“Ислоҳталаби навбатӣ”. Аз президенти Эрон чиро бояд интизор шуд?

Масъуд Пизишкиён президенти Эрон интихоб шуд

Интихобот дар Эрон на озод ва на одилона буд, вале бо ин вуҷуд натиҷааш ғайримунтазира гардид. Интихоби ягона номзади ислоҳталаб, Масъуд Пизишкиён, ба мақоми президентӣ яке аз ҳамин натиҷаҳои ногаҳонӣ гардид.

Дар даври дуюм ва ниҳоии овоздиҳии 5-уми июл Пизишкиён рақиби муҳофизакораш Саид Ҷалилиро шикаст дод. Ба тарафдории ӯ 16,3 миллион шаҳрванди қобили раъй овоз дод ва дар интихобот беш аз 49 дарсад сокинон ширкат карданд.

Санам Вакил, таҳлилгари масоили Эрону Ховари Миёна дар Маркази таҳлилии "Чатҳам Ҳауз"-и Лондон гуфт, “ғалабаи Пизишкиён комилан ногаҳонӣ шуд; ӯ дар тамоми ҷараёни овоздиҳӣ воқеан ҳам як номзади ғайримунтазира буд.”

Ӯ гуфт, дар дохили Эрон намояндагони элитаи сиёсӣ ва ҳам бисёр сокинон пешбинӣ мекарданд, ки барандаи асосии интихобот раҳбари муҳофизакори порлумон Муҳаммад Боқири Қолибоф мешавад, вале ӯ ҳатто ба даври дуюми интихобот роҳ наёфт.

Дар миёни тими Масъуд Пизишкиён ҳам айни чунин андеша вуҷуд дошт. Масалан Муҳаммад Ризоӣ, собиқ вакили маҷлиси Эрон, ки барои Пизишкиён дар вилояти Курдистон таблиғ мекард, гуфт, худи ӯ ҳатто бовар надошт, ки барои ширкат дар интихобот роҳ дода мешавад.

Санам Вакил гуфт, “ба бовари ман, мақомот дар фикри танзими интихобот шуда, як намояндаи ислоҳталабро барои намоиши рақобат ба интихобот роҳ доданд, онгуна, ки соли 2021 Абдулносир Ҳимматиро номзад карданд, вале дар ҷараёни интихобот онҳо назоратро аз даст доданд ва шахсе мисли Пизишкиён баранда шуд,” гуфт Вакил дар сӯҳбат бо Радио Фардо.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Интизориҳо аз пирӯзии Масъуди Пизишкиён дар интихоботи президентии Эрон

Дар даври аввали овоздиҳӣ 39,9 дарсад ё шумори рекордии ками овоздиҳандагон иштирок карданд ва Пизишкиён тавонист аз ҳисоби ихтилоф дар миёни номзадҳои муҳофизакор бурд карда пеш гузарад. Ҷалилӣ ва Қолибоф барои тарки сабқат ба манфиати ҳамдигар ба созиш нарасиданд. Дар даври дуюми интихобот Пизишкиён аз роҳи ҳушдори овоздиҳандагон дар бораи паёмади ғалабаи номзади муҳофизакори мисли Ҷалилӣ бурд кард, вале таҳлилгарон мегӯянд, ин танҳо сабаби барандагии ӯ нест.

Фарзон Собит, як таҳлилгар дар Муассисаи олии Женева Пизишкиёнро чун як “ислоҳотталаби муҳофизакор” сифат дод, чун “ваъдаҳои калон дар заминаи ислоҳоту тағйирот надод” ва тавонист таваҷҷӯҳро аз муҳофизакорони суннатӣ ба самти худ бикашад, чун Ҷалилӣ ҳам бо дидгоҳҳои сахтгиронааш маъруф аст.

Бидуни ҳеҷ тағйироти ҷиддӣ

Пизишкиён дар ҳоле сари қудрат меояд, ки ҷомеаи Эрон бо мушкилоти ҷиддии иқтисодиву таҳримҳо дастбагиребон мебошад ва мардум омода аст дар сурати поймол шудани озодиҳояш ба хиёбонҳо барояд.

Вале сиёсати ниҳоиро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон раҳбари олии он – Оятулло Алии Хоманаӣ таъин мекунад ва дар ҳама масъалаҳо ҳарфи ниҳоиро ӯ мезанад.

Дар салоҳиятҳои президенти Эрон раҳбарии Шӯрои олии миллии амният мебошад, вале ин ҷо ҳам ӯ фақат як овоз дорад. Яъне президент ҳарчанд барои гуфтани ҳарфаш ҳақ дорад, нуфузи ӯ маҳдуд аст.

Собит гуфт, феълан чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки Пизишкиён “як президенти заъиф ва гапгир мешавад ё ҳадди аққал ба сиёсатҳои таъинкардаи раҳбари олӣ сахт пойбанд хоҳад буд.”

Худи Пизишкиён ҳам ҳадду ҳудуди қудрати президентиро хуб дарк мекунад ва ин чиз дар маъракаи таблиғоти президентии ӯ ҳам мушоҳида шуд. Санам Вакил мегӯяд, Пизишкиён “як ислоҳталаби содиқ аст, ки ба раҳбари олӣ гузориш медиҳад.”

Айни замон, ба бовари Вакил, ҳамин “созгору гапгир” будани Пизишкиён метавонад ба манфиати ӯ кор кунад ва агар раҳбарияти олӣ дар фикри бекор кардани таҳримҳову рушди иқтисод бошад, дар муомила бо Ғарб имкон медиҳад як андоза озод бошад.

Дар гузашта Эрон як президенти ислоҳталаб дошт: Муҳаммад Хотамӣ, ки Пизишкиён дар ҳукумати ӯ вазири беҳдошт будааст.

Собит мегӯяд, Пизишкиён ба фарқ аз дигар ислоҳталабон бештар дидгоҳҳои муҳофизакорона дорад, аз ин рӯ набояд интизор шуд, ки бо сари кор омадани ӯ дар сиёсатҳои давлат кадом ислоҳоти ҷиддие роҳандозӣ шавад. Ӯ тахмин кард, ки ба ҳукумати ӯ ҳам ислоҳталабон ва ҳам намояндагони нерӯҳои мӯътадил, вале ҳамчунин муҳофизакорон шомил хоҳанд шуд ва ин чиз ба ӯ барои кор бо порлумон, ки баъди моҳи март шумори аъзои муҳофизакораш бештар шудааст, кӯмак хоҳад кард.

Аз ин рӯ, ҳарчанд тағйироти ҷиддие пешбинӣ намешавад, шеваи пешбурди кор боз ҳам метавонад ба сиёсати дохилӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисод таъсиргузор шавад.

Вориси Хоманеӣ

Як далели ин ки дар оғоз Қолибоф чун номзади калидии интихоботӣ арзёбӣ мешуд, ин аст, ки таҷрибаи кориаш дар раҳбарияти муҳофизакори Эрон, иртиботаш бо Сипоҳи посдорони инқилоб ва дидгоҳҳои муҳофизакоронааш ӯро барои мақоми президентӣ ва ҳам интиқоли нармаш ба вазифаи раҳбари олии Эрон дар сурати даргузашти Хоманаӣ як номзади муносиб муаррифӣ мекард.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбарии рӯҳонии Эрон

Пизишкиён – собиқ вазири беҳдошт бо таҷрибаи бисёрсолаи кораш дар порлумон ҳанӯз ҳам барои бисёриҳо аз назари мувофиқаташ ба мақоми раҳбари олӣ шубҳаовар аст.

Собит гуфт, “Пизишкиён дар асл номзади ислоҳотталаби раддаи дуюм аст”, ҳарчанд ҳоло шанс дорад, ки дар мақоми раҳбарии кишвар таҷрибаи хубе андӯзад.

Интихоботи президентӣ дар Эрон, пас аз марги Иброҳим Раисӣ, президенти вақти ин кишвар дар садамаи чархбол, пеш аз мӯҳлат баргузор шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистон - Эрон. Муносибат баъд аз марги Раисӣ чӣ гуна хоҳад шуд?