Мақомоти Тоҷикистон то охири имсол сарнавишти ду бонки дучори мушкил – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро ҳал хоҳанд кард.
- Мавзӯи дармондани даҳҳо миллион пули мардум дар ин ду бонки дучори мушкил рӯзи ҷумъа дар порлумон дубора баҳси гармро бапо кард. Мавзӯи аслии иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон баррасии тарҳи будҷаи кишвар барои як соли оянда буд, аммо на тақсими пулҳои будҷа, балки мушкили ду бонки бузург – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” – баҳсбарангез шуд.
Бо анҷоми соли 2018, муҳлати сесолае, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли буҳрон дар назди “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” гузошта буд, ба поён мерасад. Ин ду бонк муваззаф буданд, на танҳо амонати муштариёнро ба пуррагӣ бозгардонанд, балки қисм-қисм беш аз 3 миллиард сомонии ҳукуматро низ бозпас диҳанд.
"Чӣ тасмим гиранд, иҷро мекунем"
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, рӯзи 23-юми ноябр дар порлумон гуфт, феълан як гуруҳи вижа суду зиёни кори ин ду бонкро таҳқиқ дорад: “Қисми зиёди саҳмияҳои бонкҳо ба ҳукумати Тоҷикистон мутааллиқ аст. То охири сол вобаста ба тақдири минбаъдаи бонкҳо таклифҳо мушаххас хоҳад шуд. Пас аз қабули қарори дахлдор, Бонки Миллӣ дар доираи ваколаташ чора меандешад.”
Се сол пеш, дар пайи коҳиши воридоти пули фиристодаи муҳоҷирон, “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” дучори мушкил шуда, дар пардохти амонати муштариён оҷиз монданд. Дар ин миён “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” муфлис эълон шуданд. “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” се сол боз талош доранд, ки аз миёни сели буҳрон солим бадар оянд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар ҷаласаи порлумон гуфт, ин ду бонк имсол беш аз 200 миллион сомонӣ қарзи худро аз мардум кам кардаанд, “вале ҳанӯз қонеъкунанда нест”. Ба қавли ӯ, дар ҳоли ҳозир “Тоҷиксодиротбонк” аз мардум беш аз 500 миллион сомонӣ ва “Агроинвестбонк” беш аз 800 миллион сомонӣ қарздор ҳастанд.
"Қазияи ҳассос дар низоми бонкӣ"
Чанде аз вакилони порлумон бори дигар ба “дарди сар” будани мушкили бонкҳои кишвар ишора карда ва гуфтанд, ки агар масъала ба зудӣ ҳал нашавад, “метавонад паёмади нохуб дошта бошад”.
Рустам Қудратов, вакили Маҷлиси Намояндагон, гуфт, ҳар рӯз даҳҳо муштарии бонкҳо ба онҳо муроҷиат мекунанд. “Даҳҳо шаҳрванд шикоят доранд, ки пулҳояшонро гирифта наметавонанд. Дар системаи бонкӣ ин як қазияи ҳассостарин аст”, - гуфт ӯ ба раиси Бонки Миллӣ.
Қудратов, инчунин, аз мақомоти Бонки Миллӣ интиқод кард, ки дар барномаҳои корашон барои се соли оянда дар бораи солимгардонии бонкҳои, ба қавле “бемор”, чизе гуфта нашудааст.
Посухҳои раиси Бонки Миллӣ ба суолҳои вакилон нишон дод, ки норизоиятии Нурмуҳаммадзода аз кори ин ду бонк аз вакилон дида камтар нест. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, нақшаи алоҳидаи солимгардонии ду бонк таҳия ва тасдиқ карда шудааст, “вале аз ҷониби худи бонкҳо иҷро намешавад”.
"Бигзор амволро арзон фурӯшанд, пули мардумро диҳанд"
Ӯ гуфт, “ҳарду бонк амволи кофӣ дар ихтиёр доранд, ки дар сурати фурӯши онҳо амонатҳои мардумро бармегардонанд. Агар дороиҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро ҳисоб кунем, дар ҳоли ҳозир беш аз 3 миллиард сомонӣ аст. Агар амволашро фурӯшад, метавонад пули мардумро диҳад. То имрӯз ба ягон натиҷа ноил нашудааст. “Агроиинвестбонк” ҳам чунин.”
Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон пешниҳод кард, ки бонкҳои дучори мушкил амволи худро бо нархи арзон бифурӯшанд ва пули мардумро баргардонанд.
Вай аз раиси Бонки Миллӣ пурсид, ки “дар чунин ҳолат кишварҳои дигар чӣ кор мекунанд? Мардум пулро диҳад ва се сол боз гирифта натавонад, чӣ мешавад? Ба қимати дуним миллиард амвол дорад, бигзор арзон фурӯшаду пули мардумро диҳад. Бигзор зарар бинад. Ин як дарди сари калоне аст, ки ба ягон нохубӣ оварда расонданаш мумкин аст.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Бонкҳои мисли бонкҳои Русия нест"
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар ин маврид аз бонкҳои дучори мушкили Русия мисол овард ва гуфт, “дар сурати ба мушкил печидани кор, бонкҳои он кишвар худро муфлис эълон мекунанд. Сипас, бонкҳои дигар пардохти қарзи бонкҳои муфлисшударо бар зимма мегиранд. Ҳозир дар мо чунин бонке нест, ки пардохти қарзи ин бонкҳоро ба гардан гирад.”
Нурмуҳаммадзода гуфт, роҳи дигари наҷоти бонкҳо ҷалби сармояи хориҷӣ буд, ки ҳанӯз ба ҷое нарасидааст. Ӯ гуфт, “Тоҷиксодиротбонк” ваъда кардааст, то охири сол сармоягузор меёбад. Дигараш дар ҳоли ҷустуҷӯст. Ман рӯирост мегӯям, ки бояд то охири сол сармоягузор меёфтанд, аммо накарданд. “Тоҷиксодиротбонк” бо як ширкати арабӣ гуфтушунид дошт. Бояд маблағи муайян ба бонк ворид мекарданд.”
Раҳбарияти “Тоҷиксодиротбонк” тасдиқ карданд, ки бо сармоягузорони Чин, бонкҳои ВТБ ва “Сбербанк”-и Русия, “Казкоммертсбонк”-и Қазоқистон ва ширкатҳои дигар аз Ҳонконгу Словакия, Малайзия ва Арабистони Саудӣ музокирот доранд. Онҳо гуфтанд, аз ҷумла тавофуқ шудааст, ки Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) то 51 дар сади саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро бихарад.
Инчунин, “Тоҷиксодиротбонк” бо “Корпоратсияи роҳҳои оҳани Ҷуннан”-и Чин дар мавриди фурӯши саҳмияҳои бонк ба созиш расидааст.
"Аз тақдири бонк мегӯяд, аз тақдири пули мо - не"
Дар ҳамин ҳол, муштариёни бонкҳои дучори мушкил мегӯянд, се сол боз натанҳо натавонистанд пули худро бигиранд, балки ба мушкил ва дарди сарҳои зиёде печиданд. Чанде аз муштариҳо рӯзи 24-уми ноябр ба пушти дари Бонки Миллӣ ҳам рафтанд, ки барои баргардондани амонатҳояшон кумак пурсанд.
“Аммо касе пурра ба доди мо намерасад. Як замон дусад сомонӣ медиҳанд. Як вақт тамоми банкоматҳо холӣ аст. Ҳама аз тақдири бонкҳо мегӯянд, вале касе аз тақдири мову тақдири пулҳои мо чизе намегӯяд”, - шикоят кард яке аз ин муштариҳо.
Ҳоло ҳама охири солро интизоранд, ки мақомот дар бораи тақдири баъдии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” чӣ тасмим хоҳанд гирифт. Ин бонкҳо хоҳанд монд ё аз саҳнаи молиявии кишвар берун хоҳанд шуд? Агар бимонанд чӣ мешавад ва намонанд чӣ пеш хоҳад омад?
Будан ё набудан?
Дар гузашта мақомоти Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон машварат дода буданд, ки "Агроинвестбонк"-у "Тоҷиксодиротбонк"-ро муфлис эълон карда ва дигар дар фикри наҷоти онҳо набошад.
Зимнан бо анҷоми соли 2018, муҳлати сесолае, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли буҳрон дар назди “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” гузошта буд, ба поён мерасад.
Ин ду бонк муваззаф буданд на танҳо амонати муштариёнро ба пуррагӣ бозгардонанд, балки қисм-қисм тибқи ҷадвал беш аз 3 миллиард сомонӣ маблағе, ки аз ҳукумат гирифта буданд, низ бозпас бидиҳанд. Аммо тавре ба назар мерасад, бонкҳо дар пардохти ин ду уҳдадории хеш қодир нестанд.
Ин ҳолат ду бонкро дар пешорӯи суоли Гамлет – “будан ва ё набудан” – қарор додааст.