Барои қатли ду оила дар Конибодом як нафар ба ҳабси абад маҳкум шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини шаҳри Конибодомро бо гуноҳи қатли аъзои ду хонавода ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Марат Сатторов посбони мактаби деҳаи Санҷидзори Конибодом буд. Назари худаш ва пайвандонаш ба ҳукм маълум нест. Пайвандони баъзе аз кушташудаҳо ба қотили ҳақиқӣ ё ба камияш ягона будани ӯ шубҳа доранд.

"Гоҳ мегуфт, ки ӯ куштааст, гоҳи дигар мегуфт, накуштааст"

Ҳукми Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охири моҳи ноябр содир шуда, Радиои Озодӣ танҳо 12-уми декабр тасдиқи хабарро ба даст овард. Ба иттилои дарёфтӣ, парвандаи Марат Сатторовро яке аз додрасҳои Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ баррасӣ кардааст. Мурофиа моҳи ноябр дар бинои Додгоҳи вилояти Суғд гузашт. На тафтишот ва на додгоҳ ангезаҳои қатлҳоро номбар намекунанд.

Рӯзи 12-уми декабр дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, бо сабаби қувваи қонунӣ нагирифтан, феълан ҳукмро шарҳ дода наметавонанд.

Яке аз сокинони деҳаи Санҷидзор, ки ҳамсар ва ду фарзандаш охири моҳи майи имсол кушта шудаанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, наздикони кушташудаҳо дар мурофиаи Марат Сатторов ширкат доштанд.

“Сатторови 42-сола дар мурофиа гоҳ мегуфт, ки кушторро ӯ кардааст, гоҳ мегуфт, ки накардааст. Ба ғайр аз гуноҳи куштани шаш кас, дар парвандаи Сатторов чанд иттиҳоми дигар буд. Мо аз ҳукм шикоят надорем, аммо дар диламон шубҳа аст. Бинед баъди боздошти Марат Сатторов боз ҳам чанд оиларо дар Конибодом куштанд. Ростӣ гап шубҳа дорем, ки ҳамин кас қотили асосӣ бошад,” - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Кӯшишҳои Радиои Озодӣ барои суҳбат бо вакили дифоъ ва наздикони Марат Сатторов то ин дам бенатиҷа буд. Ба гуфтаи чанд сокини деҳаи Санҷидзор, Сатторов моҳи июл дастгир шуда буд.

Рӯзи 31-уми июли имсол Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом, ҳам дар бораи боздошти як гумонзад дар куштори чанд сокини Санҷидзор хабар дод. Аммо ӯ ва намояндагони дигари мақомот ҳеч шарҳе намедиҳанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳабси абади як сокини Конибодом барои куштани аъзои ду оила

Кушторҳои пайиҳам

Моҳи майи имсол дар деҳаи Санҷидзор аз ду оила (яке тоҷик ва дигаре қирғизтабор) шаш кас кушта шуданд. Се кушташуда Маҳбуба Аҳмадоваи 38-сола, Нозанин Аҳмадоваи 17-сола ва Дамир Аҳмадови 14-сола буданд. Аз аъзои кушташудаи оилаи қирғизтабор Зулайхо Иброҳимоваи 54-сола, додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимови 47-сола ва Қурбонгул Иброҳимоваи 46-сола ном бурданд.

Баъди моҳи май ҳадди ақал шаш куштори мармуз ё норӯшан дар шаҳри Конибодом расонаӣ шуд. Намунаи охираш қатли шаш узви як хонавода дар деҳаи Шӯробқалъаи Конибодом аст, ки шаби 8-уми декабр рух дод. Падари хонавода Наимҷон Неъматов 37-сола, ҳамсараш 33 сола ва фарзандонаш аз 2 то 13-сола буданд.

Ангезаи ин кушторҳо маълум нест. Наздикони баъзе аз қурбониён, аз ҷумла, пайвандони Муҳиддин Шарифов, гуфтанд, ки баъди ҳодиса аз хонаи онҳо як пулу тило гум шудааст. Бино ба хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шаби 28 ба 29-уми март Муҳиддин Шарифови 65-сола гуё ҳамсараш Марям Шарифоваи 60-сола, Фирӯза Шарифова, набераҳояш Абубакр Шарифов ва Азиза Кабирзодаро кушта, сипас худашро ба дор овехтааст. Фарзандонаш, ки он замон дар Русия буданд, мегӯянд, ба ин фарзия бовар надоранд.

Масъулони мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, қисме аз чунин ҳодисаҳо ба ҷанҷолҳои хонаводагӣ рабт доштанд ва таҳқиқи дигар ҳодисаҳо идома дорад. Дар як маврид аз даст доштани як нафар ё гурӯҳи беруна суҳбат шуда буд.

Кушторҳои норӯшан дар Конибодом нигаронии сокинонро ба миён овардааст ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб карданд, ки мақомот гунаҳкоронро пайдо кунанд. Мақомот, аз ҷумла шаҳрдори Конибодом талош карданд сокинонро ором созанд ва гуфтанд, ин кушторҳо ба ҳам пайванд надоранд. Дар гузашта чунин парвандаҳо боиси баёнияҳои мақомот мешуд ва онҳоро президенти кишвар ё вазири корҳои дохилӣ таҳти назар мегирифтанд. Дар мавриди қатлҳои Конибодом то ҳол касе аз мансабдорони баландпояи Тоҷикистон изҳороте надодааст.