Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон - як мавзӯъи асосии мулоқоти Раҳмон бо Ҳоугланд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 24 феврал бо муовини аввали ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ Ричард Ҳоугланд мулоқот кардааст.

Бино ба гузориши дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон субҳи 24 феврал бо муовини аввали ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ сафир Ричард Ҳоугланд мулоқот кардааст. Дар ин дидор масоили марбут ба равобити Тоҷикистону Амрико ва роҳҳои рушди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуда, ба гуфтаи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, "таваҷҷуҳи зиёд ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва пайомадҳои хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар зоҳир гардид."

Мавзӯъи дигари матрӯҳа дар мулоқоти Раҳмон бо Ҳоугланд "мусоидат ба беҳсозии фазои ҳуқуқии сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи давлатию хусусии Амрико ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла CASA-1000" гуфта мешавад.

Ҷузъиёти аз ин бештари мулоқоти Раҳмон бо дипломати аршади амрикоӣ ва сафири собиқи Амрико дар Тоҷикистон ҳанӯз дастрас нашудааст.

Ричард Ҳоугланд аз рӯзи 21 феврал дар Тоҷикистон қарор дорад.

Баҳси Афғонистон дар мулоқоти Аслов бо Ҳоугланд

Дидори Аслов бо Ҳоугланд
Дидори Аслов бо Ҳоугланд
Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо муовини аввали ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ сафир Ричард Ҳоугланд мулоқот кардааст. Дар сомонаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон бидуни ироаи ҷузъиёти зиёд гуфта мешавад, ки дар ин дидори рӯзи 21 феврал вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва муовини аввали ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ Ричард Ҳоугланд “масоили ҳамкориҳои дуҷонибаву минтақавӣ, мушовараҳои дарпешистодаи сиёсии Тоҷикистону Амрико, дурнамои рушди Афғонистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ кардаанд.”

Нахустин мушовараи сиёсии ду кишвар моҳи феврали соли 2010 дар Вошингтон доир шуда буд. Аз он ба баъд ин мушовараҳо ба сурати мутассил ва бо навбат дар Вошингтону дар Душанбе доир мешаванд. Ҳадаф аз ин машваратҳо мушаххас кардани самтҳои муҳиму асосии ҳамкориҳои Амрикову Тоҷикистон ва такон додан ба густариши равобити миёни ин кишварҳост.

Ҷузъиёти дигаре дар бораи натоиҷи дидори Аслов ва Ҳоугланд оварда нашудааст, вале ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст, то поёни соли 2014 нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон бароварда шаванд ва Амрико то ҳол натавонистааст бо давлати раиси он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай паймони амниятиеро, ки бояд шароити ҳузури нирӯҳои амрикоӣ баъд аз соли 2014-ро мушаххас кунад, ба имзо расонад.

Бисёре аз таҳлилгарон аз эҳтимоли баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф бад шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва дар кишварҳои ин сӯи Омӯ, бахусус дар Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1370 километр марзи мустақим дорад, сӯҳбат мекунанд. Имкони бурузи чолишҳову таҳдидҳои нави амниятӣ аз он сӯи Омӯро мақомҳои баландпояи Тоҷикистон низ истисно наамекунанд ва раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 феврал дар паёми табрикиаш ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ ҳам ба ин нигарониҳо таъкид кардааст.

Ва як сабаби афзоиши сафарҳои мақомҳои амрикоӣ ба Душанбе низ шояд аз ҳамин нигарониҳо маншаъ мегирад. Дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми январ иттилоъ дода буд, ки фармондеҳи нирӯҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Микаел К.Нагата бо мақсади баррасии ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амният дар минтиқа, ба хусус Афғонистон, ба Душанбе ташриф оварда, бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва бо намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мулоқот кардааст. Дар рафти мулоқот онҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории бефосилаи низомӣ миёни ИМА ва Тоҷикистон, минҷумла ҳамкории нирӯҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказӣ бо қувваҳои махсуси Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Ричард Ҳоугланд аз дипломатҳои собиқадори амрикоист, ки то соли 2006 тайи 5 сол сафири Вошингтон дар Душанбе буд. Ӯ баъди хатми сафораташ дар Тоҷикистон чандин сол сафири Амрико дар Қазоқистон ва дар солҳои охир сафири кишвараш дар Покистон буд. Баъди ба мақоми вазири хориҷа омадани Ҷон Керрӣ Ҳоугланд ба Вошингтон баргашт ва дар дафтари марказии Департаменти давлатии Амрико ба ҳайси муовини аввали ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба кор пардохт.
Ин мақом бахусус дар ин шабурӯз, ки Амрико ва НАТО ба хуруҷи нирӯҳояшон аз Афғонистон омодагӣ мегиранд, аҳамияти фавқулода касб мекунад.

Давлати Карзай бо вуҷуди чанд соли музокирот то ҳол аз имзои паймони амниятӣ бо Вошингтон саркашӣ мекунад. Ва он ҳам дар ҳоле ки интизор меравад, нирӯҳои эътилоф то поёни соли 2014 тарки Афғонистон кунанд. Паймони амниятие, ки баҳсаш байни Кобулу Вошингтон чанд сол боз идома дорад, шароити ҳузури нирӯҳои амрикоиеро, ки бояд баъди соли 2014 ба хотири кумак ба нирӯҳои афғон дар ин кишвари ҷангзада бимонанд, мебоист таъйин мекард.

Амрико дар соли 2011 дар Афғонистон 101 000 сарбоз дошт. Феълан аз ин шумор танҳо 38 000 амрикоӣ дар канори 27 000 нирӯҳои эътилофи таҳти фармони паймони низомии НАТО дар ин кишвар боқӣ мондаанд. Дар ғайри сурати имзо ва тасвиби паймони амниятии Амрикову Афғонистон, Ийолоти Муттаҳида маҷбур аст, то 31 декабри соли 2014 тамоми нирӯҳояшро аз ин кишвар берун бикашад.
XS
SM
MD
LG