Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корти сабз - роҳе, ки садҳо кас мехоҳад ба Амрико равад. ВИДЕО


Дар рӯзи аввали сабти ном барои ширкат дар озмуни "Green Card" ё корти сабзи Амрико назди бархе марказҳо дар Душанбе навбатпоӣ буд. Даҳҳо нафар бо умеди пайдо кардани ҷойи кори хуб талош мекунанд бо ин роҳ худро ба ИМА расонанд.

Фарзона, сокини шаҳри Душанбе, яке аз онҳост. Чанде аз дӯстонаш аз ин роҳ ба Амрико рафта, он ҷо кору зиндагӣ мекардаанд. Ҳамсуҳбати мо бори аввал аст, ки бахти худро дар ин роҳ месанҷад. “Мехоҳам барои хондан ва кор кардан ба Амрико равам,”- мегӯяд Фарзона.

Масъулони марказҳое, ки дар пур кардани дархости ширкат дар озмуни “грин корт” машғуланд, гуфтанд, солҳои ахир таваҷҷӯҳи сокинони Тоҷикистон ба ин озмун меафзояд.

Рустам Умаров, роҳбари ширкати “Гринлайт” рӯзи 4-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бархе аллакай аз моҳи сентябр омада анкета пур кардаанд.

“Имшаб соати 9-и шаб сомона кушода мешавад ва мо анкетаҳоро ворид мекунем. Пеш аз сабти ном, сокинон бояд ба дурустии санадҳои худ диққати ҷиддӣ диҳанд, то баъди интихоб шудан барояшон мушкил пеш наояд,” - афзуд Умаров.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Имкони муҳоҷират ба ИМА ва ё мавсими нави лотереяи "Green Card"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Ширкат дар озмун барои дарёфти корти сабзи Амрико ройгон аст. Аммо марказҳое, ки ба ин кор машғуланд, барои ворид кардани маълумот ба сомонаи Департаменти давлатии Амрико аз сокинон ҳаққи хизмат мегиранд. Мушоҳидаи мо нишон дод, ки сокинон барои ворид кардани маълумот дар чунин марказҳо аз сокинон 50 сомонӣ мегиранд.

Пешниҳоди санадҳо барои ширкат дар озмуни корти сабз 4-уми октябр оғоз шуда, то 7-уми ноябр идома мекунад.

Ҳамсуҳбатони мо дар чунин марказҳо мегӯянд, ба хотири набудани ҷойи кори муносиб дар дохили кишвар ва ҳам бархурди номуносиби пулис дар Русия, талош мекунанд ба Амрико раванд. Бархе тариқи озмуни корти сабз ва баъзеи дигар тавассути Мексика мехоҳанд ба ИМА раванд. Тоҷиконе, ки қаблан ба Амрико рафтаанд, мегӯянд, бе донистани забони англисӣ ва касби аниқ зиндагӣ дар Амрико ҳам осон нест.

Иёлоти Муттаҳида ҳар сол тавассути корти сабз барои 55 ҳазор нафар дар саросари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату корро дар ин кишвар фароҳам меорад. Аз онҳое, ки дар озмуни соли гузашта иштирок доштанд, тақрибан 3400 кас барандаи корти сабзи Амрико шудаанд.

Бино ба муқаррароти ИМА, дарёфти корти сабз ҳанӯз роҳи ҳамвор ба Амрико нест ва кафолати онро надорад, ки шумо виза ё раводиди ин кишварро ба даст меоред.

То моҳи октябри соли 2022 масъулияти додани раводиди муҳоҷират ба Амрико ба дӯши сафоратхонаи ин кишвар дар Қазоқистон буд. Ҳоло чунин хадамот барои шаҳрвандони Тоҷикистони ҷӯёи муҳоҷират ба ИМА дар шаҳри Душанбе ҳам анҷом мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG