Шоми 4 март дар Душанбе музокироти Комиссияи муштараки таъйини хатҳои марзӣ ва аломатгузории марзҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон оғоз ёфт. Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон ва раҳбари ҳайати Қирғизистон дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайати Қирғизистон баъд аз зуҳри 4 март вориди Душанбе шуд ва то охири рӯз мулоқоти аввали худро анҷом дод. Раҳбарии ҳайати Тоҷикистонро дар ин музокирот Муродалӣ Алимардон, муовини нахустввазири ин кишвар бар ӯҳда дорад.
Ин даври музокирот дар ҳоле баргузор мешавад, ки аз се як ҳиссаи марзи миёни ин ду кишвар то ҳол баҳсбарангез боқӣ мондааст ва ҷонибҳо барои аломатгузорӣ ва таъйини хати марз ба тавофуқ нарасидаанд. Ин баҳсҳо ба хусус соли гузашта баъд аз тирандозиҳои 11 январи соли 2014 дар минтақаи марзии миёни рустои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва рустои Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ташдид ёфт.
Баъд аз он лаҳни музокироти ҷонибҳо то муддате дӯстона набуд ва Қирғизистон дуруст як соли пеш дар ҳамин шабонарӯзҳо дар аввали моҳи март сафирашро аз Тоҷикистон фаро хонд. Вале акнун баъд аз чанд даври музокирот дар Бишкеку Хуҷанд ва Душанбе мавзеъгирии ҷонибҳо нарм шудааст, бо вуҷуди он ихтилофоти назар ҳамоно боқӣ мондааст. Дар гуфтугӯе нахуст аз Абдураҳмон Маматалиев пурсидам, дар Душанбе ҷонибҳо барои баррасӣ кадом масъалаҳоро матраҳ мекунанд?
Маматалиев: Масъалаҳои таъйини хати марз ва аломатгузории он масъалаҳои асосӣ боқӣ мемонад. То оғози ин музокирот, коршиносон дар минтақаҳои баҳсбарангез ва қисматҳои дигар кор карданд ва дар минтақаҳои баҳсбарангез дар бораи кашидани хати марз хулосаҳои худро доранд. Ин масъаларо ба баррасӣ мегирем. Гузашта аз ин, гурӯҳи коршиносон қарори худро пешкаш мекунад. Кори онҳо бад набуд ва дар бораи тақрибан 48 километри дигар пешниҳод омода кардаанд. Ҳамчунин пешнависи созишномаи ҷонибҳо роҷеъ ба марзҳои давлатиро баррасӣ мекунем. Дар он ҷо ҳамчунин як масъалаи дигар ҳаст, яъне пешнависи созишнома дар бораи сохтмони роҳҳо дар минтақаҳои марзӣ.
Озодӣ: Чунин ба назар мерасад, ки аз соли гузашта то ҳол мавзеъгирии ҷонибҳо нарм шудааст. Бо назардошти он, то чӣ андоза ҷонибҳо ба ҳалли масъалаҳои баҳсбарангези марзӣ наздик шудаанд?
Маматалиев: Ман метавонам бигӯям, ки дар ҳали масъалаҳои баҳсбарангез низ ҷонибҳо пешрафт кардаанд. Роҷеъ ба баъзе масъалаҳо дар гузашта гуфтугӯи ҷонибҳо хеле тунд буд. Муноқишаҳо низ дар байни аҳолии маҳалии ду тарафи марз рух дода буд. Ихтилофи назарҳо дар бораи сохтмони роҳҳо ва пулҳо, дар бораи аз марз фаро хондани посгоҳҳои нируҳои марзбонӣ ва амсоли он вуҷуд дошт. Мо роҷеъ ба ин масъалаҳо то андозае бо якдигар “забон” ёфтаем ва бештар ба баррасии масъалаҳои таъйини хати марз машғул мешавем.
Озодӣ: Мо метавонем бигӯем, ки Қирғизистон дар ноҳияи Исфара роҳи нав месозад ва ин роҳ аз давродаври қаламрави ноҳияи Исфара мегузарад?
Маматалиев: Ба истиснои сохтмони пулҳо ва роҳҳо, ки дар ноҳияҳои Исфараву Ботканд пешбинӣ шудааст ва дар протоколҳои Қирғизистону Тоҷикистон ворид мешавад, мо ба тавофуқ наздик шудаем ва фақат бояд он имзо шавад.
Озодӣ: Дар музокироти авали соли гузашта масъалаи чоҳҳои нафт дар манотиқи баҳсбарангези миёни ду кишвар баррасӣ шуда буд ва ҷонибҳо ба натиҷае нарасиданд. Ҳоло ин масъала низ дар дастури рӯзи музокироти ҳайатҳо ҳаст ва мавзеъгирии ҷонибҳо чӣ тавр аст?
Маматалиев: Ин масъаларо мо баррасӣ нахоҳем кард. Танҳо масъалаҳои таъйини хати марз ва аломатгузорӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Озодӣ: Кадом минтақаҳои марзии баҳсбарангез боқӣ мондаанд?
Маматалиев: Ман дар ин бора телефонӣ наметавонам сӯҳбат кунам, чунки ин гуфтугӯи тӯлонист. Вале ба шумо мегӯям, ки мо дар ин бора дар музокироти рӯзи панҷшанбе баррасиҳоямонро давом медиҳем.