Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳо ҳақ доранд, бе иҷозаи додгоҳ амволи қарзгирандаро фурӯшанд


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 17-уми октябр "Қонун дар бораи гарави амволи ғайриманқул" дар таҳрири навро ба тавсиб расонд, ки бар пояи он, аз ин ба баъд бонкҳо ва ҷонибҳои қарздиҳанда ҳаққ доранд, ки бидуни иҷозаи ниҳодҳои додгоҳӣ, гарави қарзгирандаҳоро ба фурӯш гузоранд.

Аммо ба эътиқоди иқтисоддонҳо, танҳо ин қонун наметавонад мушкили бозпас додани пасандозҳои бонкҳои мушкилзои Тоҷикистонро ҳал кунад.

Тасвиби тарҳи нави қонуни гарави амволи ғайриманқул дар ҳоле сурат мегирад, ки чанде аз бонкҳои Тоҷикистон аз соли 2015 дар пайи коҳиши воридоти пули фиристодаи муҳоҷирон дучори мушкил гардида, дар пардохти амонати муштариёнашон оҷиз мондаанд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ки ин тарҳро дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муаррифӣ мекард, гуфт, ки аз ин ба баъд гарави қарзгирандаҳо дар махзани ягонаи электронӣ дар интернет гузошта мешавад ва наҳваи фурӯши ин амвол соддатар мешавад.

Тибқи ин тағйирот, ҳатто бидуни иҷозаи ниҳодҳои додгоҳӣ, қарздиҳанда метавонад ин амволро ба фурӯш гузошта, маблағи қарзи додаашро бозпас бигирад.

Вай афзуд, онҳо ҳоло тарҳи ҳудуди 10 қонуни дигар дар соҳаи бонкдориро таҳия мекунанд, ки имкон медиҳад мушкили арсаи бонкдорӣ дар кишварро осон созад. Вале, тарҳи қонуне, ки имрӯз пешниҳод шуд, бо дархости созмонҳои байналмиллалии молӣ омода шудааст.

Ба гуфтаи раиси Бонки милии Тоҷикистон, муқаррароти тарҳи нави ин қонун имкон фароҳам меорад, ки заминаҳои аслии сар задани бӯҳрони бокдорӣ ба тадриҷ ҳал шаванд, зеро, ҳоло бонкҳои Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 3,5 миллиард сомонӣ амволи ба гарав гузошташуда доранд ва наҳваи фурӯши он бояд содда карда шавад. "Танҳо дар ин сурат мо метавонем зуд пасандозҳои мардумро бозпас диҳем",-афзуд Нурмуҳаммадзода.

"Қонуни нав ба нафъи қарзгирандагон аст"

Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси намояндагон.
Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси намояндагон.

Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси намояндагон аз тасвиби ин қонун истиқбол кард, вале гуфт, ки ба хотири дастраси умум шудани мӯҳтавои ин қонун, бояд масъулин бо забони фаҳмову содда талаботи онро шарҳ диҳанд. Ӯ гуфт, қонуни навшуда ба манфиати қарзгирандагон мебошад.

Ҷамшед Саидов, вакили дигари Маҷлиси намояндагон ба навбати худ гуфт, ки мушкили асосии бонкҳои кишвар ба дунболи бозпас надодани қарзҳо сурат гирифтааст, ки сабабаш бо нархи баланд қабул кардани гарави ин қарзҳо мебошад. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ дар посух ба ин гуфт, ки дар зудтарин фурсат қонунҳое тасвиб хоҳанд шуд, ки имкони бозбинии арзиши амволи ба гарав гузошташударо фароҳам мекунанд.

"Ин қонун мушкилро ҳал намекунад"

Меҳрубон Бурҳонов, коршиноси умури бонкдорӣ дар Тоҷикистон низ ба ин гуфтаҳои вакили мардумӣ мувофиқ аст ва мегӯяд, ки тасвиби қонуни нави гарави амволи ғайриманқул наметавонад мушкили ин арсаро ба пуррагӣ ҳалл созад.

Вай афзуд, дар гузашта бонкҳои Тоҷикистон ба ҳар роҳ аз қарзгирандаҳо амволи онҳоро бо нархҳои баланд ба унвони гараф пазируфтанд ва ҳоло дар фурӯши онҳо мушкил доранд. Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, иҷозати бидуни ҳукми додгоҳ ба фурӯш гузоштани ин амвол метавонад танҳо қисме аз мушкилоти бонкҳоро ҳалл созад.

"Фикр мекунам, ҳоло куллияи маблағҳои воридшуда ба бонкҳо бояд ба сурати мақсаднок истифода шавад, то бо дарёфти фоида бонкҳо вазъи худро беҳбуд бахшанд. Барои ин кор назорат ё мониторинги маблағҳои истифодашуда дар бонкҳо зарур аст",-афзуд Меҳрубон Бурҳонов.

Дар ҷаласаи рӯзи чоршанбе Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон низ тақозо кард, ки куллияи тадбирҳои беҳбуди арсаи бонкдорӣ бояд дар зудтарин фурсат таҳия шавад. Зеро, ба гуфтаи вай, бӯҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон ду сол идома дорад ва таҳияи қонуни гарави амволи ғайриманқул нахустин иқдоми ҷиддӣ дар ин замина мебошад.

"Муассисаҳои молӣ ба кӯмаки изофӣ ниёз доранд"

Умед Давлатзода, коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон 17-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки танҳо бо таҳияи як қонуни нав наметавон беҳбуди арсаи бонкдории кишварро интизор шуд. Ба эътиқоди вай, ҳатто ихтисоси миллиардҳо сомонӣ аз будҷаи Тоҷикистон натавонист ин мушкилро рафъ созад. Вай бар ин назар аст, ки дар канори ислоҳи қонунгузории арсаи бонкдорӣ, муассисаҳои молии кишвар ба сармоягузории изофӣ низ ниёз доранд.

Тасвиби тарҳи нави қонуни гарави амволи ғайриманқул дар ҳоле сурат мегирад, ки чанде аз бонкҳои Тоҷикистон аз соли 2015 дар пайи коҳиши воридоти пули фиристодаи муҳоҷирон дучори мушкил гардида, дар пардохти амонати муштариёнашон оҷиз мондаанд.

Давлати Тоҷикистон аз бими норизоиятии мардум, ки дар "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" садҳо миллион сомонӣ пасандоз доранд, онҳоро аз вартаи муфлисӣ раҳонд, вале бонкҳои хурде ба мисли "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд.

Дар пай, бо тасмими ниҳодҳои қазоӣ, амволи ин ду бонк ба фурӯш гузошта шуданд. Аз ҷумла Додситонии кулли Тоҷикистон амволи “Тоҷпромбонк”-ро аз ҳабс озод кард ва ин амвол тариқи музояда (тендер) ба фурӯш гузошта шуд. Ин бонк, ки 74 миллион сомонӣ аз мардум ва беш аз 100 миллион сомонӣ аз Вазорати молия ва Бонки миллӣ қарздор аст, муфлис эълон шуд.

XS
SM
MD
LG