Масъуд Боризонӣ: "Ҳеҷ кас аз курдҳо пуштибонӣ накард"

Масъуд Боризонӣ, раиси минтақаи Курдистони Ироқ рӯзи якшанбеи 29-уми октябр тарафҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрикоро барои ҳимоят накардан аз ҳамапурсии истиқлоли ин минтақа, сарзаниш кард. Порлумони Курдистони Ироқ рӯзи якшанбе дархости Масъуди Боризонӣ барои тамдид накардани муҳлати раҳбариашро, пазируфт.

Оқои Боризонӣ дар нахустин суханронии телевизионӣ пас аз пазириши канор рафтан аз мақом, таъкид кард, ки "се миллион раъй барои истиқлоли Курдистон сабт шуд ва намешавад онро нодида гирифт." Вай ҳамзамон гуфтааст, ки дар ин роҳ "ҷуз кӯҳистонҳои Курдистон, касе дар паҳлӯи онҳо набуд."

Дар суханронии телевизионии Масъуди Боризонӣ, гурӯҳҳои рақиби курд низ ба хиёнат алайҳи иқлими Курдистон муттаҳам шудаанд. Оқои Боризонӣ гуфтааст, касоне, ки Киркукро бидуни муқовимат ба нерӯҳои ироқӣ таслим карданд, муртакиби "хиёнате бузург" шудаанд.

Масъуд Боризонӣ дар идома гуфтааст, тонкҳое, ки бояд барои ҷанг бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба кор мерафт, алайҳи курдҳо истифода шуд ва дар ин замина аз Амрико бинобар иҷозаи истифода аз тонкҳо ба нерӯҳои ироқӣ, интиқод кард. Раиси минтақаи Курдистони Ироқ ҳамчунин иддао кард, ки силоҳҳои амрикоӣ аз сӯи ниманизомиёне, ки аз ҷониби Эрон ҳимоя мешаванд, низ алайҳи курдҳо истифода шудаанд.

Дар нахустин суханронии худ, Масъуди Боризонӣ таъкид кардааст, ки "бидуни кӯмаки пешмаргаҳо, нерӯҳои ироқӣ наметавонистанд шаҳри Мавсилро ба танҳоӣ аз гурӯҳи Давлати исломӣ" озод кунанд. Ӯ пас аз он гиламандӣ кард, ки "Чаро Амрико бояд Курдистонро танбеҳ кунад?" Тибқи гузориши хабаргузории "Рейтерз", дар вақти эрод кардани ин суханон, ҳам парчами Курдистон ва ҳам парчами Ироқ дар пушти оқои Боризонӣ ба чашм мехӯрд.

Масъуди Боризонӣ аз соли 2005 раёсати минтақаи худмухтори Курдистони Ироқро ба ӯҳда доштааст ва давраи раёсати ӯ дар охири октябри ҳамин сол, яъне ду рӯз баъд ба поён мерасад. Оқои Боризонӣ рӯзи шанбеи 29-уми октябр дар як нома ба Маҷлиси иқлими Курдистон хабар дода буд, ки майл надорад раёсати идом диҳад ва рӯзи чаҳоршанбеи 1-уми ноябр аз мақомаш канорагирӣ мекунад.

Ӯ ҳамчунин хоста буд, ки порлумони минтақаи Курдистон чораҳои лозимро барои пур кардани холигоҳи қудрат, дар назар бигирад. Порлумони минтақаи Курдистон рӯзи якшанбе масъалаи тақсими ихтиёрот пас аз барканории Масъуд Боризониро баррасӣ кард. Аммо он тавре, ки хабаргузориҳо гузориш доданд, теъдоде аз мухолифон ба канорагиии Масъуди Боризонӣ, рӯзи якшанбе дар назди порлумон таҷаммӯъ карданд.

Тавре хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз шоҳидони айнӣ навишт, эътирозгароне, ки худро пешмаргаҳо хонанд, талош карданд то ба даруни бинои порлумон ворид шаванд ва дар атрофи порлумон садои тирандозӣ низ ба гӯш расидааст. Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" ҳам аз даргирӣ дар рӯбарӯи порлумон дар Арбил - маркази Курдистон пас аз суханронии телевизионии Масъуди Боризонӣ, хабар дод.

Илова бар ин, наворҳо ва аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад, ки шаби якшанбе дар шаҳрҳои мухталифи иқлими Курдистон ба ҳимоят аз Масъуд Боризонӣ, ҳамоишҳо баргузор шудааст.

Дар суханронии телевизионии Масъуди Боризонӣ, гурӯҳҳои рақиби курд низ ба хиёнат алайҳи иқлими Курдистон муттаҳам шудаанд. Оқои Боризонӣ гуфтааст, касоне, ки Киркукро бидуни муқовимат ба нерӯҳои ироқӣ таслим карданд, муртакиби "хиёнате бузург" шудаанд.

Он тавр, ки хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" аз қавли ёвари баландпояи Масъуди Боризонӣ навиштааст, канор рафтан аз раёсати минтақаи Курдистон ба маънои поёни карйераи сиёсии ӯ нест ва "ӯ бо раҳбарии Шӯрои олии сиёсӣ, дар сиёсат боқӣ хоҳад монд."