Бозгашт ба СССР? Даъвои вакилон бо Горбачёв

Гурӯҳе аз намояндагони Думаи давлатии Русия аз додситонии кулли ин кишвар хостаанд, онҳоеро, ки давлати Шӯравиро барҳам доданд, ба муҷозот кашонанд.
Ба навиштаи онҳо, Михаил Горбачёв - раҳбари ахири Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷумлаи гунаҳгорон аст. Онҳо иддао кардаанд, ки бо вуҷуди натиҷаҳои раъйпурсии 17 марти соли 1991 дар бораи ҳифзи Шӯравӣ, тасмимҳои нодурусти раҳбарони вақти СССР ин империяро аз байн бурдааст. Даъвати намояндагони Думаи давлатӣ дар бораи муҷозоти заминасозони фурӯпошии Шӯравӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки минтақаи Қрими Украина ахиран ба тасарруфи Русия даромад ва эҳтимоле ҳаст, ки шояд дар оянда ҳамин гуна бархӯрдро Русия нисбат ба баъзе минтақаҳои дигари қаламрави Шӯравии пешин ҳам раво бинад.

Дар мусоҳибае аз Алексей Малашенко – аз раҳбарони барномаҳои Маркази Дейл Карнегӣ дар Маскав пурсидем, чунин дархости намояндагони Дума аз куҷо сарчашма мегирад, шояд ин ақидаро аз ҷое ба гӯши онҳо расондаанд?

Малашенко: Ин аз гуфтаи Путин сарчашма мегирад. Вай чанд сол пеш гуфта буд, ки фурӯпошии Шӯравӣ фоҷеа буд. Ин аз ҳамон гуфта сарчашма мегирад. Агар мушоҳида карда бошед, мо баъзе омилҳои расмӣ ва ғайрирасмии “советизатсия”-ро эҳсос мекунем. Масалан, ИТАР-ТАСС боз ба ТАСС табдили ном кард. Номи ВДНХ-ро дубора зинда карданд. Корҳои дигар ҳам барои эҳёи рамзҳои Шӯравӣ анҷом мегирад. Барои ҳамин онҳое, ки ин дархостро матраҳ карданд, дархосташон як худнамоист. Мо агар ҳоло ба наворҳои телевизионӣ аз Украина нигоҳ кунем, дар дасти мардум ҳам парчамҳои Русияро мебинем, ҳам парчамҳои Шӯравиро. Он намояндагони Думаи давлатӣ, ки чунин дархостҳоро матраҳ мекунанд, мехоҳанд барои худ хол бигиранд, соҳиби эътибор шаванд. Онҳо ба ҳамин минвол метавонанд бар зидди Ленин низ ба додситонӣ шикоят бибаранд, чунки вай давлати Русияро барҳам дод ва ҳатто сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Вале дар шароити имрӯза ин пешниҳоди онҳо дар ҷомеа баъзе ҳомиён пайдо мекунад.

Озодӣ: Оё ин наметавонад ишорае аз ягон гӯшаи сохторҳои давлатии Русия бошад, ки Шӯравии пешин дар шакли дигаре бояд барқарор шавад?

Алексей Малашенко

Малашенко: Барқарор кардани СССР, яъне “Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ” дигар имкон надорад. Ба он сабаб ки бозгашт ба идеология ва амали коммунистӣ дигар имкон надорад. Ҳоло синфи ҳукмрони мо синфи комилан сармоядор аст. Онҳо ҳеҷ гоҳ аз сармояе, ки баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ҷамъ кардаанд, даст нахоҳанд кашид. Нухбагони мо ононе ҳастанд, ки мақомҳои аслиро дар давлат ишғол мекунанд ва онҳо миллионер ва ё миллиардер мебошанд ва ё фарзандони онҳо чунинанд. Барои ҳамин, бозгашт ба Шӯравии пешин барои он имкон надорад, ки онҳо аз дороии худ даст намекашанд, зеро бозгашти воқеӣ ба давраи Шӯравӣ боз як инқилоби дигари бузурги сотсиалистиро мехоҳад, инқилоби дуввумро. Ин чунин маънӣ дорад: Ҳамаи дороие, ки онҳо доранд, бояд аз онҳо гирифта шавад.

Озодӣ: Фикр намекунед, ки баъд аз тасарруфи Қрим Русия дар вазъи муносибе қарор надорад ва ба ин васила мехоҳад бигӯяд, ки барои баргардонидани баъзе минтақаҳо дар қаламрави Шӯравии пешин ҳақ дорад?

Малашенко:
Дар бораи кадом минтақаҳо сӯҳбат метавонад матраҳ шавад? Дар бораи вилоятҳои ҷануб ва шарқи Украина? Ман фикр мекунам, ки ин кор хеле хатарнок аст ва хеле гарон тамом мешавад. Боз кадом минтақаҳо ҳастанд? Шояд фақат Приднестровйе, ҳамон минтақаи хурди Модова аст, дигар минтақае нест. Сӯҳбат наметавонад дар бораи муттаҳид шудан бо Қазоқистон дар миён бошад. Ин аблаҳист. Ҳатто “батка” Лукашенка намехоҳад таҳти чунин шароите муттаҳид шавад.

Таърихча
СССР - Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ - дар сарзаминҳои собиқ Руссияи подшоҳӣ аз сӯи ҳукумати коммунистии Владимир Ленин дар соли 1922 таъсис ёфт. Ин кишвар қабл аз суқуташ 15 ҷумҳуриро муттаҳид мекард. Дар поёни соли 1991 раҳбарони вақти Русияву Украина ва Беларус Борис Елтсин, Леонид Кравчук ва Станислав Шушкевич - дар пайи як нишаст дар ҷангали Беловежская Пуша дар Беларус ин кишварро барҳам доданд. Дар натиҷаи 15 ҷумҳурии узви ин Иттифоқ, аз ҷумла Тоҷикистон, соҳиби истиқлол шуд.