Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бародари як намояндаи мухолифонро ба Тоҷикистон супурдааст


Аслиддин Шарипов
Аслиддин Шарипов

Русия бародари як намояндаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро барои муҳокима ба Душанбе додааст.

Аслиддин Шарипов, бародари Шавкати Муҳаммад, мудири телевизиони "Паём", расонаи вобаста ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст.

Ба нақли пайвандонаш, ӯ моҳи сентябри 2022 дар Русия дастгир ва якуми октябри имсол ба Тоҷикистон истирдод шуд, вале ҳанӯз ҷойи нигоҳдорияш маълум нест.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби боздошт ва дар куҷо будани Аслиддин Шариповро эълон накардаанд.

Ба хулосаи Додситонии Тагилстроев дар Нижний Тагили Русия ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ё таблиғи онҳо тавассути интернет (қисми дуи банди 307(3)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) гумонзад аст. Дар сурати исботи иттиҳом ба ӯ аз панҷ то ҳашт сол зиндон таҳдид мекунад.

Шавкати Муҳаммад, бародари Аслиддин Шарипов, рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, муроҷиати пайвандонашон барои дақиқ кардани ҷойи нигаҳдории ӯ то ин дам бенатиҷа будааст.

"Мурофиааш дар Русия як сол идома дошт," -- гуфт Шавкати Муҳаммад ва илова кард, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро ба ҳамкорӣ бо Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва "Гуруҳи 24" муттаҳам медонанд. Чизе, ки ба гуфтааш "ҳақиқат надорад".

Додситонии Тагилстроев низ дар хулосааш бо такя ба иддаои ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, Аслиддин Шарипов дар Фейсбук гуё ба ҳимоят аз ҲНИТ ва "Гурӯҳи 24" матлаб нашр мекард ва аз соли 2021 дар ҷустуҷӯ буд. Фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳудуди Русия низ мамнуъст.

"Дуруст аст, ки дар Фейсбук ба монанди ҳар шаҳрванди дигар саҳифа дошт, аммо назари худашро менавишт. Фикр мекунам, ҳамаи ин баҳона аст, ҳадафи мақомоти Тоҷикистон бастани даҳони ман аст," – гуфт Шавкати Муҳаммад.

Дар ҳамин ҳол, Нина Четверткова, вакили мудофеи Аслиддин Шарипов дар Русия, аз пайвандонаш хостааст, барои ҳимояти ӯ дар Тоҷикистон адвокат бигиранд. "Ҳашт рӯз боз аз ӯ дарак нест. Вакили мудофеъ гиранд ва бар асоси қонун ҷойи нигоҳдорияшро маълум кунанд," – гуфт ӯ.

Вай афзуд, дар муддати як сол кӯшиш карданд, ки Аслиддин Шариповро аз боздоштгоҳи Русия раҳо ва аз истирдодаш ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд, аммо нашуд. "Барои муваққатан додани ҳаққи гуреза ба мақомоти Русия муроҷиат кардем, вале ҷавоб надоданд," – илова кард ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2022 наздик ба сад нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароиро аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ба Душанбе оварда, бархеро ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ карданд.

Аслиддин Шарипов аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд 36-сола ва соҳиби се фарзанд аст. Пайвандонаш мегӯянд, аз соли 2016 дар Русия кору зиндагӣ мекард ва ҳоло аз сарнавишти баъдияш нигарон ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG