Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон мегӯяд, бори аввал омӯзиши бозори фурӯши масканро дар Душанберо оғоз кардааст, то дақиқ кунад, чаро нархи хона дар ин ҷо танҳо майли афзоиш дошта, ҳаргиз поин намеравад.
Ҳамида Назарова, як сокини 35-солаи Душанбе се сол боз мехоҳад, манзили зисташро дар назди бозори “Корвон”, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, бифурӯшад. Хонаи ӯ дар 7 сотих замин ба сабки меъмории муосир сохта шудааст. Ӯ мегӯяд, дар сохтмони ин манзил беш аз 100 ҳазор доллар сарф кард, аммо ҳоло касе ҳозир намешавад, ҳадди ақал ба ҳамин нарх онро бихарад.
Хонум Ҳамида мегӯяд, то чанд сол пеш бозори фурӯши хонаҳои заминӣ дар Душанбе хеле гарм буд: “Мо эълон додаем, зиёд меоянд, нарх мекунанд, вале намехаранд. Ҳозир онҳое, ки мехоҳанд, хонаи заминӣ дошта бошанд, худашон замин мегиранд ва тарзе хона месозанд, ки барояшон писанд аст.”
Аммо Абдусамад Раҷабзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, мегӯяд, мушоҳидаҳои пешакӣ нишон медиҳад, мардум на ба сохти хона, балки ба роҳҳои осони дастрас карданаш таваҷҷӯҳ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло сокинон ба ширкатҳое таваҷҷӯҳ доранд, ки ба таври моҳона аз сокинон маблағ гирифта, давоми як ё ду сол барояшон манзил месозанд.
“Ҳоло сокинон як қисми маблағро пешпардохт мекунанд ва як сол ва ё чанд моҳ мунтазир мемонанд. Ин барояшон осонтар аст. Ҳарчанд хонаҳои заминӣ ва баландошёнаҳои сохти кӯҳна зуд дастрас ҳам шавад, сокинон тавони харидории онҳоро надоранд. Барои сокинон ҷамъ кардани маблағи як хона ба якборагӣ мушкил шудааст ва онҳо мехоҳанд, дер ҳам бошад арзонтару осонтар соҳиби хона шаванд”,-шарҳ дод ӯ.
Аммо ширкатҳои хонасозӣ мегӯянд, дар маҷмӯъ бозори маскани Душанбе сард шудааст. Фирдавс Аҳмадов, намояндаи ширкати хонасозии “Роҳи нек” дар Душанбе мегӯяд, воқеан, муштариёне, ки мехостанд ба таври пешпардохти ҳармоҳа дар муддати тӯлонӣ соҳиби хона шаванд, зиёд буданд, аммо ҳоло теъдоди ҳама навъи муштариёни маскан кам шудааст. Ӯ мегӯяд, агар то моҳи март бозори хона сард монад, онҳо маҷбур мешаванд, нархро поён баранд.
Ӯ гуфт: “Бозор сард шудааст. Агар дар як рӯз ба мо 30 муштарӣ, ки нияти хонахарӣ дошт, занг мезад, ҳоло дар як рӯз чаҳор ё панҷ нафар занг мезанад ва боз на ҳамаи онҳо харидори ҷиддианд. Боло рафтани доллар ва поён рафтани қурби рубл ба фикри ман таъсири худро гузоштааст.”
Сабаби дигар дар баҳсҳои додгоҳии ширкатҳои бинокор дида мешавад. Намунаи “Мовароуннаҳр” нишон дод, ки харидорон метавонанд, маблағҳои худро аз даст диҳанд ва соҳиби маскан ҳам нашаванд.
Маҳмуд Холмуродов, як миёнарави тиҷорати хона мегӯяд, муштариён барои он ҳавлӣ ва хонаҳои омодаи баландошёнаро намехаранд, ки хатари тахриб шудани чунин манзилгоҳҳо ҳамеша вуҷуд дорад: “Дар Душанбе даҳҳо маҳаллае, ки хонаҳои заминӣ буд, вайрон шуда, ба ҷояшон баландошёнаҳо сохтанд. Мардумро хезониданд, ки на ҳама аз ин розӣ буд. Ҳоло агар ба харидорон гӯем, ки хонаи заминӣ намехарӣ, мегӯянд, чӣ даркор, як рӯз не як рӯз онро мехезонанд.”
Ҳоло дар Душанбе як метри мураббаи хонаҳои баландошёна аз 650 то 1,5 ҳазор доллар қимат дорад. Ба ин тартиб, хонаи якҳуҷрагӣ аз 30 то 45 ҳазор доллар нархгузорӣ мешавад, ки пардохти ин миқдор пул на барои ҳар соикни Тоҷикистон имконпазир аст.