Қарордоди CASA-1000 то поёни моҳ имзо мешавад

Созишномаи кулл дар бораи шурӯи татбиқи тарҳи CASA-1000, ки ҳадафаш интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистону Афғонистон аст, охирҳои ҳамин моҳ имзо мешавад.
Дар ин бора рӯзи 3 март ба Радиои Озодӣ Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон, хабар дод. Ҳанӯз сана ва макони имзои созишнома мушаххас нашудааст. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки ин тарҳ охирҳои моҳи феврал имзо мешавад, аммо бар асари номукаммал ва пурра ҳамоҳанг нашудани асноди зарурӣ барои як моҳи дигар ба таъхир гузошта шуд.

Дипломати тоҷик гуфт, ки барои роҳандозии тарҳи CASA-1000 тақрибан 1 миллиард доллар зарур аст. Дар сурати татбиқи тарҳ, ба гуфтаи ӯ, солона то 1300 мегават барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистону Афғонистон интиқол меёбад. Қарор аст Покистон ба шабакаи миллии худ 1000 мегават барқ дар фасли тобистон изофа кунад. Покистон айни ҳол барои таъмини аҳолӣ ба 10 ҳазор мегаватт нерӯи барқ ниёз дорад. Сафири Тоҷикистон мегӯяд, ки ин тарҳ барои Кобул ҳам муфид аст, зеро ба ҷуз дарёфти 300 мегават нерӯи барқи арзон боз ҳаққи тронзит ё интиқоли нерӯи барқро ҳам хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ки бунёди тарҳи CASA-1000 бояд соли оянда оғоз ёфта ва охирҳои соли 2017 поён ёбад. Тайи соли равон мавзӯи сармоягузории тарҳ пурра ҳаллу фасл шавад. Ба гуфтаи Шарофиддин Имомов, маҳз мушкили сармоягузорӣ боиси ба дарозо кашидани тарҳ шудааст. Ҳафт сол пеш созиш дар нишасте дар Исломобод ҳайатҳои чаҳор кишвар созиш дар бораи бунёди тарҳи CASA-1000-ро имзо карда буданд ва як соли пеш дар Кобул Котиботи ин тарҳ низ фаъол буд. Аммо мушкили дарёфти маблағ ва баъзе «бозиҳои сиёсӣ», ба гуфтаи дипломати тоҷик, садди роҳи татбиқи тарҳ шуданд.

Сафири Тоҷикистон гуфт, ки соли гузашта Тоҷикистон ба Афғонистон 1 миллиард киловат соат нерӯи барқро ба маблағи 35 миллион доллар фурӯхтааст. Аммо Афғонистон ҳамин миқдор барқро аз Узбакистон ба маблағи ду баробар бештар – 70 миллион доллар харидааст. Имсол интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон афзоиш хоҳад ёфт, зеро бунёди хатти интиқоли нерӯи барқ то шаҳри Толуқон анҷом ёфт ва акнун он ба деҳоти атроф кашонида мешавад.

Мардуми вилояти Тахор, меафзояд дипломати тоҷик, хостори дарёфти нерӯи барқи Тоҷикистонанд, зеро онҳо ҳоло аз генераторҳо барқ мегиранд, ки қимати як киловатти он 45 афғонӣ, муодини тақрибан 80 сенти амрикоист. Нерӯи барқи Тоҷикистонро бошад афғонҳо метавонанд бо қимати 3 афғонӣ, яъне 15 баробар арзонтар, дастрас кунанд.

Ду ҳафта пеш мавзӯи бунёди тарҳи CASA-1000 дар нишасте дар Вошингтон бо ширкати муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, вазири энерҷӣ ва саноати Қирғизистон, вазири энерҷӣ ва захоири оби Покистон ва вазири иқтисоди Афғонистон, дигар мансабдорони воломақоми ин чаҳор кишвар, масъулини вазорати умури хориҷии ИМА, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва чанд ниҳоди молиявии байнулмилалӣ баррасӣ шуда буд.