Боздошти доктори илми ҳуқуқ. Барои ҷиноят ё идомаи поксозии майдон?

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошт шудааст. Ӯ аз камтарин сиёсатмадорон дар дохили кишвар буд, ки дар баробари масоили рӯз озодона фикрашро баён мекард ва боздошташро бархеҳо нишонае аз маҳдуд шудани озодиҳо дар кишвар гуфтанд.

“Ба бозпурсӣ даъват карда, дигар раҳо накарданд”

Наздиконаш аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ карданд, аммо як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, Шокирҷон Ҳакимов рӯзи ҷумъаи 12-уми июл ба бозпурсӣ даъват шуд ва "аз тарафи муфаттиш ба ҳабс кашида шуд". Ин даъват аз тарафи мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон ба амал омадааст.

Як манбаъи наздик ба ин мақомот ба шарти зикр нашудани номаш 18-уми июл ба Радои Озодӣ гуфт, Шокирҷон Ҳакимов дар робита ба парвандаи раиси пешини ҲДТ ва вакили собиқи порлумон Саидҷаъфар Усмонзода боздошт шуда, дар ИВС ё Боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шокирҷон Ҳакимов боздошт шудааст

Мақомот то кунун дар бораи боздошти ҳуқуқшиноси шинохта расман хабар надодаанд. Наздиконаш дар талош ҳастанд барои Шокирҷон Ҳакимов вакили мудофеъ пайдо карда, ба ин восита аз ҷузъиёти парванда ва аҳволи ӯ дар боздоштгоҳ хабардор шаванд.

Шокирҷон Ҳакимов дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд, аммо аз 7-уми июл ба ин сӯ ӯ вориди ҳеч яке аз сафҳаҳо нашудааст ва тақрибан аз он вақт телефонаш хомӯш аст.

Ба гуфтаи чандин нафар, вай ҳамчунин натавонистааст дар маросими дафни модараш рӯзи 16-уми июл ширкат кунад.

Шокирҷон Ҳакимов кӣ буд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ш.Ҳакимов: Адолат ҷустуҷӯ дорам

Шокирҷон Ҳакимов зодаи шаҳри Конибодом буда, 58-сол дорад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ҳакимов тӯли 8 сол аввал аспирант ва баъдан докторанти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Шокирҷон Ҳакимов унвони доктори илмҳои ҳуқуқро дошт, вале дар дохили кишвар ҷойи кори муайян надошт. Мавсуф соли 2017 дар суҳбати муфассалаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, аз соли 2012 баъди дифои рисолаи докторӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав, дар Тоҷикистон ҷойи кор пайдо карда наметавонад.

“Бо вуҷуди он, ки дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла ба президенти Академияи илмҳо, инчунин ба ректорони чандин донишгоҳҳо муроҷиат кардам, аммо ҷои кор пайдо карда натавонистам. Инчунин дар озмунҳо барои ишғоли мақоми мудири кафедра ва профессорӣ низ ҳуҷҷат додам, аммо бо баҳонаи он ки "то ишора аз ҷониби роҳбарияти сиёсии кишвар ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нашавад", ман имконияти амалӣ намудани ҳаққамро барои меҳнат дар дохили кишвар надорам,”-гуфта буд муовини раиси ҲСДТ.

Шокирҷон Ҳакимов барои расонаҳои мустақил ҳамеша дастрас буд ва аз гуфтани назарҳои аксаран интиқодиаш худдорӣ намекард. Ҳакимов дар ҳамон суҳбаташ соли 2017 ба Радиои Озодӣ гуфта буд, паёмади мустақилу озодандеш буданаш ҳамин аст, ки натанҳо дар идораҳои давлатӣ, балки дар ниҳодҳои ғайридавлатӣ ҳам ӯро ба кор намегиранд.

Вале бо вуҷуди надоштани ҷойи кор, Шокирҷон Ҳакимов гуфта буд, аз Тоҷикистон рафтанӣ нест ва даъватҳо барои гирифтани шаҳрвандии дигар кишварро ҳам рад кардааст.

Шокирҷон Ҳакимов дар яке аз ҷаласаҳои ҲСДТ. Акс аз соли 2009.

Шокирҷон Ҳакимов аз лаҳзаи таъсиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар соли 2002 узви ҳизб ва баъдан муовини раиси ҲСДТ аст. Ӯ солҳои 2010 ва 2015 аз зодгоҳаш шаҳри Конибодом номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон шуд. Соли 2010 тавонист интихоботро ба даври дуюм барад, вале дар ниҳоят Комиссияи марказии интихобот рақибаш Насруллоҳ Маҳмудзода (он вақт Маҳмудов)-ро ғолиб эълон кард. Маҳмудзода ҳоло Дабири Шӯрои амният аст.

Шокирҷон Ҳакимов ҳарду интихоботи солҳои 2005 ва 2010-ро пур аз тақаллуб номида, натиҷаҳои онро эътироф накарда буд. Ҳакимов соли 2015 аз Комиссияи марказии интихобот хоста буд, барои тақаллубҳои густурда натиҷаҳоро бекор кунад. Аммо КМИР ин даъворо рад кард ва рақиби ӯ Равшан Раҷабов -- номзади ҲХДТ-ро баранда эълон намуд.

«Ҳар касе дарди сар эҷод кард, муҷозот мешавад»

Бархеҳо боздошти Шокирҷон Ҳакимовро нишонае аз маҳдуд шудани озодиҳо дар Тоҷикистон медонанд. Рӯзноманигори тоҷики муқими Фаронса Зафари Сӯфӣ боздошти Шокирҷон Ҳакимовро идомаи “шикор”-и рӯшанфикрон дар кишвар медонад.

Ба гуфтаи ин рӯзноманигор, Шокирҷон Ҳакимов шояд аз охирин нафароне буд, ки дар баробари фасодкорӣ ва амалҳои ғайриқонунии мақомот вокуниш мекард ва аз дидгоҳи қонун ошкоро интиқод мекард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро сиёсатмадори тоҷикро дастгир карданд?

“Ҳар падидае ки дар ростои ҳукумати мутлақаи Эмомалӣ Раҳмон заррае барояш дарди сар эҷод карда бошад, ҳатман онро ба ҳар тариқе муҷозот мекунанд. ҲСДТ ва шахси Шокирҷон Ҳакимов дар ҳар сурат барои Эмомалӣ Раҳмон дардисарҳое эҷод карда буд. Раҳмон талошаш ин будааст, ки дар интихоботҳо фақат нафароне иштирок кунанд, ки ӯ худаш ризоят дода бошад. Ҳар касе бидуни ризояти ӯ талоше карда бошад, ҳатман муҷозот шудааст,”-афзуд Зафар Сӯфӣ.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби озодии баён, боздошти рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ интиқод мекунанд, ҳарчанд мақомот аксари танқидҳоро қабул надоранд. Вале танҳо дар ду соли ахир 8 хабарнигору блогер ва чанд ҳомии ҳуқуқ аз ҷумла Фаромӯз Эргашев, Манучеҳр Холиқназаров, соҳибкори шинохта Абдухалил Холиқзода, нависанда Абдуқодири Рустам ва чанд нафари дигар зиндонӣ шуданд. Мақомот даъватҳои ҳомиёни ҳуқуқ барои раҳоии ин афродро нодида мегиранд.