Парлумони Тоҷикистон Барномаи дарёфти қарз аз хориҷ барои солҳои 2017-2019-ро қабул кард. Тибқи ин барнома, қарор аст Тоҷикистон дар се соли оянда аз хориҷ 916 миллион доллар қарз, дарёфт кунад.
Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр зимни муаррифии ин барнома дар парлумон гуфт, ки ин қарзҳо барои бахшҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, энержӣ, коммуникатсия, хоҷагии манзил, бахши идоракунии давлатӣ ва ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, истифода хоҳанд шуд.
Ҷаноби Қурбониён дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки азхудкунии маблағҳо дар соли 2016 дар ҳаҷми 241,21 млн. доллари ИМА, дар соли 2017 - 206,40 млн, дар соли 2018 203,48 млн ва дар соли 2019 - 265,71 млн, доллар дар назар гирифта шудааст.
Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, муддати пардохти ин қарзҳо аз 20 то 40 сол буда ва фоизи солонаи он аз 0,15 то 2 дарсадро ташкил медиҳад. Ҷаноби Қурбониён афзуд, ки 35 дарсади ин қарзҳо грант ва ё қарзи бебозгашт ба ҳисоб мераванд ва қарздиҳандаҳои аслии ин барнома Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёи Рушд, Бонки Исломӣ, Бонки таҷдиду тавсеаи Аврупо, Хазинаи Саудии Рушд ва бонкҳои Чин мебошанд.
Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми қарзи берунии Тоҷикистон 2 миллиарду 276 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин тақрибан ба 36 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.
Зимни баррасии ин масъала, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки дар доираи ин барнома, аз ин ба баъд ниҳодҳоди давлатӣ дигар наметавонанд ба таври худсарона аз хориҷ қарз бигиранд ва ин кор танҳо бо мувофиқати ҳукумат сурат мегирад. Ба гуфтаи вазири молия, ҳукумати Тоҷикистон ҳаққ дорад то ба андозаи 40 дарсади Маҷмӯаи маҳсулоти дохилии кишвар, аз хориҷ қарз дарёфт кунад.
Вазири молияи Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки аз соли 2017 пардохти қарзҳои давлатии Тоҷикистон оғоз мешавад ва ин маблағи зиёдро талаб мекунад, ки дар ҳолати напардохтан, давлат муфлис эълон мешавад.