Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз вуҷуди "Силоҳи сард" дар дасти ҷавонони Душанбе. ВИДЕО


Акс аз сомонаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе
Акс аз сомонаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе

Дар давоми тақрибан як ҳафта пулиси Душанбе дар пайи як амалиёт аз 13 наврасу ҷавон корд ва ашёи дигари хатарнок гирифтааст.

Ин амалиёт дар пайи нигарониҳо аз афзоиши муноқишаву кордкашиҳои наврасону ҷавонон гузаронида мешавад. Мақомот ва сокинонро дар Тоҷикистон чанд соли ахир занозаниҳои гурӯҳии ҷавонон бо истифода аз корд ба ташвиш овардааст. Таҳлилгарон наврасону ҷавонони ҷангҷӯву кордкашро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: Наврасон аз оилаҳои нопурраву носолим ва ҳам аз хонаводаҳои сарватманду мансабдор.

Фирӯз Ҳакимов
Фирӯз Ҳакимов

Аксҳои Фирӯз барои Султона Ҳакимова, сокини шаҳри Душанбе охирин ёдгорӣ аз наберааш аст, ки бо нақшаву орзуҳои зиёд дар 17-солагӣ зери хок рафт. Фирӯз Ҳакимов, хонандаи мактаби рақами 1-и пойтахт барои идомаи таҳсил дар Амрико ва Прага ҳуҷҷат супорида, интизори посух буд, аммо соли охири таҳсил дар мактаб охирин соли зиндагии ӯ шуд.

Се моҳ пеш аз хатми мактаб дар муноқишаи байни чанд ҳамсолаш Фирӯз се зарби корд хӯрд. Пас аз 40 рӯз дар беморхона фавтид. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ ҳеҷ рабте ба ин муноқиша надошт. Дар ин кор ҳамсоли ӯ, А. И, хатмкунандаи Литсейи Донишгоҳи миллӣ гунаҳкор дониста шуд.

Султона Ҳакимова бо ёдовари аз он рӯзи шум ва таасуроташ аз мурофиаҳои додгоҳӣ мегӯяд, он ҷавон вақте аз ҷайбаш кордро берун мекунад, онҳое, ки бо ӯ муноқиша доштанд, фирор мекунанд.

"Набераи ман ва се бачаи дигар, ки дар ҷанг иштирок надоштанд, дар ҷояшон меистанд. Ӯро се корд мезананд, аммо дар ҳолати шок қарор доштааст ва худро ҳимоя ҳам накардааст. Оҳиста-оҳиста вазъам хуб нест гуфта ба замин меафтад”,--гуфт ӯ.

Наздикони Фирӯз мегӯянд, ҷавони маҳкумшуда дар баёнотҳояш гуфтааст, ки барои муҳофизати худ ва тарсонидани ҳамсолони дигараш бо худ корд мегирифт.

Нигаронӣ аз вуҷуди "Силоҳи сард" дар дасти ҷавонони Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Бо ҳукми додгоҳ охири моҳи сентябр ҷавони гунаҳгор дар куштори Фирӯз 6,5 сол равонаи зиндон шуд. Наздикони навраси кушташуда ба ин ҳукм розӣ нестанд ва алайҳи он ба зинаҳои болоии додгоҳу раиси ҷумҳур шикоят бурдаанд.

Султона Ҳакимова бибии Фирӯз меафзояд: “Додситон барои ӯ бояд 15 сол талаб мекард ва бо дарназардошти ҳолатҳои сабуккунанда муҳлати ҷазо то 13 сол поин оварда мешуд. Аммо не, барои ӯ 9 сол талаб карданд. Албатта падараш намехоҳад, ки писараш ба муддати тӯлонӣ ҳабс шавад, вале мо фарзандамонро бурда зери хок кардем. Магар ин аз рӯйи адолат аст?”.

Султона Ҳакимова модарбузурги Фирӯз ба ин бовар аст, ки таъини ҷазои сабук барои куштор, метавонад ба афзоиши ҷинояткорӣ бо истифода аз корд миёни ҷавонону наврасон сабаб шуда, сарнавишти набераи ӯ боз такрор шавад.

Як таҳқиқи Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе муайян кардааст, ки авбошиҳои гурӯҳӣ ва ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон бо истифода аз корду силоҳҳои сард афзоиш ёфтааст. Дар ним моҳи моҳи ахир мақомот аз ду муноқиша байни ҷавонон, ки дар онҳо корд истифода шудааст, хабар нашр карданд. Дар пайи ин занозаниҳо як донишҷӯ кушта шуд ва чанд нафари дигар барои кордзанӣ боздошт шуданд.

Бо талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо ҳадафи монеъ шудан ба муноқишаҳои гуруҳии ноболиғону ҷавонон ахиран пулиси Душанбе амалиёти “корд”–ро пиёда кард.

Дар доираи ин амалиёт, ки дар мактабу хиёбонҳои гузаронида шуд, дар як ҳафта аз наврасону ҷавонон 13 корд ва дигар силоҳҳои сард дарёфту мусодира ва акси ҷавонон бо корд дар сомонаи пулиси Душанбе нашр шуд.

Муҳсин Муҳаммадӣ, як корманди Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин амалиёт бо дархости сокинони шаҳр роҳандозӣ шуда, омӯзгорону раҳбарони мактабҳои пойтахт ҳам дар иҷрои он ба мақомоти милиса кӯмак мекунанд.

“13 корду электрошокер ва кастету дастчуби оҳанин ё дубинка мусодира шуд. Дар ин миён ҳам донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ буданд ва ҳам хонандагони муассисаҳои таълимӣ. Нисбати онҳо тибқи қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мавод тартиб дода, ба додгоҳ ирсол кардем",--гуфт ӯ.

Ҳамчунин 4 ҷавони дигар, ки бо худ корд ва дигар навъи силоҳҳои сард доштаанд, бо қарори додгоҳ ба муҳлатҳои аз 5 то 7 рӯз ҳабс шудаанд.

Таҳлилгарон бадҷаҳлу ҷангҷӯ шудани наврасону ҷавононро ба тарбияи нодуруст ва зери таъсири филму бозиҳои таблиғкунандаи хушунату куштор мондани онҳо медонанд. Маъмулан, ба гуфтаи онҳо, ин гурӯҳи наврасону ҷавонон аз оилаҳои нопурраву носолим ва ё баръакс аз хонаводаҳои дорову мансабдоранд, ки пуштибон ва бовар доранд, қонуншиканӣ ҳам кунанд, ҷазои сахт намебинанд.

Хуршед Қунғуротзода, равонпизишки тоҷик мегӯяд, кордкашӣ миёни наврасон ба намоиши зурӣ ва бартариталабӣ дар муноисбат бо ҳамсолон табдил ёфтааст.

“Ҳамин сабабҳое, ки гуфтем, яъне оилаи нопурра, тарбияи нодуруст, кӯча тарбия мекунад ва ин ҳама ба халалдоршавии ҳолати руҳии наврасону ҷавонон оварда мерасонад, ки худро идора карда наметавонанд. Инро дар илми тиб "психопатизатсия" мегӯянд. Яъне, ки вайроншавии рафтор. Гапро намебардоранд. Гап зананд, ҷанҷол мебардоранд”, -- гуфт равонпизишк.

Равонпизишки тоҷик бар ин бовар аст, ки бояд бо роҳи ислоҳи қонун ва ҳам насби дастгоҳҳои махсус барои муайян кардани корду ашёҳои дигари хатарнок дар таълимгоҳҳо бо ин мушкил мубориза бурд. Равонпизишки тоҷик ҳамчунин пешниҳод дорад, ки бояд барои мактабу донишгоҳҳои кишвар ҳар чи бештар равоншиносони махсус омода карда шавад.

Амалиёти “корд” ки аз ҷониби пулиси Душанбе барои дарёфти корд миёни наврасону ҷавонон роҳандозӣ шудааст, то ду ҳафтаи дигар идома хоҳад кард. Кордкашӣ миёни ҷавонон ва паёмадҳои маргбори муноқишаҳо миёни ин қишр чанд сол боз сокинон кишвар ва ҳам мақомотро нигарон кардааст. Рӯзи панҷшанбе дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар рӯзи мактаб эълон шудааст ва дар ин рӯз милисаҳо барои сӯҳбату мулоқот ба назди хонандагон мераванд.

XS
SM
MD
LG