Чанд манбаи боварбахш дар ниҳодҳои интизомии Суғд рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “иттиҳоми зидди Қудратзода дар Додгоҳи вилояти Суғд тасдиқ шуд ва ӯро ба пардохти беш аз 240 ҳазор сомонӣ ҷарима вазифадор карданд.” Вай тақрибан панҷ сол аз ҳаққи кор дар идораҳои давлатӣ низ маҳрум гаштааст.
Ҳукми Додгоҳи вилояти Суғд дар охири моҳи май содир шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.
Мақомот ба таври расмӣ дар ин бора иттилоъ намедиҳанд. Ба хабари дарёфтӣ, Тоҳир Қудратзода барои бозбинии ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят кардааст. Тафсилоташ дастрас нест.
Яке аз манбаъҳои огоҳ рӯзи 20-уми июн гуфт, “тибқи парванда, Тоҳир Қудратзода аз чанд мансабдору сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов пул гирифтааст. Аз ҷумла, барои ишғоли мақоми муовини раиси ноҳия ва мудири идораи маориф. Як ҳолати гирифтани ришва барои додани 10 садяк замини кишоварзӣ низ ҳаст”.
Радиои Озодӣ барои шарҳи масъала Тоҳир Қудратзодаро пайдо кард, вале ӯ гап задан нахост. Қудратзода феълан сардори Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди вилояти Суғд аст.
Ӯро дар охири моҳи январи имсол аз мансаби раиси ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов барканор карда, сабабашро шарҳ надоданд. Чор сол дар ин мақом буд. Ҳоло ба ҷояш Олимбек Юлдошзодаро таъйин кардаанд.
Қудратзода 45-сола аст ва зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Дар гузашта сардори Идораи сохтмони асосии Суғд ва сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳамин вилоят буд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Созмону кишварҳои ғарбӣ ҳукумати Тоҷикистонро солҳо боз барои ривоҷи коррупсия ва хешутаборбозӣ танқид мекунанд. Чизе, ки намояндагони давлат пайваста рад мекунанд ва ё тасвири аз будаш бештар медонанд.
Бо ин ҳол, дар радабандии нави Шаффофияти Байнулмилал ё Transparency International дар бораи фасоду ришвахорӣ, Тоҷикистон имсол чаҳор зина поин рафт. Ин ба маънои ҳарчӣ бештар реша паҳн кардани ин зуҳуроти хатарзо дар идораҳои давлатӣ меънидод мешавад.