Ҳукми ӯ дар моҳи марти имсол содир шуда, хабараш рӯзи 29-уми июл дастраси Радиои Озодӣ гардид. Мақомот дар ин бора иттилоъ намедиҳанд. Баъзе аз наздиконаш гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ хабар надоранд, вале медонанд, ки мурофиа дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҷараён дошт.
Яке аз дӯстони Аслиддин Шарипов ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 29-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро аз Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд ба яке аз зиндонҳои Душанбе бурдаанд.
Ба иттилои манбаъ, “Аслидин Шарипов ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ва ё таблиғи онҳо дар Интернет гунаҳкор дониста шудааст.” Маълум нест худи ӯ дар мурофиа чӣ гуфта, чун бе ҳузури хабарнигорону пайвандонаш гузаштааст.
Аслиддин Шарипов аз соли 2016 дар Русия мезист.
Ӯро дар моҳи сентябри 2022 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир ва якуми октябри соли 2023 ба кишвар истирдод карданд. Тақрибан ду моҳ дар куҷо ва дар чӣ шароит нигоҳ доштани вай маълум набуд. Дертар наздиконаш хабар доданд, ки дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд аст.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта ва ҳоло сабаби боздошт ва зиндонӣ кардани Шариповро нагуфтаанд. Додситонии Тагилстроев дар Нижний Тагили Русия дар санаде ишора карда буд, ки ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ё таблиғи онҳо тавассути Интернет (қисми дуи банди 3073-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) айбдор аст.
Додситонии Тагилстроев дар хулосааш бо такя ба иддаои ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, Аслиддин Шарипов дар Фейсбук гуё ба пуштибонӣ аз созмонҳои дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва ва "Гурӯҳи 24" матлаб нашр мекард ва аз соли 2021 дар ҷустуҷӯ буд. Фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳудуди Русия низ мамнуъст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳабси ӯро бештар ба фаъолияти бародараш Шавкати Муҳаммад пайванд додаанд. Вай сардабири барномаҳои "Паём ТВ", як расонаи наздик ба гурӯҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аст.
Шавкати Муҳаммад низ дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳадафи боздошт ва ҳабси бародараш талоши бастани даҳони ӯст.
Аслиддин Шарипов зодаи ноҳияи Ашт, 37-сола ва соҳиби се фарзанд аст.