорати дифои Тоҷикистон, Рамазон Зоиров, чаҳор ҳамхидмати ӯро дастгир кардаанд.

Ҷасади Рамазон Зоировро охири моҳи июл ба волидонаш дар ноҳияи Рӯдакӣ супурданд. Мақомот мегӯянд, ӯ тасодуфан худро паррондааст, вале хонаводааш бовар надоранд.

Як муфаттиши Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон рӯзи 11-уми август боздошти чаҳор сарбозу афсари қисми низомии "87740"-и Вазорати мудофиаро тасдиқ кард, вале ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни таҳқиқот номи аскаронро нагуфт. Вай афзуд, "онҳо ба суистифода аз мақоми хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва вайрон кардани қоидаҳои оиномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ муттаҳаманд."

Сарбозони дастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва дар сурати тасдиқи ин иттиҳомот ба онҳо аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба сабаби маълум набудани номи сарбозони боздоштшуда ёфтани наздиконашон ва, ҳамин тавр, фаҳмидани мавқеи онҳо то ин дам муяссар нашуд.

Қиёмиддин Зоиров, падари Рамазон Зоиров, мегӯяд, рӯзи панҷшанбеи гузашта ӯро ба Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон даъват карда, аз боздошти чаҳор нафар дар робита ба марги писараш огоҳ намудаанд. Вай аз қавли муфаттишон гуфт, "то анҷоми хидмати ин чаҳор нафар ду моҳ монда будааст. Онҳо гуё ба Рамазон фишор овардаанд ва кор ба марги фарзанди ман кашида шудааст."

Вай афзуд, "муфаттишон пурсиданд, ки Рамазон дар суҳбатҳои телефонӣ бо хонавода аз рафтори куҳнасарбозон шикоят мекард ё не, ман гуфтам, ки не."

Мақомот ҳангоми ба волидонаш додани ҷасади Рамазон Зоиров гуфтаанд, ӯ ҳангоми бозӣ бо силоҳ ногаҳон ба худ тир зад ва дар роҳ ба бемористони ҳарбӣ фавтид. Падараш мегӯяд, масъулони қисми ҳарбӣ низ дар номае сабаби марги Рамазонро "ҳодисаи нохуш" навиштаанд.

Қаблан сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "дар гузашта ҳам ҳодисаи аз беэҳтиётӣ фавтидани сарбозон сабт шудааст. Онҳо бо силоҳ бозӣ мекунанд ва ҳар лазҳа тирдонро кушодаву маҳкам мекунанд, вале волидон ба ин ҳодисаҳо шубҳа мекунанд."

Аммо Қиёмиддин Зоиров мегӯяд, бо вуҷуди таъкидҳои мақомот, ки ҷасади сарбоз шустааст ва бояд зуд дафн карда шавад, ӯро дубора шустанд ва диданд, ки "тир аз пушташ зада шудааст" ва он вақт шубҳаашон ба тасодуфӣ будани ҳодиса бештар шуд.

Муфаттиши Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон гуфт, ҳоло ҳодисаро ҷиддан таҳқиқ доранд ва сабаби аслии марги сарбоз маълум ба зудӣ карда хоҳад шуд.

Барои дифоъ аз хонаводаи сарбоз созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" вакили мудофеъ додааст.

Рамазон Зоирови 22-соларо соли гузашта ба аскарӣ бурдаанд ва ӯ дар қисми низомии "87740"-и Вазорати дифоъ дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон хидмат мекард.

Марги сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи тартиботу қонун масъалаи нав нест. "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, аз соли 2015 то 2019 ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст.

Моҳи июни соли гузашта Додгоҳи ҳарбии Хатлон сарбоз Мӯҳсинхӯҷа Султоновро, ки дар қатли ҳамхидматаш Ҳасан Каримов айбдор дониста мешуд, ба 10 соли зиндон маҳкум намуд. Моҳи ноябри соли 2018 Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Боқизодаи 20-соларо барои аз беэҳтиётӣ паррондани ҳамхидматаш Алӣ Мирзоеви 26-сола аз озодӣ маҳрум кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!