«Алайҳи Зайд Саидов ва писараш парванда боз накардаем»

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон.

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боз шудани парванда ва тафтишот алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон ва ҳам писари ӯ – Хайрулло Саидовро рад кард.
Фаттоҳ Саидов, сарвари ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, ду ширкати ҳамкори «Тоҷ-сохтмон байнулмилал» - «Таврида» ва «Оффис – маркет» ҳангоми сохтмони «Душанбе – Плаза» ба маблағи 4 миллиону 87 ҳазор сомонӣ андозро пинҳон кардаанд ва то ба ҳол аз ин маблағ 2 миллиону 452 ҳазору 700 сомонӣ барқарор шудааст.

Вай афзуд, дар гузашта аз сӯи мутахассисони ниҳодҳои молиявӣ дар корҳои сохтмонии боз ҳам «Душанбе – Плаза» аз сӯи ширкати «Тоҷ-сохтмон байнулмилал» ошкор шуда, ин маблағ низ пурра барқарор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Хайруллоҳ Саидов, ки муассиси «Тоҷ-сохтмон байнулмилал» ба шумор меравад, низ рӯзи 14-уми май дар суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар нисбати ӯ ҳеҷ парванда боз нашуда ва ё тафтишоте сурат нагирифтааст.

Ин ҳама дар ҳолест ки рӯйдодҳои охир дар атрофи соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов гумонҳои аввалияро, ки ҳизби Тоҷикистони нави ӯ шояд “тарҳи интихоботии ҳукумат” бошад, заиф кардааст.

Бисёриҳо интизор буданд, ки зуду бемониат ё бо мушкил ва кашолкорӣ сабти ном шудани ҳизби нав ё умуман номнавис нашудани он маълум хоҳад кард,ки оё ҳукумат бозиеро пеш андохтааст ё дарвоқеъ гурӯҳе аз соҳибкорону рӯшанфикрон дар қасди тозатар кардани фазои сиёсии кишвар шудаанд. Бахше аз нозирони сиёсӣ мегӯянд, бояд дид, ки ин фароянд то куҷо хоҳад рафт ва чӣ андоза ҷиддӣ хоҳад шуд.

Бо вуҷуди ин, боз шудани ду парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳомоти начандон сангин, мавриди бозпурсӣ ва кофтукоб қарор гирифтани наздикону манзили Саидов аз нигоҳи бархе коршиносон ҳамоно давраи дигари «сенарияи» ба саҳна овардани ҳизби ӯ «Тоҷикистони нав» ҳамчун мухолифи "ҷайбӣ"-и ҳукумат арзёбӣ мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фарзияҳои таҳаввулот дар атрофи Зайд Саидов


Исмоил Раҳматов, устоди сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мегӯяд, ҳолу ҳавое, ки сари ин ҳизб таҳти сарварии собиқ вазири саноат ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар эҷод шудааст, заррае ҳам эътимод ба самимияти дастандаркоронашро ба вуҷуд намеорад: «Ин як тактика аст. Хоҳ тактикаи ҳукумат аст ва хоҳ худи Зайд Саидов бошад, мо хоҳем дид, ки дар охир онҳо ҳама ба ҳам меоянд. Ин ҳизб мегӯяд, ки ҳадафи ширкат дар интихоботи президентиро надорад. Аммо кадом ҳизб дар соли интихобот ташкил мешаваду боз мегӯяд, ки дар он иштирок нахоҳад кард? Аз ҳамин хотир, ман ба барномаи ин ҳизб ва ин, ки ин корро мекунему он корро мегӯянд, шахсан бовар надорам.»

Рӯзҳои 10 ва 11 май Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ширкати «Тоҷиксохтмон Байналмилал»-ро, ки Зайд Саидов аз моликонаш номбар мешавад, ба изофанависӣ ва додситонии шаҳри Душанбе ба серзанагӣ муттаҳам мекунанд. Илова бар ин, саҳнаи дигари фаъолияти Зайд Саидов - Шӯрои ҳамоҳангсози анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон –рӯзи 13 май дар ғайби ӯ, замони дар сафари хориҷӣ буданаш баста мешавад.


Парвиз Муллоҷонов

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, дар фазои собиқ шӯравӣ ташкили як парванда алайҳи ҳар як соҳибкор ва бахусус, собиқ вазиру кабирон, ба истилоҳ, ёфтани ҳосили ду карат ду аст. Вай афзуд: «Ростӣ, дар оғоз шахсан ман ҳам бар ин бовар будам, ки ин як ҳизби «кисагӣ» аст. Ҳоло маълум мешавад, ки коршиносони таҳти назорати ӯ дар баррасии вазъ иштибоҳ кардаанд. Ояндаи Саидов барои ман рӯшан нест. Аммо ин имкон вуҷуд дорад, ки ҳизби ӯ сабти ном шавад. Бахусус агар исбот карда тавонад, ки ягон кишвар ё абарқудрати хориҷӣ дар пасаш нест. Он замон тамоми иттиҳомотро алайҳи ӯ бекор мекунанд. Аммо ҳоло чизе гуфта намешавад, зеро иттилои кофӣ дар дасти мо нест. Шояд дар «боло»-ҳо иттилоъ дигар аст.»

Дар ҳамин ҳол, иддае дигар аз коршиносон ба инанд, ки дар дохил ва ё хориҷи Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов воқеан тарҳи дигаре вуҷуд дорад ва ҳадафи он нафақат аз саҳнаи тиҷорату иқтисод дур кардани ӯст.


Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо, сарвари маркази таҳлилии «Бозтоб» мегӯяд, ба гумони ғолиб, ин ҷо гурӯҳҳое дар дохилу хориҷи Тоҷикистон бо назардошти манофеъ ва аҳдофи моливу сиёсии худ фазоеро мехоҳанд ба вуҷуд оранд, ки бо истифода аз шахсияти Зайд Саидов вазъи сиёсиро ба ҳам зананд: «Ман имрӯз бо чанд соҳибкор сӯҳбат кардам, ки хеле рӯҳафтода ва норозӣ буданд. Дувум, сарусадоҳо дар бораи эҳтимоли ғасби моликияти Зайд Саидов ҳам вуҷуд дорад, аммо ин хеле баъид аст, зеро тамоми ширкатҳои ӯ дар ҳамдастӣ бо сармоягузорон аз кишварҳои ИДМ(СНГ), бахусус Русия фаъолият мекунанд. Ҳоло ки муносибатҳо бо Русия хуб нестанд, чунин иқдом, яъне ғасби моликият натиҷаи хуб нахоҳад дод. Тоҷикистон ё ҳар гурӯҳи қавии молӣ дар чунин лаҳзаҳо, фикр накунам ки бо Русия сар ба сар шуданӣ бошад.»

Аммо Раҷаби Мирзо инро ҳам истисно намедонад, ки шояд чунин гурӯҳҳо вуҷуд доранд ва ҳамоно ҳадафи аслии худ аз эҷоди ноамнӣ - бардоштани сӯди молиро пиёда мекунанд. Аммо таври маълум, ҳама гуна дастдарозии давлат ба моликияти соҳибкор паёми баде ба ҳамаи сармоягузорони хориҷист ва фазои сармоягузориро дар кишвар ба маротиб бадтар хоҳад кард.

Бо ин вуҷуд, коршиносон мегӯянд, ҷомиа ва расонаҳои даврӣ танҳо бо зоҳири қазия ошноӣ доранд ва аз моҳияти иқдомоту тасмимгириҳо огоҳ нестанд ва азми Зайд Саидов барои ташкили як ҳизбро бо назардошти воқеиятҳои Тоҷикистон дур аз мантиқ меҳисобанд. Онҳо Ҳизби тараққиёти Султон Қувватов, Ҳизби мероси миллии Диловаршоҳ Ҷӯраев, Ҳизби ваҳдати Ҳикматуллоҳ Саидов, Ҳизби ҷавонони Иззат Амон, Ҳизби аграрии Ҳикматуллоҳ Насриддинов ва созмонҳои сиёсие, назири Ҷунбиши миллӣ ва «Қадам ба қадам»-ро, ки ҳеҷ кадомаш натавонист худро сабти ном кунад, мисол меоранд. Ва ҳамчунин ба аҳзоби назири аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ ишора мекунанд, ки дар як мӯҳлати кӯтоҳ, вале дар баҳои лақаби “ҳизби кисагӣ”-и ҳукумат, зуд сабти ном шуданд.