Раёсати муасисаҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, Фирӯз Холиқзода ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки рӯзи 28 сентябр дар назди меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ" дар маркази пойтахт бо “Мерседес”-и худ Зеварбону Пироваи 53-соларо пахш карда, боиси ҳалокати ӯ шуд, дар чаҳорчӯби қонуни афв аз боздоштгоҳ раҳо шудааст.
Як манбаъ аз Кумиссиюни иҷрои қонуни афви раёсати муасисаҳои ислоҳии вазорати адлия рӯзи 5 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нимаи дуввуми рӯзи 4 ноябр Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз боздоштгоҳ раҳо раҳо шуд ва додгоҳи Синои пойтахт идомаи баррасии парвандаи ӯро қатъ кард.
Ҳамин тавр, ёвари додситони ноҳияи Исмоили пас аз чизе бештар аз як моҳи боздошт раҳо шуд.
Наздикони Зеварбону Пироваи 53-сола низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ раҳоии ёвари додситонии Исмоили Сомониро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки дар додгоҳи Сино ба онҳо гуфтаанд, ки метавонанд пас аз 10 рӯз ба додгоҳи дигар аз ин қарор шикоят баранд.
Мирзо Муродов, шавҳари Зеварбону гуфт, наздикони Фирӯз Холиқзода рӯзи ҷумъаи гузашта барои бахшиши гуноҳи фарзандашон як гӯсфанду анвои дигари хӯрока оварданд, вале онҳо ҳамаро дубора пас гардондаанд. Мирзо Муродов меафзояд, афв шудани корманди додситонӣ, ки дар ҳалокати як инсон гунаҳкор мешуд, нобахшиданӣ аст ва онҳо ҳатман аз қарори афви ӯ ба додгоҳ шикоят мебаранд.
Ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фирӯз Холиқзода ба он айбдор мешуд, ки соати чори субҳи 28 сентябр дар назди меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ" дар маркази пойтахт бо “Мерседес”-и худ роҳрӯб Зеварбону Пироваи 53-соларо пахш кардааст.
Фирӯз Холиқзода 31 сол дошта, писари декани собиқи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ Кароматуллоҳ Холиқов мебошад. Профессор Холиқов ду сол пеш вафот карда буд.