Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барзу Абдураззоқов: "Фикр мекунанд, ман оппозитсия ҳастам" ВИДЕО


Барзу Абдураззоқов
Барзу Абдураззоқов

Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик, вазъи театрҳои Тоҷикистонро нигаронкунанда ва буҳронӣ хонд. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳо боз барои ба саҳна гузоштани намоишномаҳо ба Узбекистону Қазоқистон меравад, аммо барои кор дар театрҳои кишвар даъвате нагирифтааст.

“Фикр мекунанд, ман оппозитсия ҳастам. Фикр мекунанд, ҷосуси хориҷӣ ҳастам ва аз куҷое маблағ мегирам. Шояд намехоҳанд, ман дар инҷо фаъолият дошта бошам,” – ибрози назар кард ӯ.

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар Қазоқистон коргардонӣ мекунед?

Бо як мутахассиси соҳаи маориф суҳбат карда, пурсидам, духтарамро ба кадом мактаб барам, хуб аст? Гуфт, мактабе, ки бачаҳо мераванду меоянд ҳаст, аммо мактаб ба маънии аслиаш нест. Театр ҳам гуё ҳаст, аммо...

Барзу Абдураззоқов: “Соли 2014 ё 2015 дар Қазоқистон театри “Жас саҳна” таъсис додам. Ин театр дар таҳхонаи як фурӯшгоҳи мебел ҷой гирифта буд ва Жанна Байтанова, муассиси фурӯшгоҳ, театри моро сармоягузорӣ мекард. Мо дар театр даҳ ҳунарманд будем ва дар оғоз хеле азият ҳам кашидем, аммо ҳоло нархи як билет 22 доллар аст ва толор ҳамеша пур аз тамошобин. Имсол хеле мушкил гузашта, вале дар ин муддат панҷ намоишро рӯйи саҳна овардам. Дар як соли охир бо чанд театр ҳамкорӣ кардам. Ҳеч фикр намекардам, ки Петропавловски Қазоқистон ончунон театри хубе дорад, ки ҳунармандонаш ҳамакор ҳастанд. Ҳар вазифае, ки имрӯз барояшон мефармудам, рӯзи дигар рӯйи саҳна омода мешуд. Ин падидаи хеле камёфт дар театрҳои Осиёи Марказӣ аст. Театреро низ дидам, ки тамоман мурда ва тақрибан аз байн рафта буд. Дар он театр ман ду намоиш гузошта, хеле азият кашидам ва дучори шикаст ҳам шудам.”

Радиои Озодӣ: Солҳои охир ҳунармандони тоҷик зиёд шикоят мекунанд, ки барои театрҳои Тоҷикистон намоишномаҳои хуб таҳия намешаванд ва коргардоне ба мисли Барзу Абдураззоқов нест, ки онҳо тавонанд ҳамроҳаш ҳадафҳои ҳунарии худро амалӣ созанд. Мегӯед, ки дар театрҳои Қазоқистон намоишномаҳоеро рӯи саҳна мегузоред, чаро намехоҳед ин корро дар театрҳои Тоҷикистон анҷом диҳед?

Барзу Абдураззоқов: “Ин амр аз хости ман вобаста нест. То охири соли 2022 реҷаи кории ман муайян шудааст, яъне аз кадом театр ба кадом театр меравам ва чӣ намоишеро рӯи саҳна меорам. Зеро, роҳбарони ин театрҳо, тавассути телефон ё Вайберу Вотсап бо ман тамос гирифта, хоҳиш мекунанд, ки дар театри онҳо намоишномаи мушаххасеро рӯйи саҳна гузорам. Ман ҳар сол чанд бор ба Душанбе меоям, вале ҳеч даъвате аз сӯи масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сурат нагирифтааст. Ҳама медонанд, ки ман ба Душанбе омадаам. Суроғаи Вазорати фарҳанг хиёбони Рӯдакӣ 34 ва суроғаи Барзу Абдураззоқов хиёбони Рӯдакӣ 35 аст. Аз як гӯшаи дигари дунё маро пайдо карда, ба ҳамкорӣ мебаранд, аммо ҳамсояам як қадам намегузорад, ки бо ман тавофуқе бикунад. Тақрибан даҳ сол аст, ки аз ҳеч театри тоҷик даъвате нагирифтаам.”

Радиои Озодӣ: Намедонед, ки сабаб чист?

Барзу Абдураззоқов: “Тақрибан медонам, аммо ин далелашон нодуруст аст. Инҳо фикр мекунанд, ки ман оппозитсия ва муқобили ҳукумат ҳастам. Фикр мекунанд, ман ҷосуси хориҷӣ ҳастам ва аз куҷое маблағ мегирам. Шояд аслан намехоҳанд, ки ман инҷо фаъолияте дошта бошам... Ҳолати театрҳои тоҷик дар Осиёи Марказӣ бадтарин аст. Ин ҳолати кома аст. Чанд рӯз пеш бо Тамара Махсумовна Абдушукурова суҳбат доштам...”

Радиои Озодӣ: Вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон?

Барзу Абдураззоқов: “Бале, барояшон гуфтам, ки кор аз кор гузашт ва дигар имкони зинда кардани театр вуҷуд надорад. Оҳиста-оҳиста театри тоҷик ба нестӣ меравад, азбаски энергияи нав нест, коргардонҳои нав нестанд. Азбаски драмматургияи нав нест, ҷустуҷӯ нест, ғояҳои наву хуб нест. Ин ҳама ҳатман ба нобудии театр меоварад. Чораи ин мушкил ҳам дигар вуҷуд надорад. Агар аз ман мепурсиданд, ки чӣ кор бояд кард, шояд мегуфтам, зеро вазъиятро дарк мекунам...”

Радиои Озодӣ: Шояд ба мо мегӯед, ки барои наҷоти театри тоҷик чӣ кореро бояд анҷом дод?

Дар Душанбе вақти шом наметавонед ба театр ё консерт ё синамо биравед, таблиғоташ ҳам нест. Дар театрҳо нахустнамоиш соати дуи рӯз баргузор мешавад, зеро бегоҳӣ касе ба театр намеравад.

Барзу Абдураззоқов: “Ҳарчанд тааҷҷубовар аст, бояд ба таҷрибаи солҳои сивуми асри бист баргардем. Он вақт мо дар ҳоли таназзул будем ва рафта, Мителману Александровро пайдо карда, овардем. Аз Маскав муаллимҳо даъват шуданд. Чанд гурӯҳи ҷавонони тоҷик дар Маскав таҳсил карданд. Падару модари ман низ дар гурӯҳи дувуми ҳамин ҷавонҳо буданд. Яъне, ҳоло моро зарур аст мактаби театриро аз нав бисозем, мактаби коргардониву актёриро. Мо бояд маблағ пайдо карда, барои театрҳои тоҷик коргардонҳои беҳтарини ҷаҳониро даъват кунем ва онҳо бояд дар Тоҷикистон ақаллан се сол кор кунанд. Вале, ин ҷо ба умеди он ҳастанд, ки “як кор мекунем-да”. О, бародарон, ин касбе нест, ки як кор кунед. Актёрӣ касби хеле мушкил аст, аз физика ҳам дида мушкилтар. Дар ҷаҳон касбе нест, ки аз актёрӣ дида мушкилтар бошад. Ҳоло ҳар чизе дорем, аз ҳамон мактаби шахшудаи Шӯравӣ мондааст, ки рангу намуду хосияташро гум кардааст.”

Радиои Озодӣ: Бубинед, мақомоти тоҷик иддао доранд, ки фарҳанги Тоҷикистон дар замони истиқлол рушди бесобиқа дошта, театрҳои кишвар комёбиҳои беназиреро ба даст овардаанд. Пас, ба ин гуфтаҳо эътимод надоред?

Барзу Абдураззоқов: “Инҳо ҳарчӣ гуфтан мегиранд. Иқтисодашон ҳам пешрафте надорад, мактабҳояшон ҳам дар ҳамин вазъ. Бо як мутахассиси соҳаи маориф суҳбат карда, пурсидам, духтарамро ба кадом мактаб барам, хуб аст? Гуфт, мактабе, ки бачаҳо мераванду меоянд ҳаст, аммо мактаб ба маънии аслиаш нест. Театр ҳам гуё ҳаст, аммо... Бубинед, дар театри Лоҳутӣ ҳатто касса ё хазинаҳои билетфурӯшӣ кор намекунанд. Дар Душанбе дар ягон ҷой таблиғот ё афишаи театриро дидаед? Дар Алмато метавонед тавассути Интернет билет харед. Дар Ереван ё Тошканд овезаҳои таблиғотӣ дида мешавад, аммо дар Душанбе – не. Мо ҳатто дӯкони газетфурӯшӣ надорем. Боз мегӯянд, мо фарҳанг дорем ва фарҳанги мо рушд кардааст. Не, бародари азиз, инҳо намефаҳманд. Шӯравиро дурӯғ нест кард ва кишвар ҳам бо ҳамин хатар рӯбарӯ мебошад.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Барзу Абдураззоқов: Ҳар чизе дорем, аз мактаби шахшудаи Шӯравӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:18 0:00

Радиои Озодӣ: Агар вазъи театр дар кишвар ҳамон тавре бошад, ки мегӯед, пас, бояд интизор шуд, ки коргардонҳои дигар низ Тоҷикистонро тарк мекунанд?

Барзу Абдураззоқов: “Ҳатто агар тарк накунанд, вале муҳити театрӣ дар Тоҷикистон тоқатнопазир мемонад. Вақте дохили театрҳои Тоҷикистон ворид мешавед, табъатон хира мешавад. Ноумедии сахте ҳаст. Бубинед, коргардонҳо нестанд, драмматургия нест, кассаҳо кор намекунанд, ба театр касе намеравад, театр обрӯ надорад, актёр обрӯ надорад. Танҳо онҳое обрӯ доранд, ки дар телевизион шеъру суруд мехонанд. Дастгирии театр ба куллӣ вуҷуд надорад. Вақте дар Тошканд кор мекардам, бо рашк вазъи театрҳои Узбекистонро назорат мекардам. Онҳо ҳеч мушкилие надоранд, ҳарчӣ хостанд, дар зудтарин фурсат дастрас мешавад. Дар он ҷо боре нашунидаам, ки “пул надорем”. Дар Тоҷикистон аз касе як тин ҳам гирифта наметавонӣ. Ҳунармандон танҳо маош мегиранду бас, барои намоиши спектаклҳо ҳеч пули изофагӣ намегиранд. Дар Тоҷикистон ягон мунаққиди театрӣ, рассоми театрӣ ё ороишгари рӯй ва равшандиҳандаи театрӣ нест. Ин ҳама боис шуд, ки касби коргардониву ҳунармандии театрӣ аз байн рафтааст. Расман гуё вуҷуд дорад, аммо дар ҳолати кома ё мадҳушӣ аст. Репертуари театрҳои Тоҷикистон ва театрҳои кишварҳои дигарро муқоиса кунед. Барои ин нобиға будан шарт нест, ки бигӯям театр ва фарҳанги тоҷик куҷо меравад. Дар Душанбе вақти шом наметавонед ба театр ё консерт ё синамо биравед, таблиғоташ ҳам нест. Дар театрҳо нахустнамоиш соати дуи рӯз баргузор мешавад, зеро бегоҳӣ касе ба театр намеравад.”

Радиои Озодӣ: Соли оянда чӣ иттифоқ хоҳад уфтод?

Барзу Абдураззоқов: “Ростӣ, бояд суханҳои рӯҳафзо бигӯям, аммо чунин суханҳоро зиёд гуфта наметавонам. Аз мушоҳидаҳоям чунин бармеояд, ки соли 2022 мушкилтар мешавад, барои ҳамаи мо. Ба мардуми тоҷик бештар сабру тоқат ва имон мехоҳам. Виҷдонамонро мустаҳкамтар кунем. Дуо кунем, ки кишварамон пароканда нашавад, забонамон гум нашавад, дуо кунем, ки дар хонадонамон нур бошаду дастурхонамон пур ва фарзандонамон саломат бошанд. Мо набояд Тоҷикистонро аз даст бидиҳем.”

XS
SM
MD
LG