Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"План"-и Путин барои Украина (ВИДЕО)


Путин ва Порошенко (комбо)
Путин ва Порошенко (комбо)

Украинаву Русия мегӯянд, ки руасои ин ду ҷумҳурӣ дар як сӯҳбати телефонӣ роҳҳои истиқрори оташбас дар вилоятҳои ошӯбзадаи шарқи Украина баррасӣ кардаанд. Путин гуфт, алакай нақшаи оташбасро кашидааст.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия рӯзи 3 сентябр дар анҷоми сафараш ба Муғулистон ба хабарнигорон "нақшаи сулҳ"-и кашидааш барои ҳалли бӯҳрони Украинаро муаррифӣ кард. Бино ба гузориши сомонаи расмии Кремл, ин "нақшаи сулҳ" аз 7 банд иборат аст:

1. Қатъи амалиёти фаъолонаи таҳоҷумии нирӯҳову гурӯҳҳои мусаллаҳ, чирикиҳои ҷанубушарқи Украина дар самти Донетску Луҳанск.

2. Дур бурдани воҳидҳои нирӯҳои қудратии Украина ба масофае, ки тӯпборони манотиқи аҳолинишинро аз тӯпзонаҳо ва васоили дигари тӯпборон номумкин гардонад.

3. Назорати комилу холиси байналмилалӣ бар ҷараёни риояи оташбас ва назорати вазъ дар минтақаи амниятие, ки сохта мешавад.

4. Қатъи истифодаи авиатсияи ҷангӣ алайҳи мардуми мулкӣ ва нуқтаҳои аҳолинишин дар минтақаи ниизоъ.

5. Ташкили табодули афроде, ки зӯран нигоҳ дошта мешаванд, тибқи формулаи " ҳамаро - ба ҳама" ва бидуни кадом шарти пешакӣ.

6. Кушодани коридорҳои башарӣ барои ҳаракати фирориҳо ва расондани кумакҳои башарӣ ба шаҳрҳо ва нуқоти дигари аҳолинишини Донбасс - вилоятҳои Донетск ва Луҳанск.

7. Таъмини имкони ирсоли бригадаҳои тармимгар ба нуқоти осебдидаи Донбасс барои эҳёи иншооти харобшудаи иҷтимоиву ҳаётӣ ва ироаи кумак ба онҳо дар амри омодагӣ ба зимистон.

Путин рӯзи 3 сентябр қаблан гуфт, умедвор аст, ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳон дар музокироти рӯзи 5-уми сентябр дар бораи оташбас ва барномаи хотимаи ҷанг ба созиш мерасанд. Владимир Путин рӯзи 3 сентябр гуфт, ки ҳарду тараф бояд тибқи созиши оташбас “амалиётҳои фаъоли ҷангӣ”-ро бас кунанд ва нерӯҳои Украина ҳамла бо тӯпхонаҳо ба мардуми мулкиро хотима диҳад. Ӯ афзуд, нерӯҳои давлатии Украина ҳамчунин бояяд аз минтақаҳое ақибнишинӣ кунанд, ки аз онҷо метавонанд, ғайринизомиёнро ҳадаф бигиранд.

Владимир Путин ба хабарнигорон гуфт, ҳангоми парвоз ба Муғулистон ва баъди сӯҳбати телефонӣ бо Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина барномаи ҳафтбандии оташбасро кашидааст. Ӯ афзуд, ки назари ҳарду тараф дар робита ба пайдо кардани роҳҳи ҳалли муноқиша бисёр наздик будааст. Ба қавли раисиҷумҳури Русия, созиши оташбас табодули асирон, боз кардани гузаргоҳ барои расонидани кӯмакҳои башарӣ ва назорати байналмилалии ин созишро дар бар мегирад.

Қаблан Украинаву Русия хабар доданд, ки руасои ин ду ҷумҳурӣ Петро Порошенко ва Владимир Путин дар як сӯҳбати телефонӣ роҳҳои оташбас дар вилоятҳои ошӯбзадаи шарқи Украинаро баррасӣ кардаанд. Дар айни замон, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки бо сафаре дар Эстония қарор дорад, гуфт, оташбас дар шарқи Украина танҳо замоне кор хоҳад дод, ки агар Русия "иддааоҳо" дар бораи гӯё даст надоштанаш дар ин низоъро бас кунад.

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко рӯзи 3 сентябр бо нашри як баёния гуфт, ки ӯву Путин ҷиҳати оташбаси доимӣ дар шарқи Украина тавофуқ кардаанд. Аммо баъдан ин баёнияро бо изҳороти наве иваз карданд, ки мегцфт, ду раисиҷумҳур "дар мавриди режими оташбас" даст ба тавофуқ ёфтаанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Путин гуфт, ду раҳбар қадамҳои баъдиро баҳс кардаанд. Вале ӯ даст ёфтани ҳарду ба кадом тавофуқеро рад кард ва гуфт, "Русия дар ин низоъ ширкат надорад."

Барак Обама аммо дар Эстония бори дигар аз "таҷовузи Русия алайҳи Украина" сӯҳбат кард ва пойбандии Амрико барои кумак ба таҳкими амнияти шарикони НАТО дар Аврупои шарқиро такрор кард.

Сӯҳбатҳои дар бораи имкони оташбас дар шарқи Украина дар ҳолест ки тайи тақрибан 5 моҳи даргириҳо байни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нирӯҳои давлатии Украина дар вилоятҳои бо Русия ҳаммарзи Донетску Луҳанск, ба ҳисоби СММ, беш аз 2600 нафар кушта шудаанд.

Дар ҳар сурат ҳатто агар даст ба тавофуқ ёфтани Путин ва Порошенко дар мавриди "оташбаси доимӣ" ё ҳатто "режими оташбас" дар Луҳанску Донетск воқеият дошта бошад, ҳанӯз маълум нест, ки ин "оташбас" дар шарқи Украина чӣ шартҳоеро фаро мегирад ва кай ҷорӣ хоҳад шуд?

Путин ва Порошенко бори аввал рӯзи 26 август дар ҳошияи як нишаст дар Минск вориди музокироти мустақим шуданд. Аммо вазъи шарқи Украина баъди он дидор баракс рӯ ба вахомат овард ва сарони Украина, бо шумули Порошенко, аз рӯирост шудани дахолати артиши Русия дар ин низоъ ва ошкоро аз тарафи ҷудоиталабон ҷангидани нирӯҳои русӣ бонги изтироб заданд. Ҳузури низомиҳои Русия дар Украинаро паймони НАТО ва кишварҳои ғарбӣ низ тасдиқ мекунанд.

Вале худи Русия ин иддаоро башиддат рад карда, матбуоташ ақибнишиниҳои ахири нирӯҳои Украина дар шарқи он кишварро натиҷаи пешрафтҳои ҷудоиталабон ба қалам медиҳад. Нирӯҳои Украина дар чанд рӯзи охир маҷбур шуданд, аз фурудгоҳи Луҳанск, шаҳрҳои Иловайск, Новоазовск ва чандин нуқтаи дигари муҳим ақиб бинишинанд.

Владимир Путин рӯзи 31 август дар мусоҳиба бо шабакаи аввали телевизиони Русия хостори шурӯъи билофосилаи музокирот пиромуни, ба гуфтаи ӯ, низоми давлатдорӣ дар ҷанубушарқи Украина шуд.

Дар ин қисмати Украина тақрибан нисфи аҳолиро русзабонҳо ташкил медиҳанд, ки ҳоло бо таъсиси "Ҷумҳурии мардумии Донетск" ва "Ҷумҳурии мардумии Луҳанск" ва муттаҳид кардани ҳарду дар иттиҳоде бо номи "Новороссия" даъвои мустақилият кардаанд.

Киев мӯътақид аст, ки эҳсосоти ҷудоиталабӣ дар вилоятҳои умдатан русзабони Украинаро Маскав амдан доман мезанад ва ҷудоиталабонро бо силоҳу пул таъмин мекунад. Русия инро рад мекунад, вале мегӯяд, омода ҳаст, аз ҳуқуқи русзабонҳо дар ҳар куҷои дунё ҳимоят кунад.

Ин видеоро хабарнигори Озодӣ Андрей Бабитский аз як пойгоҳи баталйони "Восток"-и ҷудоиталабон дар рустои Писки дар наздикии шаҳри Донетск фиристодааст.

Пойгоҳи ҷудоиталабон дар наздикии Донетск
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

XS
SM
MD
LG