"ПриватБанк" давлатӣ шуд. Ба нафъу бар зарари кӣ?

Ҳукумати Украина эълон кард, ки бонки хусусии "ПриватБанк" пурра давлатӣ мешавад. Ин иқдом ба хотири ҷилавгирӣ аз фурӯпошии молии ин кишвари даргир дар бӯҳрони низомӣ ва сиёсӣ бо ҳамсояаш Русия гирифта мешавад.

Танҳо саҳмдорон ва фазои сармоягузории кишвар осеб мебинанд.
Игор Коломойский

Дар хабаре, ки дар саҳифаи расмии ҳукумати Украина нашр шудааст, кори бе танаффуси бонк ва ҳифзи амонатҳои муштариҳо замонат дода шудааст. Аз ин ба баъд соҳиби 100 дар садии саҳмияҳои бонк Вазорати молияи Украина мешавад.

Валерия Гонтарева, раиси бонки миллии Украина гуфт, ки дархости миллисозии бонк аз ҷониби саҳмдорони он расидааст ва аз 19 декабр марҳилаи гузариш дар ин бонк шурӯъ мешавад. Интизор меравад, раҳбарии бонкро вазири собиқи молияи кишвар Александр Шлапак ба ӯҳда гирад.

Валерия Гонтарева гуфт, вазъият таҳти назорат аст: "Шурӯъ аз рӯзи душанбе, 19 декабр Бонки Милии Украина “ПриватБанк”-ро бо пули нақд таъмин мекунад, то ки аз таваққуфи кори бонк дар баробари муштариёнаш ҷилавгирӣ шавад. Айни замон, бо назардошти ин ки бахши аъзами амонатҳо муддатҳо пеш дар ҳисобҳо ҷо шуда, ин бонк таҳти сарпарастии 100-фоизаи давлат гузаштааст, мо интизор надорем, ки қисми калони пулҳо аз бонк хориҷ шаванд ва талош мекунем, ки ин вазъият ба бозори пул ва ҳам сатҳи таваррум таъсир расонад”.

Петр Порошенко

Рӯзи 14 декабр бонк дар бораи як ҳамлаи иттилоотӣ хабар дод. Дар натиҷаи воҳимаи бархоста, муштариён барои бозпасгирии амонатҳои худ шитофтанд ва ҳар рӯз банкоматҳо то 2 миллиард гривен пулро ба муштариён медоданд. Олег Гороховский, муовини аввали ин бонк баъдан дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, "интиқоли мусолиматомези бонк ба ихтиёри давлат баъд аз он сурат гирифт, ки "ПриватБанк" ба хулосае омад, ба ҳамлаҳои иттилоотӣ тоб оварда наметавонад."

Мушкили молии ин бонки хусусӣ чанд сол пеш шурӯъ шуд. Соли 2015 бахше аз қарзҳояшро пардохт карда натавонист ва рейтинги молии ин сохтор ҳам поин рафт.

Игор Коломойский

"ПриватБанк" соли 1992 таъсис шуда, яке аз саҳмдоронаш олигарх Игор Коломойский буд, ки бо президент Петро Порошенко дучори мушкил шуд. Аз назари иқтидори молӣ ё активаш ин бонк аз муассисаҳои азимтарини молии Украина ба шумор мерафт. То 1 июл дороиҳои ин бонк тахминан 10 миллиард долларро ташкил медод. 40 дар сади муштариёни ин бонк сокинони Украина ҳастанд. Барои ҷилавгирӣ аз варшикастагии он ва ба хотири анҷоми корҳои миллисозии бонк то 4 миллиард доллар маблағ зарур мешавад.

Таҳлилгарони сиёсиву молӣ таъкид мекунанд, ки давлати Украина дар ҳифзи ин бонк манфиатдор аст, ба он хотир, ки суқути он метвонад боис ба эътирозҳои сартосарӣ ва ҳатто тағйири ҳукумат дар ин кишвар шавад. Миллисозии бонк дар пайи тавофуқ бо Коломойский ва як соҳиби бонуфузи дигари он – Геннадий Боголюбов имконпазир шуд. Боголюбов бахшҳои азими хусусӣ, аз ҷумла, матбуот, нафт ва маҳсулоти саноатиро зери назорат дорад, ҳарчанд баъд аз ин Коломойский ҳукуматро дар “ғасби бонк” айбдор кард.

Ӯ гуфт, муштариён набояд ба воҳима дода шаванд, чунки пулҳои онҳо аз даст намеравад. "Танҳо саҳмдорон ва фазои сармоягузории кишвар осеб мебинанд", - гуфтааст ӯ. Коломойский гуфтааст, дар давоми рӯзи 19 декабр мавқеи худро муфассалтар баён мекунад.

Коломойский, яке аз сарватмандтарин соҳибкорони украинӣ, муддати кӯтоҳе дар мақоми раиси вилояти Днепропетровск кор кардааст. Президент Петро Порошенко ӯро соли 2015 барои ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи худхонда ва талоши азхудкунии ширкати нафтӣ гунаҳкор кард.