Афзудани муноқишаву кордкашӣ дар байни наврасону муҳассилони мактабҳо дар Душанбе мояи нигаронии мақомот ва ҷомеа шудааст. Дар камтар аз як соли ахир дар шаҳр чанд наврасу навҷавони 18-сола кушта шуданд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе аз чанд раҳгузар ва худи навҷавонон пурсид, ки сабаби ҷангҳои гурӯҳӣ дар байни ҷавонон чист. Баъзе гуфтанд, сабаб маҳалгароӣ як бемории музмин ва ё хроникӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Иддае дигаре гуфтанд, ки худнамоӣ ва “даъво барои арӯс” сабаби ҷамъ шудани даҳҳо наврасу ҷангу кашмакашу кордкашӣ мегардад.
Як омӯзгор ҳам гуфт, беэътиноӣ ба тарбия ва бахусус таҳсили бачаҳо аз омилҳои қонуншиканӣ дар байни наврасон ва рӯ ба хушунат овардани онҳост. Ӯ мисол меорад, ки чӣ гуна “рӯзномаҳои талабагон аксаран имзои падару модарро надорад” ва ҳамин нишон медиҳад, ки чӣ қадар волидон ба рафтору таҳсили фарзандон аҳамият медиҳанд.
Як ҷавон ҳам дар ниҳоят гуфт, ки чӣ гуна наврасон барои як масъалаи ночиз, ё "китф задан" гиребони ҳамро мегиранд ва роҳи бемоҷаро хотима ёфтани даъворо ҳам “тавсия дод”.
Шумо низ суҳбатҳои ҷолиби мардумро бубинед ва назаратонро бигӯед, ки чаро дар байни наврасону навҷавонон дар Душанбе моҷарову кордкашӣ зиёд шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад