Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский аз тарҳи поёни ҷанг гуфт. Лавров аз Ҷанги ҷаҳонии севум ҳушдор дод


Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки ҷанг бо Русия дар ниҳоят аз тариқи гуфтугӯ поён мегирад, аммо Киев бояд мавзеи қавӣ дошта бошад ва ӯ мехоҳад дар ин робита тарҳеро ба Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ва ду номзади интихоботи президентии ИМА пешниҳод кунад.

Президенти Украина рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, ки пешравии артиши Украина дар минтақаи Курски Русия давоми се ҳафтаи ахир, бахше аз ин тарҳ аст, аммо ин амалиёт дар айни ҳол бо иқдомҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ низ ҳамроҳ хоҳад буд.

Ӯ дар Киев ба хабарнигорон гуфт, "нуктаи муҳими ин тарҳ ин аст, ки Русия маҷбур шавад то ба ҷанг хотима диҳад. Мо ба дунболи чунин чизе ҳастем ва барои Украина низ одилона хоҳад буд".

Владимир Зеленский дар бораи иқдомоти баъдии Украина тавзеҳ надод, аммо гуфт, ки дар бораи ин тарҳ бо Камала Ҳаррис, муовини раиси ҷумҳури Амрико ва номзади демократҳо дар интихоботи панҷуми ноябр, ва ҳамчунин эҳтимолан бо Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи ояндаи ИМА, гуфтугӯ хоҳад кард.

Раиси ҷумҳури Украина сипас ибрози умедворӣ кард, ки дар моҳи сентябр барои иштирок дар Маҷмаи умумии СММ ба Ню-Йорк биравад ва дар он сафар бо Ҷо Байден мулоқот кунад.

Изҳороти Зеленский нишон дод, ки ӯ Маҷмаи умумии Созмони Милалро фурсате барои пайгирии натиҷаҳои ҷаласаи байналмилалии сулҳ медонад, ки моҳи июн дар Шведсия баргузор шуд.

Аввалин нишасти байналмилалии сулҳи Украина, ки дар Шведсия баргузор шуд, бе ҳузури намояндаи Русия ба унвони тарафи аслии ҷанги Украина буд. Чин ҳам, ки дувумин иқтисоди бузурги ҷаҳон аст, бо вуҷуди дархости Киев дар ин ҷаласа иштирок накард.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар пайи ҳамлаи артиши Украина ба хоки Русия ва минтақаи Курск, ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки музокирот дигар дар дастури кор нест.

Вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин рӯзи 27-уми август бо ишора ба амалиёти артиши Украина дар хоки Русия гуфт, ки кишварҳои ғарбӣ бо ташвиқи Киев ба ин амр, бо оташ бозӣ мекунанд ва ба ИМА низ ҳушдор дод, ки Ҷанги ҷаҳонии севум ба Аврупо маҳдуд нахоҳад шуд.

Сергей Лавров гуфт, ки Ғарб хостори сахттар шудани ҷанги Украина аст ва бо чароғи сабз нишон додан ба Украина барои истифода аз аслиҳаи низомии хориҷӣ, "дунболи дарди сар мегардад".

Вазири корҳои хориҷии Русия ба хабарнигорон дар Маскав гуфт, "онҳо монанди бачаҳои хурдсоле ҳастанд, ки бо гӯгирд бозӣ мекунанд ва мо як бори дигар таъкид мекунем, бозӣ бо оташ барои ин калонсолони кӯдакмонанде, ки силоҳҳои ҳастаӣ дар ин ё он кишвари ғарбӣ ба онҳо супурда шуда, бисёр хатарнок аст".

Лавров афзуд, "амрикоиҳо дар гуфтугӯҳояшон ба таври ошкоро Ҷанги ҷаҳонии савумро чизе донистаанд, ки агар Худое накарда рух бидиҳад, фақат ба Аврупо маҳдуд хоҳад монд".

Вай сипас ҳушдор дод, ки Русия раҳнамуд ё доктринаи ҳастаии худро ба таври рушан тавзеҳ медиҳад.

Доктринаи ҳастаии соли 2020-и Русия муайян мекунад, ки раиси ҷумҳури ин кишвар чӣ замоне истифода аз силоҳи ҳастаиро метавонад ҷоиз бидонад ва он замоне аст, ки Русия мавриди ҳуҷум бо истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ ё дигар силоҳҳои куштори дастҷамъӣ қарор бигирад ё "замоне, ки мавҷудияти кишвар дар рӯбарӯи таҳдид қарор бигирад".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG