"Ҳоло ягон вазифа надорад." Барканории Тоҳир Қудратзода

Тоҳир Қудратзода тақрибан чор сол дар мансаби раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов кор кард

Пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ, Тоҳир Қудратзода, раиси пешини ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз мансаби наваш дар идораи нақлиёти вилояти Суғд барканор гардид. Ӯро пештар ба “қаллобӣ” ва “суистифода аз мансаб” гунаҳкор дониста буданд.

Қудратзода аз охири зимистони имсол то моҳи июл сардори Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди вилояти Суғд буд, аммо дар байни ин кораш тақрибан якуним моҳ дар боздошт қарор дошт.

Ба камияш ду манбаи Радиои Озодӣ дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, Тоҳир Қудратзода як ҳафта пеш аз вазифааш ронда шуд ва ба ҷояш Музаффар Тоҳиров иҷрокунандаи раиси Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди вилояти Суғд таъйин гардид.

“Қудратзода феълан ба ягон корхонаҳои давлатӣ вазифа надорад”, -- гуфтанд ҳамсуҳбатони мо. Мавқеи худи Тоҳир Қудратзода ба айбномаву кораш дар мақомот маълум нест. Худаш чандин дафъа дар суҳбати телефонӣ ва ҳузурӣ аз додани ҷузъиёт худдорӣ кардааст.

Тоҳир Қудратзода, раиси пешини ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки аз сӯйи маъмурони Оҷонси зидди фасод моҳи апрели соли 2024 дастгир шуда буд, баъди беш аз як моҳ аз боздошт раҳо кардаанд. Ӯро ба “қаллобӣ” ва “суистифода аз мансаб” муттаҳам медонистанд.

Чанд манбаи боварбахш дар ниҳодҳои интизомии Суғд рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, “иттиҳоми зидди Қудратзода дар Додгоҳи вилояти Суғд тасдиқ шуд ва ӯро ба пардохти беш аз 240 ҳазор сомонӣ ҷарима вазифадор карданд.” Вай тақрибан панҷ сол аз ҳаққи кор дар идораҳои давлатӣ низ маҳрум гаштааст.

Ҳукми Додгоҳи вилояти Суғд дар охири моҳи май содир шуда, ҳоло баъди аз вазифаи наваш ҳам барканор шудан, зоҳиран қувваи қонунӣ гирифтааст.

Мақомот ба таври расмӣ дар ин бора иттилоъ намедиҳанд. Ба хабари дарёфтӣ, Тоҳир Қудратзода барои бозбинии ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят кардааст. Тафсилоташ дастрас нест.

Яке аз манбаъҳои огоҳ рӯзи 20-уми июн гуфта буд, “тибқи парванда, Тоҳир Қудратзода аз чанд мансабдору сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов пул гирифтааст. Аз ҷумла, барои ишғоли мақоми муовини раиси ноҳия ва мудири идораи маориф. Як ҳолати гирифтани ришва барои додани 10 садяк замини кишоварзӣ низ ҳаст”.

Ӯро дар охири моҳи январи имсол аз мансаби раиси ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов барканор карда, сабабашро шарҳ надоданд. Чор сол дар ин мақом буд. Ҳоло ба ҷояш Олимбек Юлдошзодаро таъйин кардаанд.

Қудратзода 45-сола аст ва зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Дар гузашта сардори Идораи сохтмони асосии Суғд ва сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳамин вилоят буд.

Созмону кишварҳои ғарбӣ ҳукумати Тоҷикистонро солҳо боз барои ривоҷи коррупсия ва хешутаборбозӣ танқид мекунанд. Чизе, ки намояндагони давлат пайваста рад мекунанд ва ё тасвири аз будаш бештар медонанд.

Бо ин ҳол, дар радабандии нави Шаффофияти Байнулмилал ё Transparency International дар бораи фасоду ришвахорӣ, Тоҷикистон имсол чаҳор зина поин рафт. Ин ба маънои ҳарчӣ бештар реша паҳн кардани ин зуҳуроти хатарзо дар идораҳои давлатӣ маънидод мешавад.