Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба суроғаш мераванд, вале..." Аслиддин Шарипов дар куҷост?


Аслиддин Шарипов
Аслиддин Шарипов

Пайвандони як сокини 36-солаи ноҳияи Ашт гуфтанд, бо гузашти тақрибан як моҳ аз дарёфти хабари истирдодаш аз Русия ба Тоҷикистон дар бораи дар куҷо будани ӯ иттилое надоранд.

Аслиддин Шарипов, бародари Шавкати Муҳаммад, сардабири барномаҳои "Паём ТВ", як расонаи наздик ба мухолифони ҳукумат, аст.

Ӯ аз соли 2016 дар Русия мезист ва моҳи сентябри 2022 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда, тӯли як сол дар боздоштгоҳ буд.

Вакили мудофеяш мегӯяд, Аслиддин Шарипов якуми октябр аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шуд. Ҷустуҷӯи наздиконаш барои ёфтани ӯ дар боздоштгоҳҳои кишвар то ин дам бенатиҷа буда, сабаби ташвиши онҳо шудааст.

"Вақте наздикон мераванду суроғ мекунанд, намояндаҳои мақомот таҳдид мекунанд. Мо намедонем, чаро ҷойи нигаҳдориашро пинҳон медоранд," – гуфт Шавкати Муҳаммад, бародари Аслиддин Шарипов, рӯзи 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ.

Кӯшиши мо барои тамос бо мақомот дар Тоҷикистон рӯзи шанбе бенатиҷа буд.

Шавкати Муҳаммад мегӯяд, пайвандонаш дар номае расман аз Додситонии кул, Омбудсмен ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хостаанд, ки ҷойи нигоҳдории ӯро бигӯянд, “аммо ҳанӯз посух нагирифтанд”.

“Бо ҳамин мазмун ба Додситонии кулли Русия низ муроҷаит кардем. Яъне, шумо ӯро истирдод кардед, вале ҷойи нигаҳдорияш маълум нест. Онҳо ҷавоб фиристоданд, ки барои дақиқ кардани ҷойи Аслиддин ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кардаанд,” – афзуд ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта ва ҳоло сабаби боздошти Аслиддин Шариповро эълон накардаанд. Ба хулосаи Додситонии Тагилстроев дар Нижний Тагили Русия ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ё таблиғи онҳо тавассути интернет (қисми дуи банди 307(3)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) гумонзад аст. Ба ӯ аз панҷ то ҳашт сол зиндон таҳдид мекунад.

Додситонии Тагилстроев дар хулосааш бо такя ба иддаои ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, Аслиддин Шарипов дар Фейсбук гуё ба ҳимоят аз ҲНИТ ва "Гурӯҳи 24" матлаб нашр мекард ва аз соли 2021 дар ҷустуҷӯ буд. Фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳудуди Русия низ мамнуъст.

"Дуруст аст, ки дар Фейсбук ба монанди ҳар шаҳрванди дигар саҳифа дошт, аммо назарашро дар мавзуъҳои ғайрисиёсӣ менавишт. Фикр мекунам, ҳамаи ин баҳона аст, ҳадафи мақомоти Тоҷикистон бастани даҳони ман аст," – гуфт Шавкати Муҳаммад.

Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2022 наздик ба сад нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароиро аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ба Душанбе оварда, бархеро ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG