Мақомоти тоҷик: “Вазъи бемории сил беҳтар шудааст”

Масъулони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, вазъи бемории сил дар кишвар рӯ ба беҳбуд ниҳодааст.

Уктам Бобохоҷаев, раиси Маркази ҷумҳуриявии мубориза алайҳи сили вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 23 март зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сол аз сол вазъи бемории сил дар саросари кишвар беҳбуд меёбад. Ба гуфтаи вай, агар ду соле пеш ба ҳар 100 ҳазор аҳолии Тоҷикистон 85 бемори сил рост меомад, ҳамакнун ин рақам ба камтар аз 66 нафар расидааст.

Дар ду соле пеш низ аз ҳар 85 бемори сил, 6 нафар фавт мекард, аммо ба гуфтаи масъулони Маркази мубориза бо бемориҳои сил, ин рақам низ қариб як баробар кам шудааст. Масъулони Маркази мубориза алайҳи бемории сил иҷрои барномаи миллии “Мубориза алайҳи сил”-ро, ки дар саросари кишвар амалӣ мешавад, сабаби беҳбуд ёфтани вазъи бемории сил дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулони Маркази мубориза алайҳи бемории сил, барномаҳои марбут ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи сил, ки ҳар сол ба таърихи 24 март дар Тоҷикистон низ таҷлил мешавад, ба таърихи 27 март гузаронида хоҳад шуд. Чун ба таъкиди Уктам Бобохоҷаев, фардо, 24 март истироҳати расмӣ ба муносибати иди Наврӯз аст ва ба ин далел чорабиниҳои марбут ба Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи сил, як каме дертар, аммо бо иқдомҳои мухталиф баргузор мешавад.

Ба гуфтаи масъулон, бо баргузориҳои чорабиниҳои мухталиф, таваҷҷӯҳи ҷомеаи Тоҷикистон ба мушкилоти бемории сил ҷалб мегардад ва дар ҳамкорӣ бо шарикон, ба хусус Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ ва дигар маҳофил анҷом мегирад. Ин ҳам дар ҳоле, ки 24 март, маҳз бо қарори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи сил эътироф шудааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт соли 1993 силро мушкили миллӣ ва 24 мартро Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи сил эълон кард.

Сил - бемории сироятӣ маҳсуб мешавад ва дар ду даҳсолаи ахир ин беморӣ домангири ҳазорҳо сокини Тоҷикистон, ба хусус ноҳияҳои Восеъ ва Кӯлоби вилояти Хатлон буд. Ба сабаби дар як оила, дар бархе аз деҳаҳои ноҳияи Восеъ, то 5-6 нафар ва ҳатто тамомии хонавода гирифтори бемории сил будан, ин минтақаро “Водии марг” ҳам ном мебурданд.

Мақомот сабаби сирояти рӯзафзуни сокинон ба бемории сил дар ин минтақаро ба он рабт медиҳанд, ки ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта, дар даврони Иттиҳоди Шӯравии пешин ин ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон “вазъи ногувори силӣ” доштанд. Ҳамчунин дар оғози солҳои 90-ум мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ ба хуруҷи бештари ин беморӣ дар ин минтақа асар гузошт.

Аммо дар чанд соли ахир, бо роҳандозии барномаҳои мухталиф, аз ҷумла DOTS бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва ҳамин тавр назорати қатъии пизишкон, вазъ комилан мӯътадил гардида ва ба гуфтаи масъулон, беҳбуд ҳам ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, бо он ки мақомот мегӯянд вазъи бемори сил беҳбуд ёфта ва гирифторони он ҳам кам шудааст, аммо тамоюли дигаре дар як соли ахир ба мушоҳида расид, ки бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муҳоҷиратанд, гирифтори бемории сил шуда ва аз он ҷо ё ронда мешаванд ва ё барои табобат ба ватанашон меоянд.

Дар соли гузашта даҳҳо гирифтори бемории силро аз Русия ронда буданд, ки баъдан бо таваҷҷӯҳ ба вахим будани саломатиашон ба бемористон интиқол дода шуданд. Ин гуна маврид дар вилояти Хатлон ба мушоҳида расид ва 20 нафаре, ки соли гузашта ба сабаби пинҳон доштани бемории худ аз Русия ронда шуданд, дар дармонгоҳҳо ва бемористон таҳти муроқибати пизишкон қарор гирифтанд.

Аксари онҳо ҷавонони аз 18 сола то 30-сола буда, ва ин ҷавонҳо қиссаи ҳамсон доранд: баъди маълум шудани бемориашон, ба хотири аз даст надодани даромад, муддати дароз нахостаанд дар ин бора корфармои худро дар ҷараён гузоранд ва аз кору ҳақи зист маҳрум шаванд.

Муҳоҷироне, ки мубталои бемории сил ба хона бармегарданд, қисса мекунанд, ки аксар вақт дар Русия дар шароити начандон хуб - дар хонаҳои сарду намнок гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ карда, дар сурати гирифтор шудан ба беморӣ, ба зудӣ ба духтур муроҷиат намекунанд. Аксари онҳо на бимаи тиббӣ доранду на забони русиро медонанд, ки сари вақт рафта аз пайи дармони худ шаванд. Илова ба ин, онҳо меҳаросанд, ки бемориашон боиси аз кор ронда шудан мешавад.

Тибқи омори расмӣ, феълан дар вилояти Хатлон беш аз 3000 нафар гирифтори сил буда, дар беш аз 40 дармонгоҳи махсуси зидди сил кӯмаки тиббӣ дарёфт мекунанд. Бемории силро табибон як маризии иҷтимоӣ меноманд, ки муолиҷаи муваффақаш на танҳо ба доруву дармон, балки ба шароити мусоиди иқтисодӣ, хӯроки дуруст ва сервитамин вобаста аст.