Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бой намегӯяд, чӣ дорад." То ифшои дороии мансабдорон чӣ қадар монд? ВИДЕО


Вазирони тоҷик то ду соли дигар сарваташонро нишон медиҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Ба Тоҷикистон барои эълони дороии мансабдорон, ки қаблан мегуфтанд “ҷомеа ба қабули он омода нест”, камаш ду соли дигар зарур будааст. Ҳоло роҳҳои чӣ гуна пешкаш кардани онро як гуруҳи иборат аз намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ баррасӣ дорад.

Маоши кам, вале сарвату дороии баъзе аз мансабдорон шубҳаро дар бораи шаффофияти кори онҳо ва ё суистифода аз мақомашон зиёд кардааст.

"Омӯзиши масъала идома дорад"

Мансабдорони тоҷик ё хидматчиёни давлатӣ дар бораи дороиҳои худ ба Оҷонси хидмати давлатӣ эъломия пешниҳод мекунанд. Ин маълумот расман пахш намешавад ва ҷомеа дар бораи дороиҳои мансабдорон чизе намедонад.

Ҷумъа Давлат, раиси Оҷонси хидмати давлатӣ, рӯзи 30-юми январ ҳангоми нишасти хабарӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт: “Омӯзиши масъала идома дорад. Дар ҳолати омода шудани лоиҳаи интишори эъломия тамоми расонаҳо огоҳ карда мешаванд.”

Мавзӯи ифшои дороии мансабдорон дар соли 2019 ва замоне доғ шуд, ки Ҷумъа Давлат гуфта буд, "ҷомеаи Тоҷикистон ба қабули он омода нест". Вай таъкид карда буд, ки "ҳар вақте сатҳи тафаккур ва фаҳмиши ҷомеа ба сатҳи ҷомеаи ғарбӣ баробар шавад, ҳатман масъалагузорӣ мекунем".

Ҳарчанд тартиби пешниҳоди эъломия дар бораи дороиҳо ва амволи мансабдорони Тоҷикистон бист сол боз ҳаст, ин маълумот боре оммавӣ нашудааст. Акнун масъулони Оҷонси хидмати давлатӣ бовар доранд, то ду соли дигар пешниҳоди ҷомеа мегардад.

Як пурсиши кӯтоҳи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои пойтахт нишон дод, ки бархӯрд ба мавзуъ яксон нест. Бархе онро муҳим намедонанд, вале баъзеи дигар мегӯянд, ки эълони дороиҳо як роҳи таъмини шаффофият ва мубориза бо коррупсия аст.

"Ҳамсояаш ҳам медонад, коргарҳояш ҳам"

“Кадом бой мегӯяд, ки ман ҳамин қадар чиз дорам? Ягон кас намегӯяд. Мансабдорон тамоман намегӯянд. Бе ин ҳам мо медонем, ки онҳо чӣ доранд. Ҳамсояаш ҳам медонад, коргарҳояш ҳам медонанд. Ин масъаларо, рости гап, бояд депутатҳо ҳал кунанд,” – гуфт яке аз назардиҳандаҳо.

“Ман намехоҳам, ки дороиҳои маро касе донад. Барои ҳамин, намехоҳам, ки дороиҳои дигаронро донам. Ҳасадхӯрӣ зиёд мешавад,” – бовар дорад дигаре.

Вале эълони дороии мансабдорони давлатӣ, аз корманди қаторӣ гирифта то президент, дар бисёре аз кишварҳои пешрафта кори маъмулист. Коршиносон мегӯянд, эҳтимол хидматчиёни давлатӣ аз ифшои дороиҳои худ, ки зоҳиран кам нест ва сарчашмаашро фош кардан намехоҳанд, ҳарос доранд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, бовар дорад, ки аз назорати порлумон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дур будани кори хидматчиёни давлатӣ боис ба он шудааст, ки ҷомеа аз дороиҳои онҳо бехабар монад.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

“Кори бисёре анҷом надода, исбот кардан мумкин аст, ки маҷмӯи даромади хидматчии давлатӣ, бо дарназардошти дигар имтиёзҳо, ба воқеияти зиндагии вай мувофиқат намекунад. Аммо мақомоти назоратӣ, ки дар заминаи умумияти манфиатҳо кор мекунанд ва сиёсати кадрӣ низ ғалат аст, фасод ҳамчун падидаи номатлуб ба воқеияти фарҳанги муносибатҳои иҷтимоӣ табдил ёфтааст,” -- гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, интишори дороиҳои мансабдорони тоҷик, яке аз шартҳои ниҳодҳои байнулмилалӣ аст, аммо бинобар набудани иродаи сиёсӣ ин чиз татбиқ намешавад.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 19 ҳазор хидматчии давлатӣ кор мекунанд. Ба гуфтаи масъулони Оҷонси хидмати давлатӣ, мансабдороне, ки дар эъломия дороиҳои худро пурра нишон намедиҳанд, ҷазои маъмурӣ хоҳанд гирифт ва ҳатто аз мансаб ронда хоҳанд шуд. Вале суоли асосӣ ҳамоно ин аст, ки чаро аз ифшои он худдорӣ мекунанд ё меҳаросанд?

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG