Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишҳои нави Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳамоиши Бишкек


Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расидаанд, ки сохтмони роҳҳо аз ду ҷониб дар як вақт шурӯъ шавад.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, ки дар ҳайати Кумиссияи байниҳукуматӣ оид ба масоили марз дар мулоқоти ҳайатҳои кумисияи муштарки ду кишвар ширкат дошт, мегӯяд, протоколи Бишкек имкон медиҳад, ки сохтмони тарҳи роҳҳои мошингард аз ду тараф танҳо дар як вақт оғоз шаванд.

Ҷумъабой Сангинов рӯзи 29 август дар сӯҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ натиҷаи мулоқоти Бишкекро мусбат ва муфид арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар ин гуфтушунид муҳимтар аз ҳама санад, яъне протокол ба имзо расид, ки тарҳҳои роҳҳои мошингард ба хотири аз байн бурдани баҳсҳои ду тарафа сохта хоҳанд шуд.

Ҷаноби Сангинов афзуд, ки дар протокол зикр шудааст, ки сохтмони тарҳҳои роҳҳои мошингард ҳам аз тарафи Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон танҳо бо фароҳам овардан шудани шароити муносиб, ҳамзамон дар як вақт шурӯъ карда хоҳанд шуд. Яъне ҳеҷ ҷонибе яктараф набояд ба сохтмони роҳҳо идома диҳад.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд.
Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд.

Ҷумъабой Сангинов афзуд, ки дар масъалаи аломатгузорӣ ва нишонагузории мавзеъҳои мавриди баҳс ҳам ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизстон бастаи пешниҳодҳои худро ироа карданд, ки бо табиқи инҳо, мушкили баҳсҳои хутути марзӣ низ бартараф хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти маҳаллӣ дар Исфара мегӯянд, роҳсозони қирғиз дигарбора ба сохтмони роҳ дар мавзеи Тангӣ воқеъ дар рӯ ба рӯи деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара оғоз кардаанд. Собир Сафаров, раиси хоҷагии деҳоти Хоҷаи Аъло рӯзи 29 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки роҳсозони Қирғизистон ба сохтмони роҳи «Оқсой-Тамдиқ» даро мавзеъи Тангӣ шурӯъ карданд. Сокинони Хоҷаи Аъло ҳам мегӯянд, вақте аз роҳсозони қирғиз пурсиданд, ки барои чӣ зуд ба сохтмонӣ шурӯъ карданд, онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки "шумо ҳам сохтмонро сар кунед."

Ҳоло дар мавзеи «Тангӣ», ки роҳи Оқсойро бо Тамдиқ пайваст мекунад, экскватору булдозерҳо кор карда истодаанд. Ба гуфтаи сокинони хоҷагии деҳоти Хоҷаи Аъло, мақомоти сарҳадбонии Қирғизистон дирӯз дар масҷиди мавзеи «Кӯкташ», ки дар ҳамсоягии маҳаллаи «Сомониён» қарор дорад, беш аз 100 марзбонӣ иловагӣ оварда ҷойгир карданд.

Собир Сафаров, раиси хоҷагии деҳоти "Хоҷаи Аъло"- и ҷамоати Чоркӯҳ мегӯяд, ҳоло барои сохтмони тарҳи Хоҷаи Аъло-Ворух иқдоме сурат нагирифтааст ва танҳо баъди дастури расмии мақомот, сохтмони он шурӯъ шавад.

Ин дар ҳолест, ки ҳайати Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек 27 август ба мувофиқа расиданд, ки тарҳҳои “Куктош – Оқсой – Тамдиқ-Кишмиш”, ки чандкиламетрии он аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад ва роҳи мошингарди «Хоҷааъло– Ворух-Исфараро бо фароҳам овардани шароити муносиб, ҳамзамон дар як вақт оғоз хоҳанд кард.

Дар иртибот ба ин мувофиқа як протокол ба имзо расид, ки зери он муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев муовини нахсутвазири Қирғизистон имзо гузоштанд. Дар музокироти ҳайатҳои ду кишвар бо пешниҳоди ҳайати Тоҷикистон мувофиқа шуда буд, ки сохтмони якҷонибаи «Оқсой - Тамдиқ - Кишмиш», ки аз тарафи роҳсозони Қирғизистон идома дошт, мутаваққиф карда шавад.

Моҳи июли соли равон комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ дар музокирот таҳти раҳбарии сарвазирони ин кишварҳо ба созиш расида буданд, ки гурӯҳҳои кории марзӣ вариантҳои хатҳои гузариши сохтмони роҳҳои Ворух - Исфара ва Оқсой – Тамдиқро омӯхта, наҳваи татбиқи онро таҳия ва ба комиссияи мазкур пешниҳод кунанд.

XS
SM
MD
LG