Аз 4-уми октябр то 7-уми ноябри соли равон сабти ном барои иштирок дар лотереяи “Green Card” ё корти сабзи Амрико оғоз мешавад. Дар ин бора сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дод.
Сафорат дар шарҳи хабараш навишт, "иштирок дар барномаи Грин Корт - DV2025, барои шаҳрвандони кишварҳое, ки мизони пасти муҳоҷиратро ба Иёлоти Муттаҳида доранд, аз 4 октябр то 7 ноябри соли 2023 қабул карда мешавад".
Ба иттилои Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, дархостҳоро танҳо тавассути сомонаи www.dvprogram.state.gov пешниҳод кардан мумкин аст.
Солҳои охир ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо нияти кору даромади бештар ба Амрико мераванд Бархе тақдири худро дар бахтозмоии “грин корт” санҷида, бархеи дигар бо роҳҳои гуногун то сарҳади Мексика мераванду аз онҷо ба Амрико мегузаранд.
Иёлоти Муттаҳида ҳар сол тавассути корти сабз барои 55 ҳазор нафар дар саросари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату корро дар ин кишвар фароҳам меорад.