Додситонии шаҳри Душанбе бар асоси шикояти як муштарии ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” алайҳи раиси он Тӯрабек Охунов -- бародари раиси пешин ва зиндонии ин ширкат Ҷӯрабек Охунов барои барнагардонидани 20 ҳазор доллар маблағ, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Мушкили муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» дар соли 2010 ва замоне шурӯъ шуд, ки ширкати мазкур ба мушкилоти молӣ печида, Ҷӯрабек Охунов, раҳбари қаблии он боздошт гардид.
Парванда аз рӯи моддаи “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” боз шудааст. Аммо раиси кунунии ин ширкат бо тааҷҷуб аз ифтитоҳи парванда нисбати худаш мегӯяд, маблағи муштарии ширкатро дар соли 2009 роҳбарияти пешин гирифта буд ва ҳоло ҳайрон аст, ки чаро мақомоти тафтишотӣ нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ мегӯяд, бар асоси шикояти сокини кӯчаи Навоӣ Матлуба Мирзораҳимова дар нисбати раиси ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва тафтишот идома дорад.
Пурсарусадотарин парвандаи додгоҳии як ширкати сохтмонӣ
Парвандаи ҷиноӣ нисбати Тӯрабек Охунов дар ҳоле боз шуд, ки соли 2012 бо як қарори додгоҳи олии Тоҷикистон раиси пешини “Мовароуннаҳр” аз рӯи иттиҳоми қаллобӣ, пешбурди соҳибкории ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб моли худ кардани маблағҳои муштариён, ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Ин парванда яке аз пурсарусадотарин моҷароҳои додгоҳӣ бо ширкати ширкати азими сохтмонӣ дар Тоҷикистон буд. Баъди зиндонӣ шудани Ҷӯрабек Охунов, раҳбарияти ширкатро бародараш Тӯрабек Охунов ба ӯҳда гирифт.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонрӯзи 18 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, як сокини 56-солаи Душанбе бо номи Матлуба Мирзораҳимова ба шӯъбаи умури дохилӣ муроҷиат намуда гуфт, ки раиси “Моваруннаҳр” барои сохтмони бинои нотамом 20 ҳазор доллари ӯро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Раиси "Мовароуннаҳр" ба "қаллобӣ" муттаҳам мешавад
Як мақоми додситонии шаҳри пойтахт рӯзи 18 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар нисбати Тӯрабек Охунов раиси феълии ширкати “Мовароуннаҳр” бар асоси моддаи 247 қисми 4 (яъне “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон”) парванда боз шудааст. Додситонии Душанбе мегӯяд, ин парванда дар ҳафтаи гузашта боз шудааст ва то кунун раиси ширкат Тӯрабек Охунов ва раиси Кумитаи муштариёни ширкати “Мовароуннаҳр” Маҳмадназар Раҳматшоев се дафъа барои сӯҳбат даъват ва баёноти онҳо сабт карда шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тавре аз сӯҳбат бо мақомоти тафтишотии додситонии пойтахт маълум шуд, аризаи даъвоӣ аз тарафи сокини пойтахт Матлуба Мирзораҳимова ворид шудааст, ки гӯё дар таърихи19-уми декабри соли 2013 директори ҶДММ “Мовароуннаҳр” “бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои сохтмони бинои нотамом, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст”.
Тӯрабек Охунов чӣ мегӯяд?
Вале ин қазияро худи Тӯрабек Охунов, раиси ширкати “Мовароуннаҳр” дигаргуна шарҳ медиҳад ва мегӯяд, ҳодиса хеле пештар рух дода, ӯ дар ин ҳодиса гунаҳгор нест. Тӯрабек Охунов дар як сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 18 декабр гуфт, то ҳол наметавонад тасаввур кунад, ки чаро додситонии пойтахт алайҳи ӯ парванда боз кардааст.
Ба қавли ӯ, Матлуба Мирзораҳимова дар соли 2009 маблағи 20 ҳазор долларро ҳамчун муштарӣ ба роҳбари пешини ширкат Ҷӯрабек Охунов додааст ва ҳамаи доду гирифт 8 сол қабл сурат гирифтааст, ки ӯ дар ин ширкат фаъолия надошт ва намедонист ба асоси кадом шароит сокини шаҳр Матлуба Мирзораҳимова 20 ҳазор доллар додааст.
“Ҳоло сохмони бинои 9-ошёна дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, ҳамон хонае, ки Мирзораҳимова харидори он аст, ба истифода дода шудааст ва мо пешниҳод кардем, ки метавонад соҳиби манзил шавад. Вале ӯ ба гирифтани хона розӣ нест ва 20 ҳазор долларро талаб дорад. Ман розӣ ҳастам ва дар ояндаи наздик бо пеш омадани имкони молӣ ҳатман маблағи ӯро пардохт кунам”.
Маҳмадназар Раҳматшоев, раиси Кумитаи муштариёни ширкати “Мовароуннаҳр” мегӯяд, шумори муштариёни "Мовароуннаҳр" беш аз 800 нафар буд ва бо иҷозаи дубораи сохтмони манзилҳои нотамом тақрибан 80 дарсади биноҳо сохта шуданд ва ё сохтмонашон дар ҳоли анҷомёбист. Вай гуфт, аз феълан ҳамагӣ 13 нафар мунтазири гирифтани хонаҳои деринтизор ҳастанд.
7 соли печдарпеч ва мушкили "Мовароуннаҳр"
Додгоҳи олии Тоҷикистон 13-уми сентябри соли 2011 амволи ширкати “Мовароуннаҳр”-ро, ки дар ҳоли ҳабс қарор дошт, озод карда иҷозат дода буд, сохтмони биноҳои нотамом ба анҷом расонда шавад. Мушкили муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» дар соли 2010 ва замоне шурӯъ шуд, ки ширкати мазкур ба мушкилоти молӣ печида, Ҷӯрабек Охунов, раҳбари қаблии он боздошт гардид. Додгоҳи олии Тоҷикистон ду сол баъд ӯро ба 14 соли зиндон маҳкум ва моликияташро мусодира кард. Бо тасмими додгоҳ, ба ширкати “Мовароуннаҳр” иҷоза шуд, ки сохтмони нотамомро анҷом дода, муштариёни аз пеш пул пардохткардаро қонеъ кунад.
Коршиносони соҳа мегӯянд, бахши сохтмони манзил, ки бозигаронаш чанд ширкати азим ва наздик ба ҳукумат аст, яке аз пуррақобаттарин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон мебошад, ки дар он қоидаҳои нонавишта ҳам амал мекунад. Дар шароити навсозии кулли шаҳри Душанбе ва зарурати бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ ширкатҳои дастандаркор дар ин соҳа дар рақобати шадид бо ҳам қарор доранд.