Ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, ки маҷмӯи қарзҳояш дар соли ҷорӣ ба марзи 12 миллиард сомонӣ наздик шудааст. Номгӯи идоарҳое, ки "Барқи тоҷик" аз онҳо қарздор аст, низ хеле зиёд буда, аз Вазорати молия, нерӯгоҳҳои "Сангтуда 1" ва "Сангтӯда 2" то "Ориёнбонк"-ро дар бар мегирад.
Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, дар посух ба суоли хабарнигорон дар робита ба қарзи ин ширкат дар назди нерӯгоҳҳои "Сангтӯда 1" ва "Сангтӯда 2" гуфт, то моҳи июли соли равон қарзи ширкат дар назди ин ду нерӯгоҳ беш аз 1 миллиард сомониро ташкил мекунад. Ба гуфтаи Исмоилзода, барои пардохти қарзҳо ҷадвал тартиб дода шуда ва мувофиқи он имсол ба “Сангтӯда-1” 103 миллион ва ба “Сангтӯда-2” 32 миллион сомонӣ додаанд.
Масъулони “Барқи тоҷик” мегӯянд, ба ҷуз аз қарзи ширкати эронии "Сангоб", ки нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”-ро бунёд кардааст, “муҳлати пардохти аксарияти қарзҳо хеле тӯлонӣ, яъне то 25 сол аст”.
Аммо қарзҳои ширкати “Барқи тоҷик” танҳо бо ду нерӯгоҳ анҷом намешаванд. "Барқи тоҷик", инчунин, аз Вазорати молия наздик ба 10 миллиард сомонӣ қарздор аст. Аксарияти ин маблағҳоро Вазорати молия ба навбати худ аз бонкҳои Чин қарз гирифтааст ва тибқи ҷадвали қаблан тарҳрезишуда, бояд пардохт шаванд. "Ориёнбонк" ҳам аз қарздиҳандагони бузурги “Барқи тоҷик” ба шумор меравад. Ҳарчанд масъулони “Барқи тоҷик” баҳраи бонкӣ ва ё фоизи ин қарзҳоро ошкор намекунанд, аммо ҳоло қарзи ин ширкати давлатӣ дар назди бонки хусусӣ ба 1 миллиарду 246 миллион сомонӣ расидааст.
Тоҷикистон аз кишварҳои болооби минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки дар сурати бунёди нерӯгоҳҳои бузургаш метавонад ба як давлати содиркунандаи нерӯи барқ табдил ёбад. Аммо он чи Тоҷикистон барои татбиқи ин надорад, сармояи хориҷӣ аст. Аз сӯи дигар, бисёре аз коршиносон бо ишора ба ин ҳақиқат, ки Эрону Русия соҳибони феълии “Сангтӯда-1” ва "Сангтӯда 2" наметавонанд пули барқи истифодашударо аз Тоҷикистон бирӯёнанд, мегӯянд, сармоягузорони дигар дар робита ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон эҳтиёт мекунанд.
Зафар Абдуллоев, коршиноси маркази таҳлилии “Контент”, мегӯяд, чунин бархӯрди ширкати “Барқи тоҷик” бо сармоягузорони хориҷӣ обрӯи кишварро аз байн мебарад. “Изҳороти охири ширкати “Барқи тоҷик”-ро дар чунин сатҳ ман як шармандагӣ медонам. Чунки ин ноӯҳдабароии ширкат ва худи ҳукуматро дар назди сармоягузорони хориҷӣ ба намоиш гузошт. Ҳеҷ зарурат барои тамдиди муҳлати қарз вуҷуд надорад. Ба ҷои ин, дурустӣ ва самаранокии кори роҳбарони "Барқи тоҷик" бояд аз сӯи мақомоти қудратӣ санҷида шавад,” - гуфт Зафар Абдуллоев.
Абдуллоев афзуд, кори ҳамаи роҳбарони ширкати “Барқи тоҷик” баъд аз раиси пешини он Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов натанҳо босамар набуд, балки ниёз ба санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дорад. Ӯ мегӯяд, ҳайрон аст, ки чӣ гуна “Барқи тоҷик” мардумро дар напардохтани пули барқ муттаҳам мекунад ва мегӯяд, ки аҳолӣ аз ин ширкат 621 миллион сомонӣ қарздор аст:
Ширкати “Барқи тоҷик” ба ҷуз аз дохили кишвар дар фасли тобистон ба Афғонистон ҳам барқ мефӯрушад. Дар ним соли равон ширкат ба Афғонистон 581 миллион/киловатт соат барқ фурӯхта аз ин ҳисоб беш аз 22 миллион долар ба даст овардааст.
Аммо дар фасли сармо “Барқи тоҷик” дар минтақаҳои рустонишин лимит барқро ҷорӣ мекунад ва сокинон дар як шабонарӯз аз 8 то 14 соат барқ дарёфт мекунанд. Ҳал нашудани мушкили камбуди барқ дар фасли сарморо сокинони кишвар аз яке аз камбудиҳои аслии Ҳукумати феълӣ медонад.