Набила Массалӣ, сухангӯӣ сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар як изҳорот дар шабакаи Х навишт: “Мо натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар Эронро ба инобат мегирем ва Эрону президенти интихобшуда Масъуди Пизишкиёнро табрик мегӯем”.
Ӯ дар идома навишт: “Мо омода ҳастем бо ҳукумати нав мутобиқ бо сиёсати мушорикати муҳими Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ бикунем”.
Пизишкиён ба “равобити созгор” бо давлатҳои ғарбӣ ва азсаргирии музокираҳои ҳастаии соли 2015-и миёни Эрону далватҳои ғарбӣ даъват кардааст.