Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи норӯшани 14-ошёнаи навсохт дар кӯчаи Шоҳтемур, 25


Як гурӯҳ ҳиссагузорони сохтмони як бинои истиқоматии 14-ошёна дар Душанбе аз он шикоят доранд, ки мақомот ба далели ба онҳо номаълум сохтмони ин биноро қатъ кардаанд.

Сохтмони ин бино, ки зери шумораи 25 дар кӯчаи Шоҳтемури ноҳияи Исмоили Сомонӣ қомат афроштааст, зоҳиран ба поён расидаву танҳо корҳои рангубор ва пардози дохилиаш боқӣ мондааст.

Фирӯза Ваҳҳобова - яке аз ҳиссагузорони сохтмони ин бино мегӯяд, вай кайҳо боз дар орзуи харидани як манзил дар бинои навсохт буд, аммо баъд аз он ки мушкили биноҳои ширкати «Мовароуннаҳр» сар зад, аз харидани хона дар канорҳои шаҳр худдорӣ кард: «Мо ба ҳукуматамон бовар карда, маҳз аз маркази шаҳр манзил харидем, ки онҳо фиреб намекунанд ва дар кӯча намегузоранд. Аммо ду понздаҳ як сӣ шуд, чӣ дар канори шаҳр ва чӣ дар маркази он ҳам манзил харӣ. Ман хонаи шахсиамро фурӯхта, болои он аз бонк қарз гирифтам ва якуним сол инҷониб иҷоранишинам ба умеди он, ки соҳиби манзили нав шавам.»

Қазияи Шоҳтемур, 25
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00
Линки мустақим


Хонум Ваҳҳобова афзуд, ки вай як манзилро дар ивази 400 доллари амрикоӣ ҳар моҳ иҷора мегирад ва худаш ҳамроҳи ду фарзандаш дигар имкони пардохти иҷорапулӣ ва баҳраи бонкро надорад.

Ҳазрат - ҳиссагузори дигари ин бинои истиқоматӣ мегӯяд ба гуши онҳо сарусадоҳои гуногун расидаанд, ояндаи бинои навро тираву тор кардаанд: «Ин ҷо ҳар хел гапҳо мезананд, ки гӯё онро давлат мегирад, баъзеҳо мегӯянд, онро комилан аз байн мебаранд. Се моҳ боз сохтмон дар бино қатъ шудааст, аммо касе чизе шарҳ намедиҳад. Намедонем, додамонро ба кӣ гуем? Аммо як чизро медонам, ки мушкили моро танҳо худи раи сиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон метавонанд ҳал кунанд. Агар илоҷаш мебуд, раисҷумҳур як сухан мекарданд, ҳамин мушкили мо, ки қариб ҳазор нафарем, ҳал мешуд».

Лавҳаи таблиғии бинои нав
Лавҳаи таблиғии бинои нав
Дар ҳамин ҳол, фармоишгари бино Мавлуда Бобоева дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, вай ҳангоми оғози сохтмони ин бино кулли иҷозатномаҳоро аз мақомоти давлатӣ гирифта буд: «Ин ҷо маркази шаҳр аст. Дар ин ҷо бе иҷозаи ҳукумат ҳатто як хишт ҳам гузошта намешавад. Пеш аз оғози сохтмон дар соли 2011 ман қарори раиси шаҳрро дар бораи иҷозаи сохтмон гирифта будам. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо 100 дарсад дуруст ҳастанд.»

Аммо хонум Бобоева афзуд, ки аз 24-уми августи соли равон мақомот хатти барқро ба ин сохтмон буриданд ва кори сохтмон ҳам бо ҳамин анҷом ёфт. Ба гуфтаи ӯ, мактубҳои зиёдаш ба унвони мақомоти давлатӣ то ба ҳол беҷавоб монда ва ҳамчунин дар рӯзи қабули шаҳрвандон ҳам мақомоти шаҳрдорӣ, бинобар зиёд будани муроҷиаткунандагон, вайро ба ҳузур напазируфтаанд. Аммо ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ба гӯши ӯ овозаҳои гуногуне дар мавриди ин бино мерасад, ки гӯё онро ба бинои парлумони оянда ҳамроҳ мекунанд ва ё ба ягон мақомоти дигари давлатӣ медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки Бобоева мегӯяд сохтмони ин бино аллакай 95 дарсад тамом шудааст: «Мо танҳо бояд фасади биноро рангубор кунему дар дохилаш лифт часпонем, сохтмони бино анҷом меёбад. Дар ин бино 120 оила хона харидаанд. Мо ҳамаи маблағҳои онҳоро бо иловаи маблағҳои аз бонк қарзгирифтаам дар сохтмони ин бино сарф кардем.» Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, онҳо ҳамроҳи муштариён ба мақомоти дахлдори шаҳри Душанбе ва ҳам ба президент мактуби расмӣ навиштаанд, вале то ба ҳол посухе аз эшон нарасидааст.

Баҳри муайян кардани тақдири баъдии ин бино мо ба ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла ба Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, дастгоҳи раисҷумҳур ва ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат карда, посухе дарёфт накардем. Танҳо Қудратулло Файзуллоев - роҳбари раёсати сохтмон ва шаҳрсозии Душанбе дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, дар санаи 23-уми июли соли равон фармони нави раиси шаҳри Душанбе содир шудааст, ки мувофиқи он, сохтмони ҳудуди 36 бино сар аз буриши кӯчаи Теҳрон то хиёбони Рӯдакӣ ва буриши кӯчаҳои Шоҳтемур ва Бохтар қатъ карда шудааст, ки бинои мазкур низ дар қатори онҳост. Ҷаноби Файзуллоев аз додани шаҳри бештар дар ин маврид худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG