Абдукарим Шехов, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии мубориза алайҳи сил, тайи як нишасти хабарӣ гуфт, ҳоло дар кишвар ҳудуди 14 ҳазор нафар аз бемории сил ранҷ мебаранд.
Вай афзуд, ҳодисаҳои ошкор намудани беморон нисбат ба соли 2009 ҳудудан 2 дарсад афзуда ва бинобар маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ шароит ва имконоти ташхис таввасути таҷҳизоти муоссир дастрас шудааст.
Ростислав Врбенский, раҳбари Барномаи Рушди Созмони Милал дар Тоҷикистон, гуфт, Бунёди глобалии мубориза бо сил дар Тоҷикистон барои панҷ сол 31 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст.
СИЛ ДАР ЗИНДОНҲО
Вай мегӯяд, як иллати аслии густариши ин беморӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, набуди иттилои кофӣ дар бораи роҳҳои сироятёбӣ ба сил будааст. Аз ин рӯ, онҳо дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ тавонистаанд, ки 100 ҳазор нафарро ба давраҳои омӯзишӣ фаро бигиранд: "Пажӯҳишҳои Барномаи Рушди Созмони Милал нишон додааст, ки соли гузашта сатҳи маърифати шаҳрвандони кишвар оид ба шинохти бемории сил 49 дарсад боло рафтааст”,-гуфт Вербенский.
Зоҳир Абдуллоев, муовини раҳбари Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо сил дар Тоҷикистон, мегӯяд, ахиран дар зиндонҳои кишвар 154 нафар беморон ба қайд гирифта шудаанд, ки 93 нафари онҳо ба тозагӣ сироят ёфта ва боқимонда такроран бемор шудаанд.
Ба қавли ҷаноби Абдуллоев, дар муассисаҳои ислоҳотии кишвар дар соли гузашта бемории сил ҷони 17 нафарро рабудааст.
БЕМОРХОНА БАРОИ МАҲБУСОН
Масъулони Маркази мубориза алайҳи сил мегӯянд, бошандагони муассисаҳои ислоҳоти ба гурӯҳҳои зери хавф шомил буда, онҳо дар як сол ду маротиба ба манзури ошкор кардани маризии сил аз ташхиси тиббӣ мегузаранд.
Салибан Омар, ҳамонҳангсози барномаҳои Вич-СПИД ва сили Барномаи Рушди СММ мегӯяд, сар аз соли 2007 то ба имрӯз онҳо муассисаҳои ислоҳотиро бо дорувории бепул таъмин мекунанд.
Вай гуфт, ки Бунёди Глобалӣ феълан шӯъбаи бемориҳои сили беморхонаи марказии муасиссаҳои ислоҳотии воқеъ дар шаҳри Ваҳдатро таъмир ва бо таҷҳизоти тиббӣ муҷҷаҳаз кардааст.
Ҷаноби Омар афзуд, дар баробари ин қарор аст, ки ин созмон дар ҳудуди 1 миллион доллар дар шаҳри Ваҳдат барои маҳбусон беморхонаи ҷадид бо таҳҷизоти навтарини тиббиро бунёд бикунад, ки он ғунҷоиши ҳудуди сад нафарро хоҳад дошт. Бунёди ин бемористон дар соли ҷорӣ оғоз хоҳад шуд.
Ахиран дар зиндонҳои кишвар 154 нафар беморон ба қайд гирифта шудаанд, ки 93 нафари онҳо ба тозагӣ сироят шудаанд ва боқимонда такроран бемор шудаанд...