Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси “Барқи тоҷик” - президенти Федератсияи тенниси рӯи миз шуд


Мирзо Исмоилзода
Мирзо Исмоилзода

Мирзо Исмоилзода, раиси Ширкати саҳҳомию ҳолдингии кушодаи “Барқи тоҷик”, президенти Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯро ба ин вазифа дар ҷаласаи пленуми федератсияи мазкур, ки рӯзи 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе доир шуд, интихоб карданд.

Мирзо Исмоилзода, ки 11-уми марти соли 1967 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст, аз 26-уми августи соли 2015 раиси Ширкати кушодаи саҳҳомию ҳолдингии “Барқи тоҷик” мебошад.

Ба рушди тенниси рӯи миз ҳамчун намуди олимпии варзиш дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, бахусус дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Ҳисор ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз солҳои тӯлонист, ки аз ҳисоби варзишгарони ин шаҳрҳо таркиб меёбанд.

Зулфинисо Саидолимова, Сумаяи Амирӣ, Азиза Қориева, Азиза Раҷабова, Зарина Шарифова, Ганҷина Раҷабова, Инъом Саидов, Авзал Маҳмудов, Миряҳё Яҳёев, Убайдулло Султонов, Сомони Ҳусейн, Шӯҳрат Муқимов ва дигарон теннисбозони моҳири кишвар маҳсуб мешаванд.

Ин намуди олимпии варзиш, бахусус дар замоне ки Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, вазифаи раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистонро ба зимма дошт, рушд карда буд. Варзишгарони тоҷик имкони дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ширкат карданро доштанд.

Мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тенниси рӯи мизи Тоҷикистон, ки бо ибтикор ва кӯмаку дастгирии молии Зайд Саидов моҳи октябри соли 2012 дар Душанбе бо ширкати теннисбозон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Тотористони Русия барпо гардид, ба рушди минбаъдаи ин намуди олимпӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Рақобат бо варзишгарони хориҷӣ дар ин мусобиқа ба теннисбозони тоҷик имкон дод, ки таҷоруби хуб касб карда, маҳораташонро такмил бидиҳанд.

​Мақомоти нави Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон низ мақсад дорад, ки бо гузаронидани мусобиқоти дохили кишвар истеъдодҳои навро аз байни варзишгарони тоҷик дарёфт намуда, ба ҳайати дастаҳои мунтахаб дохил кунанд ва онҳоро барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ сафарбар намоянд. Зеро теннисбозони тоҷик танҳо дар мавриди рақобат бо варзишгарони хориҷӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ таҷоруби хуби бозӣ касб мекунанд.

Ба иттилои масъулини соҳаи варзиш ба ҳайси раисони федератсияҳои варзишӣ интихоб шудани мақомдорон ва соҳибкорони муваффақ боиси рушди намудҳои алоҳидаи варзиш дар кишвар хоҳад шуд.

Тенниси рӯи миз яке аз намудҳои шавқовару дӯстдоштаи наврасону ҷавонони тоҷик ба шумор меравад. Бинобар ин, бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғатӣ гӯшаи махсуси тенниси рӯи миз сохта хоҳад шуд, ки барои оммавӣ гардидани ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG