Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав гуфт, таҳримоти Аврупо бе аксуламал намемонад


Бинои вазорати умури хориҷии Русия дар Маскав.
Бинои вазорати умури хориҷии Русия дар Маскав.

Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, дар сурати эъмоли таҳримоти нав аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо, аксуламал нишон медиҳад.

Дар баёнияи катбии вазорати умури хориҷии Русия аз рӯзи 6-уми сентябр омадааст, ки агар таҳримот амалӣ шаванд, “бидуни шак аз тарафи Русия ҳам посух хоҳад буд.” Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 5-уми сентябр мувофиқат карданд, ки бинобар амалкардҳои Русия дар шарқи Украина, алайҳи Маскав таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ шавад. Вале агар созиши оташбас миёни ҷудоихоҳони тарафдори Русия ва нерӯҳои Украина риоят шавад ва Русия нерӯҳояшро аз Украина берун кунад, таҳримот ҳукми иҷро намегиранд.

Дар сурати эъмоли таҳримоти нав, теъдоди дигари шаҳрвандони Русия аз ҳаққи сафар ба 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо маҳрум мешаванд ва ба амволу пуле, ки дар қаламрави иттиҳодия доранд дастрасӣ дошта наметавонанд. Дигар ин ки ширкатҳои давлатии газу нафт ва тавлиди аслиҳа дар Русия наметавонанд аз бонкҳои Аврупо қарз бигиранд ва таҳҷизоти лозим барои истихроҷи газу нафт бихаранд ва ҳам таҷҳизоте ворид кунанд, ки дар арсаҳои низомӣ ва ғайринизомӣ ба кор мераванд. Қарор аст, ҷузъиёти таҳримотро рӯзи 8-уми сентябр эълон кунанд. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, эълони таҳримот аз тарафи раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо “ирсоли паёми ҳимоят ба як тарафи ҷанг дар Киев аст, ки аз натиҷаҳои мулоқот дар шаҳри Минск хушҳол нест.”

Рӯзи 5-уми сентябр дар пойтахти Белорус намояндагони ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳон ҳамроҳ бо фиристодагони Русия ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо сари эълони созиши оташбас ба мувофиқа расиданд. Ба қавли вазорати умури хориҷии Русия, “эълони таҳримоти нави зидди Русия дар асл вокуниши аввали Иттиҳодияи Аврупо” ба созиши оташбас аст, ки рӯзи 6-уми сентябр аз ҳарду тараф риоят мешуд. Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, “Ба ҷойи беқаророна ҷустуҷӯ кардани роҳҳои осеб расондан ба иқтисоди худ ва Русия, беҳтар аст, Иттиҳодияи Аврупо барои эҳёи иқтисодии вилояти Донбасс” дар шарқи Украина талош кунад.

Ҳерман Ван Ромпуи, раиси Шӯрои Аврупо ва Хосе Мануэл Бароссо, раиси Кумиссиёни Аврупо дар як номае ба сарони кишварҳои узви иттиҳодия гуфтаанд, ки иқдомоти нав алайҳи Русия “абзори муассир” барои он аст, ки Русия хати маши худ нисбат ба Украинаро тағйир диҳад. Ба қавли Ван Ромпуи ва Барросо, ҳадафи таҳримоти нав раҳбарони ҷудоихоҳон дар вилояти Донбаси Украина, ҳукумати Қрим ва “тасмимгирандагону олигарҳои” Русия хоҳанд буд. Сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 6-уми сентябр бо нашри баёнияе гуфт, ки раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо умедворанд, “созиши оташбас аввалин қадам дар роҳи расидан ба роҳи ҳалли пойдори сиёсии муноқиша дар Украина аст.”

Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Русия ҷудоихоҳони тарафдори ин кишвар дар шарқи Украинаро бо аслиҳа ва сарбоз кӯмак мекунад, вале Маскав ин иддаоро рад кардааст. Аз ин пеш дар посух ба даври аввали таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо, Русия воридоти маводи ғизоӣ аз кишварҳои узви ин иттиҳодияро мамнӯъ кард.

XS
SM
MD
LG