Аудиторҳо: Идомаи кори "Барқи Тоҷик" бо номуайянӣ рӯбарӯ аст

Бинои ширкати "Барқи Тоҷик"

Ташхиси аудитории "Барқи Тоҷик" собит кардааст, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияташ 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ зиён дидааст. Аудит ё ташхиси ҳисобдории "Барқи Тоҷик"-ро ширкати аудитории MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL, марказаш дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия анҷом додааст. Нусхаи хулосаи аудиторон рӯзи 20-уми ноябр дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Аудиторон пас аз ташхиси дахлу харҷи "Барқи Тоҷик" муайян кардаанд, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияти худ 3 миллиарду 406 миллиону 156 ҳазор сомонӣ зиён дидааст. Аудиторони ширкати MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL дар яке аз бандҳои хулосаашон навиштаанд, фаъолияти "Барқи Тоҷик" "бо номуайянии амиқ" рӯ ба рӯ аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Барқи Тоҷик" ва "Талко" ба ҷойи фоида зарар дидаанд

Бар замми зиёни молиявии беш аз 3-миллиардӣ, уҳдадориҳои молиявии ҳолдинг аз дороиҳои кӯтоҳумуддат дида 8,5 миллиард сомонӣ бештар будааст. Бо назардошти ин вазъият, аудиторон дар хулосаашон навиштаанд, "ин ва дигар масъалаҳо номуайнии амиқро" дар кори ширкат нишон медиҳанд ва "имконияти идомаи фаъолияти гуруҳро (манзур ширкати "Барқи Тоҷик") дар ояндаи наздик зери шубҳаи ҷиддӣ қарор медиҳад.

Фаъолияти ширкати "Барқи Тоҷик" ҳар сол аз ҷониби як ширкати аудитории байналмилалӣ санҷида ва суду зиёнаш баркашида мешавад. Аудити ҳарсолаи ширкат яке аз талаботи Сандуқи Байналмилалии Пул баъд аз моҷарои истифодаи ғайриҳадафмандонаи маблағҳои ин созмон дар соли 2008-ум дар Тоҷикистон аст.

То замони нашри ин гузориш посухи ширкати “Барқи Тоҷик” дар мавриди сабабҳои ба вуҷуд омадани чунин зиёни молиявии ҳангуфт танҳо дар як соли 2017 дастрас нашуд. Аммо бино ба иттилои охирине, ки ширкати “Барқи Тоҷик” ба матбуот эълон карда буд, аҳолӣ аз ин ширкат беш аз 600 миллион сомонӣ қарздор аст. Ба ҷуз аҳолӣ, инчунин, пойгоҳҳои обкашӣ ва ширкати “Талко” аз қарздорони бузургтари ширкати “Барқи Тоҷик” ҳастанд.

Анатолий Колесниченко, мутахассиси соҳаи энергетика, ки таҷрибаи кори беш аз 30-сола дар Тоҷикистонро дорад, гуфт, зиёни молӣ ва қарздории “Барқи Тоҷик” қабл аз ҳама бинобар арзонии нархи нерӯи барқ ва саривақт пардохт нашудани пули барқ ба вуҷуд омадааст. Ӯ гуфт, “бубинед, “Барқи Тоҷик” як киловатт|соат нирӯи барқро аз ширкати “Сангтӯда-1” бо қимати 3,5 сент харидорӣ мекунад. Ҳол онки ба сокинони кишвар барқро бо қимати камтар аз ду сент мефурӯшад. Як манбаи аслии ба вуҷуд омадани зиёни молии “Барқи Тоҷик” маҳз ҳамин аст”.

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири коҳиш додани қарздорӣ ва худкифо шудани ширкат нархи нерӯи барқро аз 1-уми ноябр 15 дар сад боло бурда, барои аҳолӣ як киловатт-соат нерӯи барқро ҳудуди 20 дирам муқаррар кард.

Пас аз судури ин қарор “Барқи тоҷик” ҳам бо нашри як баёния гуфт, боло бурдани нархи нерӯи барқ ногузир аст. Ба қавли мақомоти ширкат, “чунки таҳлилҳои аз тарафи мутахассисони соҳа ва коршиносони байналмилалӣ гузаронидашуда собит сохтанд, ки "Барқи Тоҷик" бо таърифаҳои пешина ягон имконият надошт, аз қарз раҳо гардад ва дар лоиҳаҳои инвеститсионии байналмилалӣ ширкат намояд".

Аммо Колиесниченко мегӯяд, ҳарчанд солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон тадриҷан нархи нерӯи барқро боло мебарад, гароншавӣ хеле кам аст ва ин хароҷоти ширкатро ҳанӯз рӯйпӯш карда наметавонад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Раҳмон "Барқи тоҷик"-ро се тақсим кард. ВИДЕО

“Нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон яке аз арзонтаринҳо дар қаламрави кишварҳои ИДМ аст. Ҳукумати Тоҷикистон наметавонад якбора нархи нерӯи барқро ба қадри зарурӣ боло бардорад. Чунки ин норозиги мардумро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, ин ба як мушкили сарбаста табдил ёфтааст, ки ҳаллаш осон нест”, - афзуд Колесниченко.

Ин энергетики ботаҷриба мегӯяд, интизоми сокинон дар пардохти ҳаққи нерӯи барқ ҳам дар Тоҷикистон хеле паст аст ва ҳанӯз қарзи аҳолӣ дар назди ширкат баланд аст.

Бинобар иттилои охирини "Барқи Тоҷик", ки ба матбуот ошкор карда буд, маҷмӯи қарзҳои он ба марзи 12 миллиард сомонӣ наздик шудааст. Номгӯи идораҳое, ки "Барқи Тоҷик" аз онҳо қарздор аст, низ хеле зиёд буда, аз Вазорати молия, нерӯгоҳҳои "Сангтуда 1" ва "Сангтӯда 2" то "Ориёнбонк"-ро дар бар мегирад.