Рӯзи 7 сентябр дар наздикии шаҳри Донетск дар шарқи Украина садои тӯпборони шадид шунида мешуд ва дуди сиёҳе ки ба осомон баланд мешуд, ба отши гумонҳо дар бораи эҳтимоли баъди ҳамагӣ камтар аз ду рӯз вайрон шудани оташбаси байни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия равған мерезад.
Тӯпборон аз самти фурудгоҳи Донетск, ки дар дасти нирӯҳои давлатии Украина қарор дорад, ба гӯш мерасид. Ин фурудгоҳ аз моҳи май ба ин сӯ дучори ҳамлаҳои пайвастаи ҷудоиталабоне мешавад, ки маркази вилояти Донетскро тасарруф кардаанд.
Ҷангиёни ҷудоиталаб рӯзи 7 сентябр иддао карданд, ки нирӯҳои давлатӣ фурудгоҳи Донетскро холӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, даргириҳо дар як пойгоҳи низомии воқеъ дар наздикии фурудгоҳ сурат гирифтаанд.
Шаби гузашта, оташбаси эълоншуда дар шаҳри бандарии Мариупол дар соҳили баҳри Азов, ки таҳти назорати нирӯҳои давлатӣ қарор дорад, ҷиддан поймол шудааст. Бино ба хабарҳо, нирӯҳои давлатӣ дар Мариупол таҳти оташи тӯпхонаҳо ва мушакҳои “Град” қарор гирифтаанд.
Шоҳидон дар Мариупол аз тариқи телефон ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтаанд, ки садои таркишҳои сангин аз каноораҳои шарқии шаҳр, маҳалли хутути дифоие, ки нирӯҳои Украина ба хотири муқобила ба ҷудоиталабони рӯ ба Русия дуруст кардаанд, ба гӯш мерасид.
ББС рӯзи 7 сентябр гузориш дод, ки ҳарду ҷониб алайҳи якдигар дар ҷабҳаи Мариупол аз оташи тӯпхонаҳо истифода бурдаанд. ББС ҳамчунин гузориш дод, ки ин бандари муҳим аз тарафи ҷудоиталабон муҳосира шудааст.
Қарордоди оташбас байни Украинаву Русия ва ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Маскав рӯзи 5 сентябр дар Минск, пойтахти Беларус ба имзо расид. Ҳадаф аз ин тавофуқ поён додан ба хунрезиҳоест, ки аз аввалҳои моҳи апрел ба ин сӯ дар вилоятҳои умдатан русзабони Донетску Луҳанск идома дорад.
Дар музокироти Минск ҳамчунин дар мавриди берун кашидани силоҳҳои сангин, раҳоии тамоми асирону маҳбусон ва боз кардани роҳҳои расондани кумакҳои башарӣ ба манотиқи ошӯбзадаи шарқи Украина тавофуқ шуда буд. Аммо раҳбарони кишварҳои Ғарб дар мавриди пойбандии Русия ба тааҳҳудоти дар Минск супурдааш изҳори нохушбинӣ мекунанд.
Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко рӯзи 6 сентябр бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар як тамоси телефонӣ гуфтаанд, ки оташбаси рӯзи 5 сентябр эълоншуда асосан риоя мешавад, вале зоҳиран мавридҳои парокандае ҳаст, ки онро поймоил мекунанд. Ҳарду ҷониби низоъ якдигарро дар поймол кардани оташбас айбдор мекунанд. Дафтари Порошенко гуфт, мавзӯи асосии сӯҳбати телефонии ӯву Путин роҳҳои “додани табиати собит” ба ин оташбас буд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Twitter хабар дод, ки кормандонаш рӯзи 6 сентябр талош кардаанд, то ба шаҳри Луҳанск кумакҳои башрӣ бирасонанд, вале дар шимолушарқи ин шаҳр таҳти оташ қарор гирифта, маҷбур шудаанд, ки пас бигарданд. Салиби сурх дар бораи ин қазия тафсилоти зиёд надодааст.
Дар вилоятҳои аз нигоҳи саноатӣ қавии Донетску Луҳанск 6,5 миллион аз 47 миллион аҳолии Украина ба сар мебаранд. Тақрибан нисфи онҳоро русзабонҳо ташкил медиҳанд. Ҷудоиталабон дар ин ду минтақа бо таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” ва муттаҳид кардани ҳарду дар “иттиҳод”-е бо номи “Новороссия” талаби мустақилият аз Украина ва пайвастан ба Русияро доранд. Ба ҳисоби СММ, тайи 5 моҳи низоъи мусаллаҳона дар шарқи Украина беш аз 2600 нафар кушта ва садҳо ҳазор бехонавудар шудаанд.