"Баъзе муҳоҷирони рондашуда аз Русия мехоҳанд, ба Амрико раванд"

Акс аз бойгонӣ

Бо шурӯи номнависӣ барои ширкат дар бахтсанҷии "Green Card", даҳҳо нафар дар Тоҷикистон бо умеди роҳ ёфтан ба Амрико ва кору зиндагӣ дар он кишвар дар пайи пур кардани ариза (барга дар бораи ҳувият ва аъзои хонавода) ҳастанд. Баъзе аз онҳо муҳоҷироне будаанд, ки аз Русия ронда шудаанд.

Рустам Одинаев аз соли 2019 ба сокинони шаҳри Кӯлоб дар пур кардани аризаи "Green Card" ёрӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, "бештар ҷавононе ҳастанд, ки аз Русия ихроҷ шудаанд ва мехоҳанд ба Амрико рафта кор кунанд. Ба мо муроҷиат мекунанд, мо барояшон мефаҳмонем, ёрӣ медиҳем."

Зафарҷон Рауфов, сокини ноҳияи Кушониён, соли дуюм аст, ки бахти худро дар озмуни "Green Card" месанҷад.

Вай барои пур кардани дархост аз ноҳияи Кушониён ба шаҳри Бохтар омадааст. Рауфов мегӯяд, шароити кор дар Амрико назар ба Русия беҳтар аст ва барои ҳамин мехоҳад ба он сӯи Уқёнус биравад.

Ин шабу рӯз тақрибан дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон марказҳое фаъол шудаанд, ки барои пур кардани пурсишномаи "Green Card" ба мардум кумак мекунанд. Барои ин корашон аз ҳар нафар 50 сомонӣ ҳақ мегиранд. Ворид кардани маълумот дар вебсайти "Гринкорт" ройгон аст.

Кормандони ин марказҳо мегӯянд, солҳои охир сокинон бештар мехоҳанд хонаводагӣ ба Амрико сафар кунанд. Алишер Ашӯров, корманди яке аз ин марказҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳам шавҳар ва ҳам зан дархост месупоранд ва дар ин ҳолат барояшон ду рамз дода мешавад. “Кадом рамзе комёб шуд, метавонанд ба Амрико раванд," -- афзуд ӯ.

Сабти ном барои ширкат дар озмуни "Грин Корт"-и Амрико аз 2-юми октябр оғоз шуда, то 5-уми ноябр идома мекунад.

Иёлоти Муттаҳида ҳар сол тавассути корти сабз барои 55 ҳазор нафар аз саросари ҷаҳон имкони дарёфти ҳаққи иқомат ва корро дар ин кишвар фароҳам меорад.

Солҳои охир ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо нияти кори беҳтар ба Амрико мераванд. Бархе тақдири худро дар бахтозмоии “грин корт” санҷида, бархеи дигар бо роҳҳои гуногун то сарҳади Мексика мераванду аз онҷо ба Амрико мегузаранд.

Тоҷиконе, ки қаблан ба Амрико рафтаанд, мегӯянд, бе донистани забони англисӣ ва доштани касби мушаххас зиндагӣ дар Амрико ҳам осон нест.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Барои супурдани аризаи "Green Card" навбат мепоянд