Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бояд ранҷи мардум ва гаравгонҳо поён ёбад". Музокирот барои оташбас дар Ғазза


Миёнаравҳо гуфтанд, музокирот бояд ба ҷанг дар Ғазза поён диҳад
Миёнаравҳо гуфтанд, музокирот бояд ба ҷанг дар Ғазза поён диҳад

Даври нави музокироти оташбас дар Навори Ғазза, бе ҳузури намояндагони гурӯҳи "Ҳамос" 15-уми август дар шаҳри Давҳаи Қатар оғоз шуд. Як мақоми амрикоии огоҳ аз музокирот, натиҷаҳои рӯзи аввалро "созанда" гуфтааст.

ИМА ва кишварҳои аврупоӣ "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд. Роҳбарони ин гуруҳ эълон кардаанд, ки пешниҳоди миёнаравҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

Қатар, Миср ва Амрико моҳҳост барои поёни ҷанг дар Ғазза миёни Исроил ва гуруҳи «Ҳамос» миёнаравӣ мекунанд. Кохи Сафед таъкид кардааст, ки бо вуҷуди ҳузур надоштани намояндагони "Ҳамос", музокирот тибқи барнома пеш хоҳад рафт.

Ҷон Карби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико рӯзи 15-уми август ба хабарнигорон гуфт, "ин музокирот муҳим аст. Монеаҳои боқимонда метавонанд аз байн бардошта шаванд ва мо бояд ин равандро ба анҷом расонем".

Як мақомдори дигари амрикоӣ бидуни овардани ҷузъиёти бештар ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, музокироти рӯзи панҷшанбе "созанда" буд. Ҳамчунин мақомдорони Қатар низ таъкид кардаанд, ки ҷонибҳо бар сари даст ёфтан ба оташбас, ҷиддӣ ҳастанд

Моҷид Ал-Ансорӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қатар дар поёни рӯзи аввали гуфтугӯҳо бо ишора ба талошҳои Давҳа ҳамроҳ бо Миср ва Амрико гуфт, тасмим барои даст ёфтан ба созиши оташбас, озодии гаравгонҳо ва расондани кӯмакҳои башардӯстона ба Ғазза қатъӣ аст.

Ин мақоми Вазорати корҳои хориҷии Қатар бо ишора ба баёнияи ҳафтаи гузаштаи раҳбарони се кишвари миёнарав, хостори поён додан ба "ранҷҳои дарозмуддати сокинони Ғазза, гаравгонҳо ва хонаводаҳои онҳо" шуд.

Ал-Ансорӣ ба имзои созише таъкид кардааст, ки аз сӯи Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико пешниҳод шуда, дар Шӯрои амнияти СММ қабул гардид.

Тарҳи пешниҳодии Ҷо Байден се марҳиларо дар бар мегирад. Марҳилаи аввал шомили "оташбаси комил" ба муддати шаш ҳафта мешавад. Дар ин марҳила ҳамчунин нерӯҳои исроилӣ аз "ҳама минтақаҳои сераҳолии Ғазза" ақибнишинӣ мекунанд ва "Ҳамос" низ "шуморе" аз гаравгонҳо бахусус занон, пиронсолон ва захмиҳоро раҳо мекунад.

Дар марҳилаи дувум, ки он ҳам шаш ҳафта давом мекунад, нерӯҳои исроилӣ ба таври комил аз Ғазза ақибинишинӣ мекунад ва "Ҳамос" ҳама гаравгонҳои боқимондаро озод мекунад.

Байден гуфтааст, ки агар тарафҳо ба ин созишнома пойбанд монанд, он гоҳ даргириҳо тамом мешаванд. Марҳилаи севуми тарҳи президенти ИМА, барқарории субот дар минтақа ва барқарор кардани Ғазза таҳти ҳимояти Амрико ва ҷомеаи байнулмилалирро дарбар мегирад.

"Ҳамос" мегӯяд, ки ин гурӯҳ танҳо моил ба музокирот бар сари мавзуъҳое аст, ки дар тарҳи оташбаси Амрико ишора шуда ва ҳозир ба музокирот бар сари масъалаҳои фаротар аз он нест.

Ҳуссом Бадрон, узви Дафтари сиёсии "Ҳамос" рӯзи панҷшанбе гуфт, ҳар музокирот бояд бар асоси барномарезии рӯшан барои иҷрои созишҳои қаблӣ анҷом шавад ва ҳар тавофуқе низ бояд ба "оташбаси комил, хуруҷи комили нерӯҳои исроилӣ аз Ғазза, бозгашти гаравгонҳо, бозгашти оворагони фаластинӣ ва мубодилаи гаравгонҳо" боис шавад.

Манбаъҳои дипломатии огоҳ мегӯянд, қарор аст миёнаравҳо пас аз ин музокирот, натиҷаҳояшро ба намояндагони "Ҳамос" расонанд.

XS
SM
MD
LG