Парлумони Тоҷикистон таҷҳизотеро, ки аз Олмон барои чопи шиносномаҳои биометрӣ ворид мешавад, аз боҷи гумрукӣ озод кард.
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми декабр дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон аз вакилон хост, таҷҳизотеро, ки аз Олмон ба хотири ҷорӣ кардани паспорт ё шиносномаи "биометрӣ" ворид карда мешаванд, аз боҷи гумрукӣ ва дигар навъҳои андоз озод кунанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо назардошти аҳамияти масъала дар Қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2012 тағйирот ворид карданд ва таҷҳизоте, ки аз Олмон ба маблағи 3 миллиону 357 ҳазору 259 сомонӣ ворид карда мешавад, аз андозу боҷи гумрукӣ озод карда шуд.
Ба гуфтаи Ҳамроҳхон Зарифӣ, шуруъ аз 14 то 19-уми декабри соли ҷорӣ ҳамаи таҷҳизот ба Тоҷикистон ворид карда мешавад ва ин васоили фаннӣ дар 36 марказе, ки дар ҳама навоҳии кишвар барои ҷамъоварии маълумот таъсис дода шудааст, васл карда хоҳад шуд. Вай илова кард, ки дар соли ояндаи 2013 сокинони Тоҷикистон, на танҳо дар Душанбе, балки дар навоҳии кишвар низ, метавонанд паспорти "биометрӣ" дарёфт кунанд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон бо назардошти аҳамияти дастрас шудани паспорти "биометрӣ" дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон зикр кард, ки 300 ҷои кории нав пайдо шуда, қимати ин шиноснома то 30 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Мувофиқи маълумоти бахши консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, қимати паспорти "биометрӣ" 75 доллар мебошад.

Шиносномаҳои биометрии Тоҷикистон дорои ранги сиёҳ, ҷигарӣ ва сурхи баланд аст. Аммо шиносномаҳои биометрии Туркманистон ва Қазоқистон бо рангҳои сабз ва осмонӣ чоп шудаанд. Зимнан, дар 80 давлати дунё шиносномаҳои хориҷии биометрӣ мавриди истифода қарор дорад. Тоҷикистон, пас аз Қазоқистону Туркманистон, севумин кишвари минтақа аст, ки аз ин иқдом пайравӣ кардааст.