Барзу Абдураззоқов: Омодаам барои дарки ҳақиқат ҳама чизро қурбон кунам

Барзу Абдураззоқов

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруф ва яке аз намояндагони шинохтаи театри тоҷик дар хориҷа, 65-сола шуд. Ин коргардон барои ошкорбаёниаш ва бахусус пас аз манъи намоишномаи "Девонагӣ. Соли 93" дигар дар саҳнаҳои театрҳои Тоҷикистон кор карда наметавонад. Солҳои охир дар Қазоқистон аст.

Рӯзҳои наздик, қарор аст, аз Алмато ба Таллин рафта, ҳамроҳи ҳунарпешаҳои дигарандеши рус дар иҷрои намоишномаи "Романи тоталитарӣ" иштирок кунад. Инчунин, дар яке аз театрҳои пойтахти Эстония ба таҳияи намоишномаи "Дафтари як девона" (аз рӯйи асари Н. В. Гогол) машғул шавад. Барзу Абдураззоқов дар остонаи зодрӯзаш ба суолҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Кор бо ҳунарпешаҳои Қазоқистон чӣ гуна пеш меравад?

Барзу Абдураззоқов: Ба мисли ҷойҳои дигар. Ҳунарпешаҳо як гурӯҳи хос, як коргоҳро мемонанд. Агар гӯям, ки кор дар Қазоқистон назар ба Узбекистон осонтар аст ё кор дар Узбекистон дар муқоиса бо Таллин бадтар аст, дуруст нест. Агар коргардону ҳунарпеша ҳамдигарфаҳмӣ дошта бошанд, кор осон пеш меравад. Барои ман театр саёҳатро мемонад. Мисли Одиссее, ки савори киштии “Арго” ба кишваркушоӣ машғул буду аз пешаш боду борон, мавҷудоти якчашмаву ҳаюло, дӯсту душман, майдону ҷазираҳои нав мебаромад. Бо баъзе аз гурӯҳҳои эҷодӣ сайру ҷаҳонгардӣ бисёр хуб мегузарад, бо бархе на. Миллат ё забон ин ҷо ҳеҷ нақш надоранд.

Радиои Озодӣ: Оё дар вақтҳои охир аз Тоҷикистон пешниҳоде расидааст?

Мавқеи ман дигар нашудааст. Ин таҷовуз аст. Ин ҷанг аст. Ҳеҷ гуна ҷумҳурии Луҳанску Донетск вуҷуд надорад – инҳо ҳама қаламрави Украина ҳастанд.

Барзу Абдураззоқов: Аз соли 2010 ба ин сӯ аз Тоҷикистон ҳеҷ пешниҳод нагирифтаам. Аз соли 2010 амалан ягон тамосе бо театрҳои он ҷо надорам. Ман дар он кишвар зиндагӣ мекунаму мардумро дӯст медорам, вале бо театрҳои миллӣ тамосе надорам. Аз ин чиз зиёд нороҳат ҳам нестам.

"Дилам ба Украина месӯзад"

Радиои Озодӣ: Оё дар интихоби мавзӯъ ё намоишнома бо сензура ва ё маҳдудияте дучор мешавед, бахусус бо назардошти ҷанги идомаёбандаи Русия дар Украина?

Барзу Абдураззоқов: Аз кишвар ва шароиташ вобаста аст. Дар баъзе аз кишварҳо ҳолатҳое мешаванд, ки як намоишномаро пешниҳод мекунед ва ба шумо ҳамон замон мегӯянд, ки “на, ин мавзуъро роҳ намедиҳанд”. Дар баъзе аз кишварҳо дар иҷрои кор ва интихоби мавзуъ бисёр озод ҳастед. Бояд бигӯям, ки ба ҳар кишваре, ки меравам, фазои иҷтимоии онро ба инобат мегирам. Инро ба назар мегирам, ки чиро гуфта мешавад ва чиро на. Масъалаҳое ҳастанд, ки онро на ман, балки худи қазоқҳо ё қирғизҳо бояд бигӯянд. Ман ба масоили дохилии сиёсии онҳо ё низоъҳо кор надорам, вале дар умум чунин як мушкиле мисли фишори сензура вуҷуд надорад. Агар бошад ҳам, чандон ҷиддӣ нест ва агар як намоишнома рад шуд, дигарашро интихоб мекунам. Бояд гуфт, агар ман рӯзе аз ин театр рафтам, ҳунарпешаҳо мемонанд ва ман медонам, ки набояд баъд аз рафтани худ онҳоро дар вазъияти бад қарор диҳам. Дар мавзӯи ҷанги Русия алайҳи Украина бошад, на, дар ин мавзуъ асаре нагузоштаам. Ман шабу рӯз хабарҳоро пайгирӣ мекунам, чунки дилам барои Украина месӯзад. Ман бо тамоми вуҷудам тарафдори Украина ҳастам.

Радиои Озодӣ: Ду сол пеш ҷангро дар Украина маҳкум карда, зери мавҷи азими танқидҳо мондед. Ҳоло дар ин бора чӣ назар доред?

Барзу Абдураззоқов: Мавқеи ман дигар нашудааст. Ин таҷовуз аст. Ин ҷанг аст. Ҳеҷ гуна ҷумҳурии Луҳанску Донетск вуҷуд надорад – инҳо ҳама қаламрави Украина ҳастанд. Ин ҷанги оддӣ нест, ин наслкушиест, ки русҳо дар Украина ба роҳ мондаанд. Бо тамоми вуҷудам Украинаро ҳимоят мекунам. Ален Делон дуруст гуфт, ки агар ҷавонтар мебуд, ба ҷанг рафта дар хандақҳои украиниҳо меҷангид. Гуфт, ки ҳадди ақал метавонистам дока барам ё хӯроки гарм пазам, яъне ҳатман ёрӣ мекардам.

Радиои Озодӣ: Дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёриҳо ба ҷанг назари яксон надоранд, чаро чунин аст, ба фикри шумо?

Барзу Абдураззоқов: Кремл ва Маскав, Майдони Сурх ва мавзолейро бисёриҳо ҳамоно як марказ арзёбӣ мекунанд. Барои онҳо СССР ҳамчунон вуҷуд дорад. Издиҳоме, ки хоҳони бозгашти СССР аст, ҳанӯз ҳам хеле бузург аст. Онҳо фикр мекунанд, ҳар коре, ки Кремл мекунад, дуруст аст. Аз тафаккури мардум шӯравигароӣ нарафтааст. Он мемонаду мардум тарафдори ин ҷанг мешаванду парчами сурхро бардошта, барои Русия тарафдорӣ мекунанд, кӯлоҳҳои СССР мепӯшанд. 33 сол гузаштааст, вале Кремл вуҷуд дорад ва дар дохили он Сталин нишаставу ҳама чизро беҳтар аз дигарҳо медонад.

"Маърифати исломӣ зарур аст"

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон масъалаи ифротишавии ҷавонон торафт ҷиддитар мешавад. Ба назари шумо, пеши роҳи онро чӣ гуна гирифта мешавад?

Барои ман театр ҳоло ҷои тафреҳ нест. Ин ҷоест, ки ман ба мардум талқин мекунам, ки некӣ ва хайрхоҳӣ вуҷуд дорад. Бо ҳар сахтиву душворӣ ноумед набояд шуд.

Барзу Абдураззоқов: Ифротгароҳо, ба бовари ман, шахсоне ҳастанд, ки рӯҳи Исломро дуруст намефаҳманд. Маърифат лозим аст, маърифати исломӣ. Одамон ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваста, ба кадом афроди девона бовар мекунанд, барои кадом ақидаҳои беақлона худу хонаҳо ва баъзе кишварҳоро метарконанд. Ҳамаи ин, ба бовари ман, аз ҷоҳилӣ, аз ҷоҳилии амиқ аст. Инро шумо аз забони шахси эътиқодманд мешунавед.

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон қонуни манъи пӯшидани либоси ба истилоҳ бегонаро қабул карданд. Ҳукумат аз зарурати эҳёи арзишҳои миллӣ бисёр гап мезанад. Назари шумо ба ин чӣ аст?

Барзу Абдураззоқов: Ҷинояткорон бояд маҳдуд шаванд, Кодеси ҷиноӣ ва Конститусияи Тоҷикистон ҳаст. Ҳар чизе, ки фаротар аз ин қонунҳо манъ мешавад, дуруст нест. Он чи ки ба зиндагии мардум мушкил эҷод мекунад, онро манъ кардан лозим аст, на либоси мардумро. Чаро касе бояд ба либоси ман ё зан ё духтари ман кордор бошад? Агар ман шахси дунявӣ бошаму занам диндор, кӣ монеи вай мешавад? Ман чунин ҳақ надорам ва бо Худо ҳам наметавонам баҳс кунам. Баъд дар хиёбон як милиса омада, аз сари ӯ рӯймолашро мекашад, чунки касе ба фикри чизе афтодааст. Ман мухолифи инам. Агар кишвар маданӣ бошад, бояд рафтораш ҳам маданӣ бошад.

Радиои Озодӣ: Ба фикри шумо, имрӯз рисолати театри замонавӣ дар чӣ аст? Оё театр метавонад афкори ҷомеаро тағйир диҳад ё дардҳои иҷтимоии онро даво бахшад?

Барзу Абдураззоқов: На, фикр намекунам, ки театр чизеро тағйир дода тавонад. Замоне метавонист. Наполеон гуфта буд, ки агар асари Бомарше “Арӯсии Фигаро” набуд, инқилоби Фаронса ҳам набуд. Ҳоло на. Ба назари ман, танҳо чизе, ки театр карда метавонад, дилҳои мардумро гарм мекунад. Барои ман театр ҳоло ҷои тафреҳ нест. Ин ҷоест, ки ман ба мардум талқин мекунам, ки некӣ ва хайрхоҳӣ вуҷуд дорад. Бо ҳар сахтиву душворӣ ноумед набояд шуд. Бояд бо ҳар шароит, ба пешвози инсони дигар табассум ва некӣ кард. Дар як ҳадисе гуфта шудааст, ки табассуми ту барои каси дигар савоб аст. Намоишнома ҳам бояд табассум эҷод кунад. Вагарна театр чӣ лозим аст?

"Бо ҳамсояҳо бояд забон ёфт"

Радиои Озодӣ: То чанд сол пеш дар театрҳои Қирғизистон кор мекардед ва робитаи бисёр хуб бо онҳо доред. Дар пайи ду низои пурхушунат дар сарҳад ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон роҳ дода намешаванд. Дар ин бора чӣ назар доред?

Барзу Абдураззоқов: Ин ҳама аблаҳӣ аст. Ман тамоми ҳақиқати пушти саҳнаро намедонам. Фарзия бисёр аст, обу анклавро баҳона меоранд. Аз ҳарду тараф бисёр гапҳои бад мешунавам. Бо ин вуҷуд, ман бовар дорам, ки ҳамсояҳо бояд забон ёфта дӯст бошанд. Мо киро ҳам дорем: аз он тараф Узбекистон, аз он ҷо Афғонистон, он тараф Қирғизистон, Чин. Мо ҳатман бояд муомила кунем, ба ҳамдигар даст дода ба оғӯш кашем. Ба наздикӣ бояд ба Бишкек мерафтам, вале рафта нашуд, маълум шуд, ки вуруд манъ аст. Ин хеле бад аст. Ман “урра-патриотизм”-и тарафи мову рафтори хашини тарафи дигарро хуш надорам. Нишаста муомила кардан мумкин аст, бигузор солиёни зиёд зарур шавад, вале ин масъаларо ҳал кардан лозим аст. Масъалаҳои обу заминро ҳал кардан даркор, табодул кардан лозим. Вале ба ҳеҷ сурат ба сӯи якдигар тир кушодан, куштан мумкин нест.

Радиои Озодӣ: Шумо як ҳомии озодии баён ҳастед ва бо изҳори назарҳои худ саҳми калоне гузоштаед. Ҳеҷ гоҳ ба узвияти созмони сиёсие шомил нашудед. Чаро?

Барзу Абдураззоқов: Чӣ лозим? Ман садо ва мавқеи худро дорам. Узвият ба кадом ҳизб ва интихоби кадом самтро зарур намешуморам. Дар ҷаласаҳо нишаста, дастро болову поин кардан – ман ин корҳоро дар мактаб накардам, дар донишгоҳ накардам, ҳоло ба ман ин чӣ лозим? Кишварамро дӯст медорам ва ин чиз муҳим аст. Омодаам барои ин кишвар ҳама корро бикунам. Барои хислати ман узвият дар кадом ҳизбе раво нест. Коргардониро ҳам барои он интихоб кардам, ки саф кашидаву суруди умумӣ хондан зарур нест. Кори ҳар созмонеро, ки фаъолияташ ба манфиати кишвари ман бошад, истиқбол мекунам. Ба гумон аст, ки худам ба узвияти кадом созмоне шомил шавам.

Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Омодаам барои дарки ҳақиқат ҳама чизро қурбон кунам"

"Зиндагиро дӯст медорам"

Радиои Озодӣ: Ба рӯзгоре, ки паси сар кардед, чӣ баҳо медиҳед, аз кадом дастовард ё нокомиатон ҳоло метавонед бигӯед?

Барзу Абдураззоқов: Ба назарам, дар 65-солагӣ муҳимтарин рӯйдод дар сарнавишти ман ин аст, ки аз зиндагӣ бо ҳама пастиву баландиҳояш дилсард нашудам. Зиндагиро дӯст медорам, дӯст медорам, ки ошиқ ҳастам, табассум мекунам, тамрин ва сайру сафар мекунам, азизонамро дӯст медорам, бачаҳову ҳамсарамро дӯст медорам. Аз чизе пушаймон нестам.

Радиои Озодӣ: Агар дар пеши интихоби муҳимтарин чиз дар зиндагӣ қарор медоштед?

Барзу Абдураззоқов: Бисёр вақт аз худ мепурсам, ки вақте Румӣ барои худ ҳақиқатро ошкор кард, ҳамон лаҳза чӣ шуд? Лаҳзае, ки Румӣ бо Шамси Табрезӣ вохӯрд, чӣ рӯй дод? Чӣ гуна нури чашмаш дигар шуд ва он лаҳза чиро дид, чиро кашф кард? Буддо чиро дарк кард? Шояд ман ба истинои азизонам, фарзандонам, ки ба ҳеҷ қимате аз онҳо даст намекашам, тамоми чизамро барои дарки ҳақиқат қурбон мекардам. Ба хотири дидани ҳақиқат, ҳақиқате, ки Буддо, Румӣ, Конфутсий, устодони сӯфӣ барои худ кашф кардаанд. Ман ба хотири ҳамин аз ҳама чиз даст мекашидам, ба хотири 10 дақиқа дарки ҳақиқат.

Наворро дар Ютуб бинед: