ADB аз Тоҷикистон даъват кард, ки қимати барқро боло барад

Си Си Ю, намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон.

Бонки Осиёи Рушд аз Ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки арзиши нерӯи барқро бозбинӣ карда, барои бархе аз гурӯҳҳо қимати онро боло бубарад. Ин яке аз 13 шарти Бонки Осиёи Рушд дар назди Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар сурати иҷро шудан, ин бонк 50 миллион доллар маблағро ҳамчун кӯмак ба будҷаи кишвар пешниҳод мекунад.

Си Си Ю, роҳбари дафтари намояндагии Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, ироаи барномаи кӯмак ба будҷа дар соли 2016 панҷоҳ миллион долларро ташкил мекунад, аммо ба хотири пурра иҷро нашудани ҳамаи шартҳои тақдими пул, ҳанӯз ба

Бонки Осиёи Рушд аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки арзиши нерӯи барқро бозбинӣ карда, барои бархе аз гурӯҳҳо қимати онро боло бубарад.

Тоҷикистон ин маблағ дода нашудааст: "Дар сурати пурра иҷро шудани ин шартҳо, мо умедворем, ки дар семоҳаи аввали имсол ин маблағро ба Тоҷикистон бидиҳем.”

Вай гуфт, яке аз шартҳои ин кӯмак бозбинӣ шудани нархи нерӯи барқ аст, ки ҳоло барои бархе аз муштариён назар ба нархи истеҳсолаш арзонтар фурӯхта мешавад. “Нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ ва пойгоҳҳои обкашонӣ аз арзиши истеҳсоли нерӯи барқ арзонтар аст. Аммо қимати барқ барои бахши хусусӣ ва корхонаҳо хеле гарон аст ва аз ин ҳисоб хароҷоти истеҳсоли нерӯи барқ ҷуброн карда мешавад. Аммо ин барои рушди бахши хусусӣ мусоидат намекунад”,- гуфт Си Си Ю.

Ширкати "Барқи тоҷик"

Нархи як киловатт/соат нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба муштариён дар ҳудуди 2,55 то 88 дирам ба муштариён фурӯхта мешавад. Агар қимати нерӯи барқ барои гарм кардани об ва хонаҳои хусуӣ 88,30 дирам бошад, пас қиммати он барои пойгоҳҳои обкашонӣ ҳамагӣ 2,55 дирам аст. Ба ин тартиб, нархи гарони нерӯи барқ барои бархе аз муштариён қимати арзони онро барои муштариёни имтиёздор ҷуброн мекунад.

Пешниҳоди Бонк Осиёи Рушд аз он иборат аст, ки нархи нерӯи барқ барои корхонаҳои хусусӣ ва соҳибкорон поин бурда шуда, барои пойгоҳҳои обкашонӣ гаронтар шавад. Аммо Си Си Ю, роҳбари дафтари Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон мегӯяд, ба ин таҷриба -- “кӯмаки як соҳа ба соҳаи дигар (кроссубсидировние) хотима бояд гузошт”.

Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ба ин пешниҳод розӣ шудааст ва ҳоло дар садади бозбинӣ кардани нархи нерӯи барқ аст. Агар ин пешниҳоди Бонки Осиёи Рушд амалӣ шавад, дар панҷ моҳи охир ин барои бори дуввум мешавад, ки нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло меравад.

Дар ҳоле, ки бархе аз тақозои боло бурдани қимати истифодаи барқ барои аҳолӣ хушҳол нестанду мегӯянд, ин масъала метавонад мояи норизоияти иҷтимоӣ шавад, коршиносон мегӯянд, ки дар оянда бо шурӯи кори нерӯгоҳи барқи обии Роғун, шиддати камбуди барқ ва ҳам баландии нархи он метавонад коҳиш ёбад. Дар соли 2015 қарзи барқи истифодашудаи аҳолӣ ва корхонаҳо дар баробари "Барқи тоҷик" 504 миллион сомониро ташкил медод.

Сарбори ин гароншавиро дар Тоҷикистон нахустин шуда деҳқонон эҳсос хоҳанд кард, ки заминҳои полезиашон тариқи пойгоҳҳои обкашонӣ шодоб мешавад. Чунки нархи нерӯи барқ барои пойгоҳҳои обкашонӣ дар Тоҷикистон аз ҳама арзонтарин аст.

Ҳомид Ҳасанзода, муовини муовини Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар ин робита ба Радиои Озодӣ рӯзи 23-уми январ гуфт: “Пойгоҳҳои обкашонӣ аз оғози моҳи апрел то 30-уми сентябр бо нархи имтиёзӣ барқ мегиранд, 2,55 дирам аст. Дар фасли зимистон нарх 9,5 дирам аст. Ҳоло нарх тағйир наёфтааст, аммо агар Ҳукумат қарор кунад, мумкин аст то 5,1 дирам гарон шавад”.

Зимнан, пойгоҳҳои обкашонӣ дар Тоҷикистон беш аз ҳама аз ҳаққи барқ қарздоранд. Қарзи пойгоҳҳои обкашонии ин оҷонсӣ дар назди “Барқи тоҷик” наздик ба 80 миллион сомонӣ аст ва маълум нест, дар сурати боло рафтани барқ, деҳқонон имкони пардохти ҳаққи онро пайдо хоҳанд кард ва ё на?

Ҳукумати Тоҷикистон сар аз 1-уми ноябри соли равон нархи нерӯи барқро аз 12,6 қаблӣ то ба 14,65 дирам барои як киловатт/соат боло бурд. Зимнан ин афзоиш низ бо талаби созмони дигари байналмиллалӣ Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифта буд. Созмонҳои байналмилалӣ доим аз Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири “тақвият додани бахши энергетика”, боло бурдани қиммати нерӯи барқ тақозо мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири дастгирии оилаҳои камбизоат дар пардохти ҳаққи нерӯи барқ дар 25 шаҳру ноҳия ба оилаҳои камбизот то 250 киловатт/сост нерӯи барқ ройгон медиҳад. Пули барқи ин қабил оилаҳоро ҷамоатҳо ба ширкати “Барқи тоҷик” пардохт мекунанд.