Байден гуфт, ки Путин дар Украина "ноком" шудааст

Ҷо Байден

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал гуфт, президенти Русия Владимир Путин бо ҳамлааш ба Украина “ба ҳадафи аслии худ нарасид” ва аз аъзои ин ниҳоди байнулмилалӣ хост, ки ба пуштибонӣ аз Киев идома диҳанд.

“Путин қасд дошт, ки Украинаро нобуд кунад, вале Украина ҳанӯз озод аст,” – гуфт Ҷо Байден рӯзи 24-уми сентябр. Ин суханронии охирини ӯ дар мансаби президенти Иёлоти Муттаҳида дар Маҷмаи Умумист.

Байден рӯзи сешанбе афзуд, “ҷаҳон бояд интихоб кунад, ки пуштибониро аз Украина идома диҳад ва ё ин таҷовузро нодида гузарад. Посухи ман ин аст, ки мо аз ҳимояти худ аз Украина даст нахоҳем кашид."

Пештар Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, аз аъзои Маҷмаи Умумии Созмони Милал хоста буд, ки ҳуҷуми Русияро ба кишвараш баррасӣ кунанд: "Мо бояд монеи терроризм шавем. Ба хотири амният ва оянда. Русия бояд ба таҷовузи ҷинояткорона ва беасосаш, ки тамоми қонуну меъёрҳои байнулмилалиро зери по мекунад, поён бахшад."

Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард ва аз он вақт даргирӣ идома дорад. Дар ин муддат аз ду тараф ҳазорҳо нафар кушта ва миллионҳо украинӣ беҷо шудаанд.

ҒАЗЗА

Ҷо Байден дар суханронияш дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар бораи ҷанг дар Ғазза низ суҳбат кард. Вай аз Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) хост, пешниҳоди оташбасро, ки Вашингтон бо кишварҳои шарикаш дар минтақа омода кардааст, ниҳоӣ кунанд.

"Ҷаҳон набояд ваҳшати рӯзи 7-уми октябрро аз ёд барад," – гуфт раиси ҷумҳури Амрико. Рӯзе, ки ҷангҷӯёни "Ҳамос" бо ҳамла ба ҷануби Исроил 1200 нафарро куштанд ва беш аз 250 касро гаравгон гирифтанд.

Дар тақрибан як соли охир ва дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 40 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.

ЛУБНОН

Байден аз ҷанг дар Лубнон ҳам ҳушдор дод. Ҷое, ки рӯзи 23-юми сентябр садҳо нафар дар ҳамлаҳои Исроил кушта шуданд. Телавив мегӯяд, бо ҳадафи аз байн бурдани ниманизомиёни "Ҳизбуллоҳ" ва захираи муҳиммоти онҳо амалиётро ба роҳ монд. Амрико гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро созмони террористӣ медонад.

"Ҷанг ба манфиати ҳеч кас нест. Ҳарчанд вазъ муташанниҷ гаштааст, ҳанӯз ҳалли дипломатии қазия имконпазир аст", -- гуфт Байден. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Созмони Милал бояд талош кунад, то Эрон "ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ гоҳ ба силоҳи ҳастаӣ даст наёбад."

ХИТОБ

Ҷо Байден 81-сола аст. Вай дар моҳи июл аз идомаи рақобат дар интихоботи пешорӯйи Амрико даст кашид ва роҳи муовинаш Камала Ҳаррисро барои довталабӣ ба курсии президенти ин кишвар ҳамвор намуд.

Президенти Амрико дар суханронияш рӯзи сешанбе гуфт, "раисҷумҳур будан ифтихори зиндагии ман буд. Ҳамон қадр, ки ин шуғлро дӯст дорам, кишварамро бештар дӯст дорам. Ман тасмим гирифтам, пас аз панҷоҳ сол хидмати умумӣ, насли ҷадиде аз раҳбарон кишвари маро пеш баранд."

Байден дар интиҳои суханронии худ хитоб ба раҳбарони ҷаҳон гуфт: "Ҳамкорон, ҳаргиз фаромӯш накунем, ки баъзе чизҳо муҳимтар аз мондан дар қудрат ҳастанд. Ин мардуми шумо ҳастанд, ки аҳамияти бештар доранд. Ҳаргиз фаромӯш накунед, мо инҷо ҳастем, то ба мардум хидмат кунем, на баръакс. Оянда мутааллиқ ба шахсоне хоҳад буд, ки зарфияти омили мардумро барои озод нафас кашидан, озодона андешидан, навоварӣ, омӯзиш, зиндагӣ ва дӯст доштани ошкор ва бидуни тарс ба кор бигиранд. Ин рӯҳи демократия аст."